Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 45

Шитобон рав ба пеш!

Шитобон рав ба пеш!

(Ибриён 6:1)

1. Шитобон рав ба пеш, сӯи камолот!

Яҳува мехоҳад маҳорат кунем зиёд.

Бикун ҷаҳд дар хизмат, он гаҳ шавӣ шод,

Яҳува диҳад барор.

Иштирок муҳим аст дар хизмат.

Дар ин кор Исо худ кард ширкат.

Аз Худо вобаста муваффақият,

Дар имон бош устувор.

2. Шитобон рав ба пеш, мавъиза намо!

Гӯй бе тарс хушхабар ба тамоми одамон.

Якҷоя хонем мо ба Худо сано,

Гӯем ҳама ҷо паём.

Тарсондан хоҳад моро душман,

Бигзор лек диҳад гӯш ҳар одам

Ба мужда, ки Исо — Шоҳи Худованд.

Ҳақиқат ту соз баён.

3. Шитобон рав ба пеш, то охир бикӯш,

Маҳорат пайдо кун, кор бисёр аст — гир ба дӯш.

Созад туро Худо равона бо рӯҳ.

Аз хизматат ёб шодӣ.

Шавқмандонро, ки ёфтӣ, дӯст дор,

Зуд–зуд назди онҳо ташриф ор.

Ақлу дил дарёфта, ба рушд кун водор.

Шавад дурахшон ростӣ.

(Ҳамчунин нигаред ба Фил. 1:27; 3:16; Ибр. 10:39.)