КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТРО ДИГАРГУН МЕСОЗАД
Ман бейсболро аз ҳама чиз бештар дӯст медоштам!
-
СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1928
-
МАМЛАКАТ: КОСТА-РИКА
-
ДАР ГУЗАШТА: ВАРЗИШГАРИ КАСБӢ ВА ҚИМОРБОЗ
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Ман дар соҳили шарқии Коста-Рика, дар шаҳри бандарии Пуэрто-Лимон ба воя расидам. Мо дар оила 8 фарзанд будем, ман фарзанди ҳафтумам. Дар синни 8-солагиям падарам аз олам гузашт ва модарам худаш танҳо ҳамаи моро калон кард.
Ман ҳамеша ба бейсбол шавқ доштам. Варзишро аз кӯдакӣ нағз медидам. Дар синфҳои болоӣ дар лигаи ҳаваскорон бозӣ мекардам. Вақте синнам аз 20 гузашта буд, марде, ки варзишгарони лаёқатмандро мекофт, маро ба дастаи касбии Никарагуа даъват кард. Азбаски ҳамон вақт ман модари беморамро нигоҳубин мекардам, ба Никарагуа кӯчидан нахостам ва пешниҳоди ӯро рад кардам. Баъдтар маро ба дастаи миллии бейсболи Коста-Рика даъват карданд, ки дар он беҳтарин бозингарони ҳаваскорро ҷамъ оварда буданд. Ин дафъа розӣ шудам. Ҳамин тавр аз соли 1949 то 1952 узви дастаи миллӣ будаму дар чандин бозиҳои Куба, Мексика ва Никарагуа иштирок кардам. Ман бейсмен, яъне муҳофизатгари пойгоҳ будаму аз уҳдааш хуб мебаромадам ва ҳатто дар 17 бозии пайдарпай ба ягон хато роҳ надодам. Вақте одамон бо як овоз номи маро гирифта фарёд мезаданд, хеле хурсанд мешудам!
Мани шарманда, он вақт ҳаёти бадахлоқона ба сар мебурдам. Ҳарчанд бо як духтар вомехӯрдам, бо занҳои дигар низ мегаштам. Ҳамчунин бисёр менӯшидам. Боре, ман чунон маст шуда будам, ки рӯзи дигар аз хоб хеста, чи хел то хона омаданамро ба хотир оварда натавонистам. Ба болои ҳамаи ин ман қиморбозӣ мекардам ва ба бозии доминову лото дода шуда будам.
Ҳамон вақт модарам Шоҳиди Яҳува шуд. Ӯ кӯшиш мекард, ки шавқи маро ба эътиқодаш бедор кунад, лекин ман бепарво будам. Охир ҳушу ёдам ба бейсбол банд буд. Агар ман нисфирӯзӣ дар майдон машқ мекардам, ҳатто гуруснагиамро ҳис намекардам. Чунки диққатам фақат ба бозӣ равона мешуд. Ман бейсболро аз ҳама чиз бештар дӯст медоштам!
Дар синни 29-солагӣ ҳангоми бозӣ ман тӯпро медорам гуфта, захми вазнин гирифтам ва баъди сиҳат шуданам дигар ба варзиши касбӣ барнагаштам. Лекин бейсболро тарк накардам ва бозингарони дастаи ҳаваскорони назди хонаамонро машқ медодам.
КИТОБИ МУҚАДДАС ҲАЁТАМРО ДИГАРГУН КАРД
Соли 1957 маро ба анҷумани минтақавии Шоҳидони Яҳува даъват карданд ва он дар майдоне баргузор гардид, ки ман як вақтҳо бейсбол бозӣ мекардам. Дар ҷойи тамошобинон нишаста, аҳамият медодам, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува якдигарро иззату ҳурмат мекунанд. Ин аз рафтори дағалонаи тамошобинони бейсбол аз замин то осмон фарқ мекард. Ҳамаи ин инро дида, ман пас аз анҷуман бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам ва ба вохӯриҳояшон рафтан гирифтам.
