Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 37

Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд

(2 Тимотиюс 3:16, 17)

1. Ҳаст Каломи илоҳӣ

Ҳамчун нур дар торикӣ.

Гар аз рӯи он кунем зист,

Моро аҳкомаш кунад ҳифз.

2. Бешубҳа, ки ин Калом,

Аз Худо ёфта илҳом.

Омӯзад, кунад мазаммат,

Созад ислоҳ бо насиҳат.

3. Фаҳмем аз Навиштаҳо

Чӣ сон меҳр дорад Худо.

Дар хонишаш ҳаст мукофот —

Кушояд роҳ он ба ҳаёт.

(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 118:105; Мас. 4:13.)