Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 149

Барои фидия миннатдорем

Барои фидия миннатдорем

Боргирӣ:

(Луқо 22:20)

  1. Яҳува, мо

    дар пеши ту истодаем,

    Муҳаббати бепоёнатро

    ҳис мекунем.

    Бароямон писаратро

    қурбон кардӣ,

    Ва ба умеди ҳақиқӣ

    Ту роҳ кушодӣ.

    (НАҚАРОТ)

    Хуни Масеҳ гаронбаҳост,

    ҳаёти мост, наҷоти мост.

    Аз таҳти дил

    мо Туро то абад шукр мегӯем.

  2. Ва муҳаббаташро

    Исо ҳам кард изҳор —

    Бо хоҳиши худ ҳаёти

    комилашро дод.

    То омадани ӯ

    умеде надоштем.

    Акнун дар тарси марг нестем,

    озод мешавем.

    (НАҚАРОТ)

    Хуни Масеҳ гаронбаҳост,

    ҳаёти мост, наҷоти мост.

    Аз таҳти дил

    мо Туро то абад шукр мегӯем.

(Ҳамчунин нигаред ба Ибр. 9:13, 14; 1 Пет. 1:18, 19.)