Ҳангоми омӯзиш бисёр таълимоти Китоби Муқаддас ба ман таъсир карданд. Масалан, Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир шогирдони ӯ хушхабари Подшоҳии Худоро дар тамоми дунё эълон мекунанд (Матто 24:14). Ҳамчунин ман фаҳмидам, ки масеҳиёни ҳақиқӣ барои ба даст овардани фоида хизмат намекунанд. Охир Исо гуфта буд, ки «муфт ёфтаед, муфт бидиҳед» (Матто 10:8).
Ман мушоҳида мекардам, ки оё худи Шоҳидони Яҳува аз рӯйи таълимоти Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд ё не. Ба ҳайрат меомадам, ки чӣ қадар онҳо ҷон канда, хушхабари Подшоҳии Худоро дар тамоми кунҷу канори дунё паҳн мекунанд. Медидам, ки онҳо чи хеле Исо ба масеҳиён амр дода буд, рӯҳияи фидокорӣ нишон медоданд. Аз ин рӯ вақте ман аз Марқус 10:21 даъвати Исоро хондам, ки мегуфт «омада, маро пайравӣ кун», хостам Шоҳиди Яҳува шавам.
Барои ҳаётамро пурра дигар кардан вақт лозим шуд. Ман солҳои зиёд дар бозии лотои миллӣ иштирок мекардам ва ҳар ҳафта ба рақами “баракатӣ”-и худ мегузоштам. Лекин аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки Худо ибодаткунандагони «худои Толеъ» ва чашмгуруснагонро маҳкум мекунад (Ишаъё 65:11; Қӯлассиён 3:5). Бинобар ин ман аҳду паймон кардам, ки қиморбозиро бас мекунам. Рӯзи якшанбе, аввалин ҳафтае, ки ман дар бозии лото иштирок накардам, рақами дӯстдоштаам бурд кард! Барои ҳамон ҳафта бозӣ накарданам, шиносонам маро масхара карданд ва маҷбур намуданд, ки бозиро давом диҳам. Лекин онҳоро гӯш накардам. Ман дигар ҳаргиз ба қимор даст задан намехостам!
Дарҳол баъди дар анҷумани Шоҳидони Яҳува таъмид гирифтанам, бо озмоиши дигаре рӯбарӯ шудам. Ин санҷиш нишон дод, ки ман «одами навро» бар тан кардаам ё не (Эфсӯсиён 4:24). Ҳамон бегоҳ, вақте ба меҳмонхона баргаштам, дар пушти дар дӯстдоштаи пештараам истода буд. «Сэмми, биё имшаб якҷоя вақтхушӣ кунем!» — гуфта, ӯ диламро ёфтанӣ шуд. Лекин ман зуд пешниҳодашро рад карда, ба ӯ хотиррасон намудам, ки ҳоло аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунам (1 Қӯринтиён 6:18). «Чӣ?» — ҳайрон шуда пурсид ӯ ва баъд меъёрҳои ахлоқии Каломи Худоро паст зада, ду пояшро дар як мӯза монд, ки аз нав бо ҳам вохӯрем. Ман бошам, чизе нагуфта ба утоқам даромадаму дарро аз пасам қулф кардам. Хушбахтона, баъди соли 1958, аз ҳамон вақте ки Шоҳиди Яҳува шудам, ман дигар меъёрҳои Китоби Муқаддасро пушти по назадам.
ҲАЁТАМ БЕҲТАР ГАШТ
Ман метавонам дар бораи он ки чӣ қадар Каломи Худо ба ҳаётам фоида овард, як китоб нависам. Баъзе аз баракатҳояш ин аст, ки ҳоло ман бисёр дӯстони ҷонӣ дорам, ҳаётам пурмаъно асту хушбахтии ҳақиқиро ба даст овардаам.
Бейсбол то ҳол ба ман маъқул аст, лекин акнун он дар ҳаётам аз ҳама муҳим нест. Солҳои бозӣ карданам, ман соҳиби шуҳрату боигарӣ шудам, ки ин чизҳо мисли бод гузаронанд. Аммо дӯстӣ бо Худо ва бародарии мо, ки шукр ман ҳам қисми он ҳастам, як умр боқӣ мемонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, лекин ҳар кӣ хости Худоро иҷро мекунад, то абад мемонад» (1 Юҳанно 2:17). Ҳоло ман Яҳува ва халқи ӯро аз ҳама чиз бештар дӯст медорам!