Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 10

«Худоям, маро бифирист!»

«Худоям, маро бифирист!»

(Ишаъё 6:8)

1. Худо ва номи неки Ӯ,

Паст занад ҳар кӣ ҳаст бадхӯ.

Золимаш баъзе шуморанд.

«Худо нест»,— ҷоҳилон гӯянд.

Кӣ номи Ӯро созад пок?

Кӣ васфаш сарояд бебок?

«Худоям, маро бифирист,

То васфат сароям беист».

(НАҚАРОТ)

«Шарафи бузургтар аз ин нест!

Маро, маро бифирист».

2. Тарс аз Худо чист надонанд,

«Ба мо Ӯ бепарвост»,— гӯянд.

Саҷда низ кунанд ба бутҳо,

Қайсарро донанд чун Худо.

Баён кӣ созад доварӣ?

Кӣ диҳад аз ҷанг огаҳӣ?

«Худоям, маро бифирист,

Огоҳ карда, ман хоҳам зист».

(НАҚАРОТ)

«Шарафи бузургтар аз ин нест!

Маро, маро бифирист».

3. Бадӣ гашта афзун беҳад.

Аз ин ҳалим оҳ мекашад,

Аз таҳти дил ростӣ ҷӯяд,

Дониши он таскин диҳад.

Кӣ диҳад ӯро тасаллӣ,

Ҳалимро расонад ёрӣ?

«Худоям, маро бифирист,

Хоҳиши ман таълимдиҳист».

(НАҚАРОТ)

«Шарафи бузургтар аз ин нест!

Маро, маро бифирист».

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 9:25; Ҳиз. 9:4.)