Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои Яҳува зиндагӣ кун

Барои Яҳува зиндагӣ кун

Боргирӣ:

  1. 1. Вақте хурдсолӣ, шоду беғамӣ,

    Ҳар кор тобад ду карат ду.

    Аз ҷавобат завқ мебурданд ҳама,

    Чӣ ширин буд дуои ту!

    (Пеш аз нақарот)

    Чу гаштӣ наврасе, қадрасе, пур аз ҳавасе,

    Хизмат чун кӯҳ битофт вазнин, бишкастанд гоҳо болу пар.

    Ҳоло ки ҷавонӣ, донӣ, ки чист зиндагонӣ,

    Дар ёд дор кист туро Падар,

    Ҷонбахшу Ҷонпарвар.

    (Нақарот)

    Зеби хонадони Яҳува ҳастӣ,

    Рӯйи дасти ӯӣ.

    Меҳнатат барои ӯ атри гуворост,

    Имони ту баҳри ӯ гаронбаҳост!

  2. 2. Тозаҷавоно, дастбагиребоно

    бо нопокӣ, бо макру тарс.

    Дил қавӣ дор, ба Ёрат рӯ ор,

    Яҳува ҳамрози ту аст.

    (Пеш аз нақарот)

    Гар пеш гирӣ роҳи поки росткориро, дон, ки

    ёфтӣ сарват, з-он як шодият гардад сад.

    Ҳоло ки ҷавонӣ, донӣ, нест роҳи осоне,

    Дар ёд дор кист туро Падар,

    Ҷонбахшу Ҷонпарвар.

    (Нақарот)

    Зеби хонадони Яҳува ҳастӣ,

    Рӯйи дасти ӯӣ.

    Меҳнатат барои ӯ атри гуворост,

    Имони ту баҳри ӯ гаронбаҳост!

    (Пайваст)

    Қуввататро бибахш ба Худо,

    Гар тарсе дорӣ, пурс аз таҷрибадоре.

    (Нақарот)

    Зеби хонадони Яҳува ҳастӣ,

    Рӯйи дасти ӯӣ.

    Меҳнатат барои ӯ атри гуворост,

    Имони ту баҳри ӯ гаронбаҳост!

    (Пайваст)

    Қуввататро бибахш ба Худо,

    Гар тарсе дорӣ, пурс аз таҷрибадоре.

    Қуввататро бибахш ба Худо,

    Гар тарсе дорӣ, пурс аз таҷрибадоре.