Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД?

Китоби Муқаддас новобаста ба зиддият то замони мо расид

Китоби Муқаддас новобаста ба зиддият то замони мо расид

ХАТАР: Бисёр сиёсатмадорон ва пешвоёни дин мехостанд Китоби Муқаддасро нобуд созанд. Аксар вақт онҳо аз ҳокимияти худ истифода бурда, иҷозат намедоданд, ки одамон Китоби Муқаддас дошта бошанд ё онро тарҷума ва чоп кунанд. Ду мисол меорем:

  • Солҳои 167-уми пеш аз милод: Шоҳ Антиохи Эпифан мехост, ки яҳудиён дини юнониро қабул кунанд, бинобар ин фармон дод, ки ҳамаи нусхаҳои Навиштаҳои Ибронӣ нест карда шаванд. Таърихшинос Ҳенрих Гретс мегӯяд: «Намояндагони шоҳ дар ҳар ҷое, ки дастнависҳои Шариатро меёфтанд, дарронда месӯзонданд. Инчунин онҳоеро, ки Навиштаҳои Муқаддасро хонда қувват ва тасаллӣ мегирифтанд, мекуштанд».

  • Асрҳои миёна: Баъзе пешвоёни калисои католикӣ ба ғазаб меомаданд, ки одамони одӣ таълимоти калисоро неву таълимоти Китоби Муқаддасро мавъиза мекунанд. Бинобар ин калисо онҳоеро, ки рӯҳонӣ набуданду ба забони лотинӣ, ғайр аз китоби Забур дигар китобҳои Навиштаҳоро доштанд, аҳли бидъат * меномид. Як шӯрои калисо ҳатто фармон баровард, ки аъзои калисо бояд «бо азми қавӣ, содиқона ва зуд аз пайи бидъаткорон шаванд ва ҳар хона ё ҳуҷраҳои зеризаминиеро, ки шубҳанок метобанд, кофтуков кунанд... ва агар дар чунин ҷойҳо ягон бидъаткор ёфт шавад, он маконро нобуд созанд».

Агар душманони Китоби Муқаддас ба мақсадашон мерасиданд, хабари илҳомбахшида аз байн мерафт.

Китоби Муқаддаси Уилям Тиндал ба забони англисӣ новобаста ба он, ки тарҷума ва паҳн кардани Навиштаҳо манъ буд, то замони мо боқӣ мондааст. На кӯшишҳои сӯзондани Китоби Муқаддас ва на кушта шудани худи Тиндал дар соли 1536, пеши роҳи инро гирифта натавонист.

ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД? Шоҳ Антиох диққаташро асосан ба Исроил равона карда буд, валекин яҳудиён дар дигар минтақаҳо низ сокин буданд. Бояд гуфт, ки мувофиқи таҳқиқот дар асри яки милодӣ, зиёда аз 60 фоизи яҳудиён берун аз Исроил маскан гирифта буданд. Яҳудиён дар ибодатгоҳҳои худ нусхаҳои Навиштаҳоро нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа ин нусхаҳоро насли минбаъда, аз ҷумла масеҳиён истифода мебурданд (Корнома 15:21).

Дар асрҳои миёна дӯстдорони Каломи Худо далерона зиддиятро паси сар карда, тарҷума кардани нусхаҳои Навиштаҳоро давом медоданд. Ҳатто пеш аз ихтироъ шудани дастгоҳи чопкунӣ дар миёнаи асри 15 Китоби Муқаддас қисман ба 33 забон тарҷума шуда буд. Баъдтар он бо суръати тез тарҷума шуда, ба чоп мебаромад.

НАТИҶА: Нигоҳ накарда ба зиддияти подшоҳони соҳибқудрат ва диндорони гумроҳшуда Китоби Муқаддас ба забонҳои хеле зиёд тарҷума гардида, паҳн шуд. Ин китоб ба қонун ва забони мардуми гуногунмиллат, инчунин ба тарзи ҳаёти миллионҳо одамон таъсири ҷиддӣ расондааст.

^ сарх. 5 Онҳое, ки аз дин рӯ нагардонда бошанд ҳам, қоида ва ҳукми шариатро риоя намекунанд.