Суруди 6
Дуои хизматгори Худо
1. Парвардигор, Падари моён,
Исми Ту бод азиз ба ҳар инсон.
Бимонад марҳаматат пойдор,
Доим бо мо, мудом устувор.
Доим бошад устувор,
Марҳамати Ту пойдор.
2. Меҳр ба ростӣ ҷойгир кун дар мо,
Бидеҳ рӯҳ, хостат биорем ба ҷо.
Мо гӯсфандонат кобем беист,
Ҳастанд онҳо бароят азиз.
Мебошанд ба Ту азиз,
Кобем онҳоро беист.
3. Меҷӯем мо хирад аз боло,
Бидеҳ, лутфан, ба мо чунин ато.
Омӯз, то мо раҳм созем зоҳир,
То гӯем, ки Ту ҳастӣ Қодир.
Гӯем ҳастӣ Ту Қодир,
Ин тавр созем раҳм зоҳир.
(Ҳамчунин нигаред ба Заб. 142:10; Юҳ. 21:15–17; Яъқ. 1:5.)