Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Меҳри пойдор

Меҳри пойдор

(1 Қӯринтиён 13:8)

Боргирӣ:

  1. 1. Меҳри ҳақиқӣ

    пайвандгари дилҳост,

    Дар дунёи сард нопайдост.

    Лек фурӯтанон

    омӯхта ҳақиқат,

    Барканданд занҷири нафрат.

    (Пеш аз нақарот)

    Қоим мемонад ин меҳр,

    Доим мемонад меҳр.

    (Нақарот)

    Меҳр, меҳри пойдор,

    Бар бандагонаш кард

    Худо нисор.

    Меҳр, меҳри пойдор,

    Ҳамчу дарёст саршор,

    Чу дарахтест пурбор,

    Бигзор он дар дилҳо

    монад пойдор.

  2. 2. Бори зиндагӣ

    бемадор месозад,

    Аз дарду ғам ҷон мекоҳад.

    Ёри ғамгусор

    ва ёрӣ ба мардум

    Ҷон бахшад ба дили маҳзун.

    (Пеш аз нақарот)

    Қоим мемонад ин меҳр,

    Доим мемонад меҳр.

    (Нақарот)

    Меҳр, меҳри пойдор,

    Бар бандагонаш кард

    Худо нисор.

    Меҳр, меҳри пойдор,

    Ҳамчу дарёст саршор,

    Чу дарахтест пурбор.

    Побарҷо бодо меҳр!

    (Нақарот)

    Меҳр, меҳри пойдор,

    Бар бандагонаш кард

    Худо нисор.

    Меҳр, меҳри пойдор,

    Ҳамчу дарёст саршор,

    Чу дарахтест пурбор,

    Бигзор он дар дилҳо

    монад пойдор.

    Меҳри пойдор,

    Меҳри пойдор.