Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Kim Steele/The Image Bank via Getty Images

Душвориҳои иқтисодӣ. Чӣ тавр Подшоҳии Худо онро ҳал мекунад?

Душвориҳои иқтисодӣ. Чӣ тавр Подшоҳии Худо онро ҳал мекунад?

 Бисёр одамон дар тамоми рӯйи дунё барои гузаронидани рӯзашон бо як азоб пул меёбанд ва ин кор рӯз ба рӯз душвортар шуда истодааст.

  •   Мувофиқи ҳисоботи умумиҷаҳонӣ a, ки ба наздикӣ дастрас гардид, одамон ба он пуле, ки дар як моҳ кор мекунанд, рӯз аз рӯз камтару камтар чиз харида метавонанд. Дар ин ҳисобот огоҳ карда шудааст, ки агар ҳамин хел рафтан гирад, байни шахсони бой ва камбағал фарқияти калон назаррас мегардад ва бисёр коргарон ва оилаҳояшон мисли пештара ҳаёти бароҳат нахоҳанд дошт.

 Оё ҳукуматдорон ин душвории иқтисодиро ҳал ё ин ваъзиятро ақаллан каме беҳтар карда метавонанд?

 Дар Китоби Муқаддас дар бораи ҳокимияте гуфта шудааст, ки тамоми душвориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла нобаробариро аз байн мебарад. Дар он гуфта шудааст, ки «Худои осмон подшоҳие барпо мекунад», яъне ҳокимиятеро, ки тамоми корҳои заминро идора менамояд (Дониёл 2:44). Зери роҳбарии ин ҳокимият ҳеҷ кас фаромӯш ё партофта намешавад (Забур 9:18). Барои шаҳрвандони Подшоҳии Худо ҳама шароит муҳайё мегардад, то онҳо хушбахт бошанд ва аз меҳнати дасти худ баҳра баранд (Ишаъё 65:21, 22).

a «International Labour Organization Global Wage Report 2022-2023»