Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Суруди 135

То охир истодагарӣ бикун

То охир истодагарӣ бикун

(Матто 24:13)

1. Каломи Яҳува диҳад

қувват дар озмоиш.

Имонамон қавӣ гардад,

гар дӯст бидорем дониш.

Дар ёд дошта рӯзи Худо,

дар имон бош устувор.

Оташи озмоиш кунад

беҳтар хислату рафтор.

2. Гум накун муҳаббате, ки

ту доштӣ дар аввал.

Бо истодагарӣ бикун

азобу ғам паси сар.

Шубҳа ё тарс пайдо шавад,

бикун дарҳол бартараф.

Худо туро раҳо кунад,

Ӯ шавад ба ту сипар.

3. Наҷот биёбад ҳар касе

сабр кунад то охир.

Худо нависад номашро

дар лавҳи дилу хотир.

Пас, доимо содиқ бимон,

Яҳуваро намо шод,

Ҳатман аз муҳаббати Ӯ

баҳра хоҳӣ бурд умрбод.

(Ҳамчунин нигаред ба Ибр. 6:19; Яъқ. 1:4; 2 Пет. 3:12; Ваҳй 2:4.)