Дӯст медорам туро
Боргирӣ:
1. Худо ба мо бидод як ато,
Ки онро нест ҳамсону ҳамто.
Номи он ишқ аст — он ёфт оғоз,
Вақте дили мо гашт ҳамовоз.
(Нақарот)
Таноби сетобем ману ту бо Худо,
Бофтем ин пайванд
аз қалбҳо.
Яҳувапарастият, оҳ, чӣ дилнишин,
Чӣ хушбахту хушрӯзам бо ту,
эй ҷони ширин,
эй нозанин.
2. Ишқро нест хазон,
Ҳарчанд бинад он барфу борон.
Канда натвонад, эй ними ҷигар,
Меҳрпайванди моро ҳеҷ ҷудогар.
Наканад ҳеҷ кас...
(Нақарот)
Таноби сетобем ману ту бо Худо,
Бофтем ин пайванд
аз қалбҳо.
Яҳувапарастият, оҳ, чӣ дилнишин,
Чӣ хушбахту хушрӯзам бо ту,
эй ҷони ширин,
эй маҳҷабин.
(Пайваст)
Ин меҳрро Худост бунёд,
Бо ин бунёд созем пайванди умрбод.
Оташи ишқ бошад алангаи Ёҳ,
Ин оташро нест тарс аз тӯфону тундбод.
Туӣ лахте аз гӯштам, ту лахте аз ҷон,
Бо ту як танем, эй меҳрубон.
3. Бо туст зиндагиям ширин,
Туро дӯст медорам, эй беҳтарин.
Хушо он дам, ки дил бастам ба ту,
Хуш он дам, ки аҳд бастам бо ту!
Дил бастам ба ту...
(Нақарот)
Таноби сетобем ману ту бо Худо,
Бофтем ин пайванд
аз қалбҳо.
Яҳувапарастият, оҳ, чӣ дилнишин,
Чӣ хушбахту хушрӯзам бо ту,
эй ҷони ширин,
ёри дерин.
Чӣ хушбахту хушрӯзам бо ту,
эй ҷони ширин!