Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Ҷанг дар Украина сабаби қаҳтӣ шуд

Ҷанг дар Украина сабаби қаҳтӣ шуд

 Санаи 19-уми майи соли 2022 зиёда аз 75 нафар мансабдорони баландмартаба ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, ки «норасоии хӯрок, ки дар натиҷаи вабои КОВИД-19 ва тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон дида мешуд, аз боиси ҷанг дар Украина ба авҷи худ расида истодааст». Каме пас дар як маҷалла гуфта шуд, ки «дар ҷаҳоне, ки бе ин ҳам пур аз душворӣ буд, ҷанг сабаби қаҳтии оламгир шуда метавонад» («The Economist»).

Дар Китоби Муқаддас оид ба норасоии хӯрок пешгӯйӣ шудааст

  •   Ҳазрати Исо пешгӯйӣ карда буд: «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагӣ... мешавад» (Матто 24:7).

  •   Дар китоби Ошкорсозии Китоби Муқаддас чор савораи рамзӣ тасвир шудааст. Яке аз савораҳо рамзи ҷанг аст. Аз пайи он саворае меояд, ки рамзи гушнагӣ аст. Яъне он ба замоне ишора мекунад, ки дастрас кардани хӯрок душвору нархаш гарон мешавад. «Ман аспи сиёҳ ва савори онро дидам, ки дар даст тарозуе дошт. Сипас... чизеро ба монанди овозе шунидам, ки мегуфт: “Як андоза гандум ба як динор ва се андоза ҷав ба як динор“» (Ошкорсозӣ 6:5, 6).

 Ин пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи қаҳтӣ дар рӯзҳои мо, ки Китоби Муқаддас онро «рӯзҳои охир» меномад, иҷро шуда истодааст (2 Тимотиюс 3:1). Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи «рӯзҳои охир» ё охирзамон ва чор савора аз китоби Ошкорсозӣ видеонавори «Баъди соли 1914 дунё дигар шуд»-ро тамошо кунед ва мақолаи «Чор савора кистанд?»-ро хонед.

Чӣ тавр Китоби Муқаддас кумак мекунад?

  •   Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки барои тоб овардан ба вазъиятҳои душвор, аз ҷумла баланд шудани нархи хӯрокворӣ ва ҳатто гушнагӣ, ёрдам мекунанд. Мақолаи «Чӣ тавр бо пули кам зиндагӣ кунем?»-ро хонед ва бо баъзе маслиҳатҳо шинос шавед.

  •   Китоби Муқаддас ҳамчунин ба мо умед мебахшад, ки вазъият беҳтар мешавад. Дар он ваъда дода шудааст, ки дар оянда дар рӯйи замин «ғалла фаровон мешавад» ва ҳар кас ба серӣ хӯрок мехӯрад (Забур 72:16). Агар фаҳмидан хоҳед, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда боз чӣ ваъда медиҳад ва чаро ба он бовар кардан мумкин аст, мақолаи «Умеди ҳақиқӣ ба фардои беҳтар»-ро хонед.