Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Anna Moneymaker/Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Олимон ақрабаки «Соати рӯзи Қиёмат»-ро пеш карданд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Олимон ақрабаки «Соати рӯзи Қиёмат»-ро пеш карданд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Санаи 24-уми январи соли 2023 олимон ақрабаки «Соати рӯзи Қиёмат a»-ро пеш карданд, акнун он ба нисфи шаб, яъне ба охири ин дунё, наздиктар аст.

  •   «“Соати рӯзи Қиёмат” рамзи хатарест, ки ба одамизод таҳдид мекунад. Ин ташбеҳ нишон медиҳад, ки нобудшавии одамизод беҳад наздик аст. Рӯзи сешанбе олимон аз сабаби рӯйдодҳои охир, ба мисли ҷанги Украина, хатари ҷанги атомӣ ва тағйирёбии иқлим, ақрабаки ин соатро ба нисфи шаб, яъне ба анҷоми ин дунё, наздиктар карданд» (AFP International Text Wire).

  •   «Рӯзи сешанбе олимон гуфтанд, ки ақрабаки “Соати рӯзи Қиёмат” пеш карда шуд ва ҳоло то нисфи шаб фақат 90 сония мондааст, яъне одамизод бо дасти худ ба сараш бало оварда истодааст ва нестшавияш хеле наздик аст» (ABC News).

  •   «Гурӯҳи олимон аз саросари ҷаҳон огоҳ мекунанд, ки одамизод аз ҳарвақта бештар сабаби нобудшавии худаш гашта истодааст» (рӯзномаи «The Guardian»).

 Оё дар ҳақиқат одамизод ва сайёраи замин ба наздикӣ нест мешаванд? Оё бояд аз рӯйдодҳои оянда ба тарсу ваҳм оем? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Чӣ гуна оянда моро интизор аст?

 Мувофиқи Китоби Муқаддас «замин то абад пойдор» мемонад ва одамон дар он «то абад зиндагӣ мекунанд» (Пандгӯ 1:4; Забур 37:29). Ин нишон медиҳад, ки одамизод наметавонад заминро нобуд кунад ва ё онро барои зиндагӣ ғайриимкон гардонад.

 Ҳамзамон дар Китоби Муқаддас дар бораи анҷом гуфта шудааст. Масалан, дар он мехонем, ки «ҷаҳон... гузарон аст» (1 Юҳанно 2:17).

Ба оянда бо чашми умед нигаред

 Китоби Муқаддас кумак мекунад, ки нигоҳ накарда ба проблемаҳои ҷаҳонӣ некбин бошем. Чӣ тавр?

  •   Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза ёрӣ мерасонанд (2 Тимотиюс 3:16, 17). Масалан, мақолаи «Чӣ тавр ба ғаму ташвиш ғолиб оем?»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас ёрдам мекунад, то нигоҳ накарда ба душвориҳо некбин будан мумкин аст.

  •   Китоби Муқаддас кумак мекунад, то ба ояндаи хуб умед бандем (Румиён 15:4). Дар он фаҳмонда шудааст, ки дар рӯзҳои мо ва дар оянда кадом воқеаҳо рӯй медиҳанд. Донистани ин ба мо ёрдам мекунад, ки нигоҳ накарда ба рӯйдодҳои ҷаҳон ба оянда бо дилпурӣ назар кунем.

 Мо шуморо даъват мекунем, ки бо курси бепули омӯзиши Китоби Муқаддас шинос шуда, дар бораи Каломи Худо бисёртар фаҳмед.

a «Соати рӯзи Қиёмат» ба он ишора мекунад, ки одамизод аз сабаби технологияҳои хатарноки сохтааш ба нобудшавӣ наздик шудааст. Ин ташбеҳ ёдрас мекунад, ки агар сайёраи худро муҳофизат накунем, бо фалокати бузург рӯ ба рӯ мешавем («Bulletin of the Atomic Scientists»).