Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 152

Қувват, умед ва такягоҳи мо

Қувват, умед ва такягоҳи мо

Боргирӣ:

(Масалҳо 14:26)

  1. Яҳува, умеди бебаҳо

    Ту бахшидӣ ба мо.

    Ин умед равшан кард дилро,

    Ба мо дод пару бол.

    Лекин гоҳе ғами зиндагӣ

    Созад моро ноором,

    Чун шамоли сард паст кунад

    Умеди фурӯзон.

    (НАҚАРОТ)

    Яҳува, Ту — умед

    ва қуввати мо,

    Мадад хоҳӣ кард дар тангӣ.

    Эй Худо, ҳастӣ Ту

    такягоҳи мо,

    Мо дорем ба Ту боварӣ.

  2. Бигзор нақш бандад дар дили мо

    Корҳои неки Ту.

    Дар лаҳзае, ки ғамгинем,

    Аз мо Ту нестӣ дур.

    Суханони Ту — қуввати дил,

    Қоматҳоро кунад рост

    Ва умед ба ояндаро

    Аз нав кунад тобон.

    (НАҚАРОТ)

    Яҳува, Ту — умед

    ва қуввати мо,

    Мадад хоҳӣ кард дар тангӣ.

    Эй Худо, ҳастӣ Ту

    такягоҳи мо,

    Мо дорем ба Ту боварӣ.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 71:13, 14; Мас. 3:5, 6, 16; Ирм. 17:7.)