Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Заминҷунбиҳои сахт. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас чӣ гуфта шудааст?

Заминҷунбиҳои сахт. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас чӣ гуфта шудааст?

 Ҳар сол даҳҳо ҳазор заминҷунбиҳо рӯй медиҳанд. Дар баробари онҳо баъзан заминҷунбиҳое сахте рӯй медиҳанд, ки сабаби харобиҳо, дарду азоб ва марг мешаванд. Дар натиҷаи заминҷунбиҳо гоҳ-гоҳ тӯфонҳои шадиде ба амал меоянд, ки минтақаҳои назди баҳрро шуста мебаранд ва сабаби марги сокинони он ҷой мегарданд. Оё Китоби Муқаддас дар бораи чунин заминҷунбиҳои сахт пешгӯйӣ карда буд?

Дар ин мақола

 Оё дар Китоби Муқаддас дар бораи заминҷунбиҳо пешгӯйӣ шудааст?

 Ҳазрати Исо дар бораи заминҷунбиҳо пешгӯйӣ карда буд ва он дар Китоби Муқаддас навишта шудааст. Суханони ӯ дар се ояти зерини Китоби Муқаддас омадаанд:

 «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву заминҷунбӣ мешавад» (Матто 24:7).

 «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад ва дар ҳама ҷо пайи ҳам заминҷунбиву гушнагӣ мешавад» (Марқус 13:8).

 «Заминҷунбиҳои сахт ба амал меоянд ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагиву вабоҳо сар мезананд» (Луқо 21:11).

 Ҳазрати Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар баробари ҷанг ва гушнагиву вабоҳо «дар ҳама ҷо пайи ҳам» «заминҷунбиҳои сахт» ба амал меоянд. Дар як вақт рӯй додани ҳамаи ин воқеаҳо нишон медиҳад, ки мо дар «охирзамон» ё «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем (Матто 24:3; 2 Тимотиюс 3:1). Мувофиқи Китоби Муқаддас «рӯзҳои охир» соли 1914 сар шуда то ҳол давом дорад.

 Оё заминҷунбиҳои имрӯза иҷро шудани пешгӯйии Китоби Муқаддасро исбот мекунанд?

 Бале. Пешгӯйии Исо-пайғамбар, аз он ҷумла дар бораи заминларзаҳо, дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст. Аз соли 1914 инҷониб зиёда аз 1950 заминҷунбии сахт рӯй дод, ки дар натиҷаи он беш аз ду миллион одамон ҳаёти худро аз даст доданд a. Дар поён дар бораи баъзе заминҷунбиҳое, ки дар асри 21 ба амал омаданд, маълумот оварда шудааст.

 Уқёнуси Ҳинд (соли 2004). Ин заминҷунбӣ 9,1 балро ташкил дод ва сунамие, ки дар натиҷаи он ба амал омад, дувоздаҳ мамлакатро фаро гирифта, тақрибан 225 000 нафарро аз ҳаёт маҳрум кард.

 Хитой (соли 2008). Ин заминҷунбӣ 7,9 балро ташкил дода, шаҳру қишлоқҳоро хароб кард. Дар натиҷаи он қариб 90 000 ҳалок шуданд, 375 000 зарар диданд ва миллионҳо нафар бе хона монданд.

 Ҳаити (соли 2010). Ин заминҷунбӣ 7,0 балро ташкил дод ва аз пайи худ якчанд заминҷунбиҳои сустро овард, ки ҳаёти беш аз 300 000 нафарро аз байн бурданд. Аз сабаби ин заминларза миллионҳо одамон бесарпаноҳ монданд.

 Ҷопон (соли 2011). Ин заминҷунбӣ 9,0 балро ташкил дод ва сунамие, ки баъди он ба амал омад, тақрибан 18 500 нафарро ба ҳалокат расонд ва садҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки хонаю ҷойи худро тарк кунанд. Инчунин дар натиҷаи ин заминҷунбӣ дар неругоҳи барқии атомии Фукусима таркиши калон ба амал омад. Аз он таркиш даҳ сол гузашта бошад ҳам, 40 000 нафаре, ки дар наздикии неругоҳ зиндагӣ мекарданд, аз сабаби заҳролудшавии радиоактивӣ ба хонаҳояшон баргашта наметавонанд.

 Пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи заминҷунбиҳо ба мо чӣ дахл дорад?

 Пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи заминҷунбиҳо ба мо хотиррасон мекунад, ки дар ояндаи наздик чӣ рӯй медиҳад. Ҳазрати Исо гуфта буд: «Вақте ин воқеаҳоро бубинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст» (Луқо 21:31).

 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки Подшоҳии Худо ҳукуматест, ки аз осмон ҳукмронӣ мекунад ва Подшоҳи он Исои Масеҳ аст. Исо пайравонашро таълим дода буд, ки дар бораи омадани ин Подшоҳӣ дуо гӯянд (Матто 6:10).

 Вақте Подшоҳии Худо бар замин ҳукмронӣ мекунад, Худо намегузорад, ки офатҳои табиӣ, аз он ҷумла заминларзаҳо, ба одамон зарар расонанд (Ишаъё 32:18). Беш аз ин, Худо зарари ҷисмониву равониеро, ки имрӯз заминҷунбиҳо ба одамон мерасонанд, бартараф месозад (Ишаъё 65:17; Ошкорсозӣ 21:3, 4). Агар дар ин бора маълумоти бештар гирифтан хоҳед, мақолаи «Подшоҳии Худо дар оянда чӣ кор мекунад?» (рус.)-ро хонед.

a Ин маълумот аз Манбаи умумиҷаҳонӣ дар бораи заминҷунбиҳои сахт гирифта шудааст, ки он дар навбати худ маълумотро аз Маркази миллии маълумоти геофизикии Иёлоти Муттаҳида мегирад.