Суруди 25
Исботи шогирди Масеҳ будани мо
1. Ҳамаи моро қонуне ҳаст,
Ки бояд дӯст дошт беғараз.
Ин шариат бошад шоҳона,
Он ба ҷо орем шодона.
Кард ҷони худро Масеҳ қурбон
Аз муҳаббат ба одамон.
Кунем исбот шогирдии худро
Бошад гар муҳаббат дар мо.
2. Меҳри аслӣ, ки ҳаст бепоён,
Диҳад ёрӣ ба нотавон.
Ба ҳамдигар мо карда хизмат,
Боздиҳем қарзи муҳаббат.
Нест дигар ҷое, ки мо дар он
Ёбем дӯстони меҳрубон.
Наканем ин пайвандҳоро ҳеҷ гоҳ,
Ва дар муҳаббат равем роҳ.
(Ҳамчунин нигаред ба Рум. 13:8; 1 Қӯр. 13:8; Яъқ. 2:8; 1 Юҳ. 4:10, 11.)