Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

mustafahacalaki/DigitalVision Vectors via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Зеҳни сунъӣ зараровар аст ё фоидаовар? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Зеҳни сунъӣ зараровар аст ё фоидаовар? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Ба наздикӣ роҳбарони дунё, олимон ва мутахассисони соҳаи технология нуқтаи назари худро оид ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ баён карданд. Онҳо эътироф намуданд, ки зеҳни сунъӣ қувваи бузург дорад, аммо ҳамзамон хавотир шуданд, ки онро метавонанд бар зарари одамизод истифода баранд.

  •   «Зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз технологияҳои пурзӯртарине мебошад, ки ҳаёти инсонро беҳтар карда метавонад... Лекин ҳамзамон он метавонад ба бехатарӣ, махфӣ доштани ягон маълумот таҳдид намояд ва ҳуқуқи башарро поймол кунаду боварии ҷамъиятро ба демократия гум созад» (Камала Ҳаррис, ноиби президенти Иёлоти Муттаҳида, 4 майи 2023).

  •   «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ бисёр душвориҳоро ҳал кунад ҳам, он метавонад ба саломатии ҷисмониву равонии инсон зарари ҷиддӣ расонад» (маҷаллаи «BMJ Global Health» 9 майи 2023) a.

  •   «Бо ёрии зеҳни сунъӣ боз маълумоти нодурустро паҳн кардан мумкин аст. Ба қарибӣ аз пушти он бисёр касон бекор монда метавонанд. Дар оянда бошад, ба гуфти баъзе мутахассисони соҳаи технология он ба одамизод зарари ислоҳнашаванда расонида метавонад» («The New York Times», 1 майи 2023).

 Зеҳни сунъӣ бисёртар манфиат меорад ё зарар инро вақт нишон медиҳад. Вале дар бораи истифодаи ҳар гуна технологияҳо ва дар бораи ояндаи мо дар Китоби Муқаддас чӣ гуфта шудааст?

Чаро технологияҳои нав одамро хавотир мекунад?

 Одамон кафолат дода наметавонанд, ки дастовардҳои нави технологӣ танҳо бар манфиати инсон истифода бурда мешаванд. Китоби Муқаддас сабаби инро мефаҳмонад.

  1.  1. Одамон нияти хуб дошта бошанд ҳам, оқибати нохуши амалҳояшонро пешбинӣ карда наметавонанд.

    •   «Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост метобад, вале оқибати он марг аст» (Панднома 14:12).

  2.  2. Ихтироъкор назорат карда наметавонад, ки чизи офаридаашро одамон чӣ хел истифода мебаранд.

    •   «Онро [меҳнати дастамро] барои касе мемонам, ки баъд аз сари ман биёяд. Боз кӣ медонад, ки вай бохирад мешавад ё аблаҳ? Ӯ ҳар чиро, ки ман зери осмон бо ҷон кандану хиради бисёр ба даст овардаам, соҳиб мешавад» (Пандгӯ 2:18, 19).

 Ин ду фикр ба он ишора мекунанд, ки мо ба ёрдами Худо ниёз дорем.

Барои чӣ мо ба оянда бо дилпурӣ назар дӯхта метавонем?

 Офаридгори тамоми олам ваъда медиҳад, ки одамон ё ягон ихтирои онҳо сайёраи мо ва ё тамоми одамизодро ҳеҷ гоҳ нобуд намесозанд.

  •   «Замин то абад пойдор аст» (Пандгӯ 1:4).

  •   «Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29).

 Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки чӣ дар рӯйи замин сулҳу осоиштагӣ ва бехатарӣ меорад. Мақолаҳои «Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон» ва «Умед ба ояндаи дурахшон»-ро хонда дар ин бора бештар фаҳмед.

a Аз мақолаи «Threats by Artificial Intelligence to Human Health and Human Existence». Он аз тарафи як гурӯҳ духтурони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ, зери роҳбарии Фредерик Федершпил, Рут Митчел, Аша Асокан, Карлос Умана ва Дэвид Маккой омода шудааст.