Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 3

«Худо муҳаббат аст»

«Худо муҳаббат аст»

(1 Юҳанно 4:7, 8)

1. Яҳува, ки муҳаббат аст,

Мегӯяд: «Бо ҳам бошем».

Гар Худо ва одамонро

Дӯст дорем, некӣ кунем.

Диҳад ин маъно ҳаётро,

Роҳи зиндагӣ ин аст.

Муҳаббати масеҳӣ ҳаст

Бо ҳаёти мо пайваст.

2. Худованд саршори меҳр аст,

Ин гарм месозад дилҳо.

Кунем гар хатову афтем,

Ӯ ёрӣ диҳад ба мо.

Нест ҳасад дар муҳаббат, он

Пур аз сабр асту раҳим.

Бигзор муҳаббат, ки дорем,

Монад байни мо қоим.

3. Нагузор ранҷиш дар дилат

Ҷой гирад ва афзояд,

Балки ба Худо такя кун,

Бошад туро роҳбалад.

Яҳува нишон дод, ки чист

Муҳаббати ҳақиқӣ.

Дӯст дошта атрофиёнро,

Кунем ба Ӯ пайравӣ.

(Ҳамчунин нигаред ба Марқ. 12:30, 31; 1 Қӯр. 12:31–13:8; 1 Юҳ. 3:23.)