ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Дили одамон аз сиёсатмадорон хунук шуда истодааст. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Ҳарчанд шумораи интихоботи соли 2024 назар ба солҳои гузашта беҳад зиёд аст, одамон аз сиёсатмадорон дилхунук шуда истодаанд.
Аксари амрикоиҳо гуфтанд, ки бисёри сиёсатмадорон фақат ғами худашонро мехӯранду парвои халқро надоранд a (Маркази тадқиқотии Пю, 19 сентябри 2023).
Бисёри ҷавонон низ ба сиёсатмадорон бовар надоранд.
«Имрӯз наврасон ҳаракат мекунанд, ки роҳи ҳалли душвориҳояшонро худашон ёбанд ва мегӯянд, ки сиёсатмадорон ғами онҳоро намехӯранд» («Ню-Йорк таймс», 29 январи 2024).
«Мувофиқи назарпурсӣ ҷавонон бисёртар ба блогерони YouTube бовар доранд, на ба сиёсатмадорон» («Кориа таймс», 22 январи 2024).
Оё сиёсатмадорон ояндаи моро беҳтар карда метавонанд? Ба кӣ бовар кунем?
Эҳтиёт бошед!
Хуб мебуд, ки эҳтиёткор бошему зуд ба гапи ҳар кас бовар накунем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «сода ба ҳар гап бовар мекунад, аммо ҳушёр дониста қадам мемонад» (Панднома 14:15).
Мақолаи «Аз маълумоти нодуруст эҳтиёт шавед!»-ро хонда фаҳмед, ки чӣ тавр маълумоти ростро аз дурӯғ фарқ кардан мумкин аст.
Илова бар ин, сиёсатмадор сад боинсофу некхоҳ бошад ҳам, аз дасташ ҳама кор намеояд. Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро огоҳ карда мегӯяд:
«Ба мирон такя накунед, ба фарзанди одам таваккал накунед, зеро аз ӯ умеди наҷот нест» (Забур 146:3).
Роҳбари боваринок
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки роҳбари тавонову бовариноктарин Исои Масеҳ аст. Худо ӯро шоҳи Подшоҳияш таъйин намудааст (Луқо 1:32, 33). Ҳоло ҳазрати Исо аз осмон роҳбарӣ мекунад (Матто 6:10).
Чаро ба Исо бовар кардан мумкин аст? Ӯ барои бартараф намудани душвориҳои одамизод чӣ кор мекунад? Мақолаи «Шоҳи Подшоҳии Худо кӣ аст?» ва «Подшоҳии Худо барои одамизод чӣ кор хоҳад кард?»-ро хонда, дар ин бора бештар фаҳмед.
a «Андешаҳои ғамовари амрикоиҳо дар бораи сиёсатмадорон», Маркази тадқиқотии Пю, сентябри 2023.