Абри танҳоиро бо дӯстон пароканда созед! Чӣ тавр Китоби Муқаддас кумак мекунад?
Соли 2023 мутахассисони соҳаи тандурустӣ танҳоиро душмани саломатии инсон номиданд ва гуфтанд, ки бо он мубориза бурдан лозим аст. Оё дар ин мубориза дастболо шудан мумкин аст?
Вивек Мурти, сарҷарроҳи ИМА чунин мегӯяд: «Танҳоӣ ва гӯшанишинӣ ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии мо зарари ҷиддӣ расонда метавонад. Аммо, агар ҳар рӯз кам-кам муносибати худро бо одамон беҳтар кунем, бар ҳисси танҳоӣ ғолиб омада метавонем» a.
Оё танҳо касоне, ки худро аз ҷамъият дур мегиранд, танҳоӣ мекашанд? Не, албатта. Ҳатто онҳое, ки ҳамеша дар байни одамон кору фаъолият менамоянд, баъзан худро танҳо ҳис мекунанд. Аз кадом сабабе, ки танҳоӣ накашем, Китоби Муқаддас ба мо кумак карда метавонад. Бо ёрии маслиҳатҳои он шумо метавонед муносибататонро бо одамон беҳтар карда бар ҳисси танҳоӣ ғолиб оед.
Маслиҳатҳои ёрирасони Китоби Муқаддас
Ҳамсуҳбати хуб бошед. Барои ин танҳо дар бораи ҳиссиёти худ гап назанеду дарди дили дигаронро ҳам гӯш кунед. Вақте ба одамон бепарвоӣ накарда ғамхорӣ зоҳир мекунед, муносибататон торафт мустаҳкамтар мегардад.
Ояти Китоби Муқаддас: «На танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед» (Филиппиён 2:4).
Бо одамони гуногун дӯстӣ кунед. «Заҳри одамро одам мегирад» гуфтаанд, барои ҳамин кӯшиш намоед, ки бо одамони ҳар синну сол ё миллату маданияташон гуногун дӯстӣ кунед.
Ояти Китоби Муқаддас: «Дари дили худро... боз кунед» (2 Қӯринтиён 6:13).
Мақолаи «”Дарахти дӯстӣ биншон”»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр дӯсти ҷонӣ пайдо кардан мумкин аст.
a Our Epidemic of Loneliness and Isolation: The U.S. Surgeon General’s Advisory on the Healing Effects of Social Connection and Community, 2023.