Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Francesco Carta fotografo/Moment via Getty Images

Афзоиши ҳисси танҳоӣ дар ҷомеаи ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Афзоиши ҳисси танҳоӣ дар ҷомеаи ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Мувофиқи ҳисоботе, ки ба наздикӣ дар бисёр давлатҳо гузаронида шуд a, тақрибан ҳар нафари чорум худро танҳо ҳис мекунад.

  •   «Гӯшанишинӣ ба кас новобаста ба синну сол ва ҷойи зисташ таъсир расонда метавонад» (Чидо Мпемба, ҳамраиси Комиссияи Созмони ҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ оид ба робитаи иҷтимоӣ).

 Бисёриҳо, шояд, фикр кунанд, ки фақат пиронсолон ва шахсоне, ки худро аз ҷамъият дур мегиранд, танҳоӣ ҳис мекунанд. Аммо дар асл ин тавр нест, ҳатто одамони бардаму бақувват, бомуваффақ, оиладор ва ҷавонон метавонанд танҳоӣ кашанд. Гӯшанишинӣ ва ҳисси танҳоӣ ба саломатии равонӣ ва ҷисмонии кас зарари ҷиддӣ расонида метавонад.

  •   Вивек Мурти, сарҷарроҳи ИМА чунин мегӯяд: «Танҳоӣ фақат як ҳиссиёти бад нест. Он монанди ҳар рӯз 15 сигор кашидан асту хатари марговар дорад».

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

 Офаридгорамон намехоҳад, ки мо аз танҳоӣ азоб кашем. Худо мехост, ки одамизод аз дӯстиву муоширати хуб хурсандӣ гирад.

  •   Ояти Китоби Муқаддас: «Яҳува Худо гуфт: ”Хуб нест, ки одам танҳо бошад”» (1 Мӯсо 2:18).

 Худо мехоҳад, ки мо бо ӯ дӯст шавем. Яҳува Худо ваъда медиҳад, ки, агар мо ҳаракат карда ба ӯ наздик шавем, ӯ ҳам ба мо наздик мешавад (Яъқуб 4:8).

  •   Ояти Китоби Муқаддас: «Хушбахтанд касоне, ки ташнаи раҳнамоии Худоянд, чунки Подшоҳии осмон аз они онҳост» (Матто 5:3).

 Худо мехоҳад, ки мо ӯро якҷоя бо дигарон парастиш намоем. Ӯ медонад, ки ин ба ҳолати равонии мо таъсири хуб мерасонад.

  •   Ояти Китоби Муқаддас: «Биёед дар фикри ҳам бошем, то якдигарро сӯйи муҳаббату некукорӣ раҳнамоӣ кунем... аз ҷамъомадҳоямон намонем, балки якдигарро рӯҳбаланд созем» (Ибриён 10:24, 25).

 Мақолаи «Танҳоӣ дар ҷаҳони иртиботи оммавӣ»-ро хонда, фаҳмед, ки чаро муҳим аст, ки гиребони худро аз дасти танҳоӣ раҳо кунем.

a The Global State of Social Connections, by Meta and Gallup, 2023.