Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Шумораи гурезагон меафзояд. Миллионҳо одамон аз Украина фирор мекунанд

Шумораи гурезагон меафзояд. Миллионҳо одамон аз Украина фирор мекунанд

 Ҳуҷуми неруҳои Русия ба Украина 24-уми феврали соли 2022 сар шуд. Ин сабаби мушкилоти ҷиддӣ гашт, ки дар натиҷа миллионҳо одамоне, ки ҷонашон дар хатар буд, рӯ ба гурез ниҳоданд a.

 «Он ҷо бомбаҳо мекафиданд. Ин беҳад тарсовар буд, намедонам тарсамро чӣ тавр баён кунам. Вақте фаҳмидем, ки барои эвакуатсия қатора будааст, қарор кардем, ки мегурезем. Мо ҳама чизамонро партофта, ҳар якеамон бо худ танҳо як рюкзаки хурд гирифтем, ки дар он танҳо ҳуҷҷатҳо, доруҳо, об ва каме хӯрок буд. Вақте мо ба истгоҳи қатора мерафтем, дар гирду атрофамон бомбаҳо метаркиданд» (Наталия аз Харков, Украина).

 «Мо то лаҳзаи охир умед доштем, ки ҷанг намешавад. Ман аз ҳар гӯшаи шаҳр садои таркишҳоро мешунидам ва аз ин тирезаҳои хона меларзиданд. Барои ҳамин қарор кардам, ки бо худ танҳо чизҳои заруриро гирифта, мегурезам. Ман хонаро соати 8:00-и саҳар тарк кардам ва ба қатора шишта, ба Лвов рафтам ва аз он ҷо бо автобус ба Полша рафтам» (Надя аз Харков, Украина).

Дар ин мақола

 Сабаби асосии гуреза шудани одамон дар чист?

 Бисёр одамон аз сабаби ҳуҷуми неруҳои Русия ба Украина гуреза шуданд. Аммо Китоби Муқаддас сабабҳои асосии гуреза шудани одамонро равшантар ошкор мекунад:

  •   Ҳокимиятҳои одамӣ ба одамизод он чизеро, ки ба он ниёз дорад, дода наметавонанд. Онҳое, ки дар сари қудратанд, ҳокимияташонро бештар барои зулму ситам истифода мебаранд (Пандгӯ 4:1; 8:9).

  •   Шайтон Иблис «ҳокими ин ҷаҳон» ба одамон таъсири бад мерасонад. Дар ин бора Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст» (Юҳанно 14:30; 1 Юҳанно 5:19).

  •   Бар болои ҳама душвориҳое, ки одамизод тӯли садсолаҳо дошт, як душвории дигар зам шудааст, ки он замоне мебошад, ки мо дар он зиндагӣ дорем. Дар ин бора Китоби Муқаддас чунин пешгӯйӣ карда буд: «Дар рӯзҳои охир замонҳои сахт фаро мерасанд» (2 Тимотиюс 3:1). Ғайр аз ин, ҷангҳо, офатҳои табиӣ, гушнагӣ ва вабоҳо, ки нишонаҳои ин рӯзҳои охир мебошанд, сабаби гуреза шудани одамон мегарданд (Луқо 21:10, 11).

 Гурезагон ба чӣ умед баста метавонанд?

 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Офаридгорамон Яҳува b ба гурезагон ва онҳое, ки хонаашонро тарк кардаанд, ғамхору меҳрубон аст (5 Мӯсо 10:18). Ӯ ваъда медиҳад, ки душвориҳои гурезагонро ба воситаи ҳокимияти осмонияш, ки Подшоҳии Худо ном дораду ҷойи тамоми ҳокимиятҳои одамиро мегирад, ҳал мекунад (Дониёл 2:44; Матто 6:10). Яҳува Подшоҳияшро истифода бурда Шайтон Иблисро нест мекунад (Румиён 16:20). Ин Подшоҳӣ бар тамоми замин ҳукм ронда, ҳар гуна нофаҳмиҳоеро, ки аз сабаби тақсимоти сарҳадҳо пайдо шудаанд, бартараф мекунад. Он вақт тамоми одамон мисли як оила дар ягонагӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Дигар ба касе лозим намешавад, ки хонаашро тарк кунад, зеро Китоби Муқаддас чунин ваъда медиҳад: «Ҳар яки онҳо зери токи худ ва дарахти анҷири худ мешинад ва касе онҳоро наметарсонад, зеро худи Яҳува, Худои лашкарҳо, инро гуфтааст» (Мико 4:4).

 Танҳо Подшоҳии Худо метавонад тавре кунад, ки дигар одамон гуреза нашаванд. Яҳува ҳар гуна душвориеро, ки одамонро ба гуреза шудан маҷбур месозад, бартараф мекунад. Биёед якчанд мисолро дида бароем:

  •   Ҷанг. «Ӯ [Яҳува] ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9). Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр Худо ба ҷангу ҷидолҳо хотима мебахшад, мақолаи «Чӣ тавр сулҳу осоиштагӣ дар замин пойдор мегардад?»-ро хонед.

  •   Зулму ситам. «[Яҳува] онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:14). Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр одамон хислатҳои бадашонро дигар мекунанд, ба силсилаи мақолаҳои «Занҷири нафратро барканед!» нигаред.

  •   Камбағалӣ. «Ӯ [Яҳува] бечораеро, ки нола мекунад... халосӣ хоҳад дод» (Забур 72:12). Мақолаи «Нобаробарии иқтисодӣ. Оё ин душворӣ ҳал мешуда бошад?»-ро хонда фаҳмед, ки чӣ тавр Худо камбағалиро аз беху бунаш нест мекунад.

  •   Гушнагӣ. «Дар рӯйи замин ғалла фаровон мешавад» (Забур 72:16). Худо моро дилпур месозад, ки дигар ҳеҷ кас гушна намемонад. Дар ин бора аз мақолаи «Ҷаҳоне, ки дар он гушнагӣ нест», бештар фаҳмед.

 Оё имрӯзҳо Китоби Муқаддас ба гурезагон кумак карда метавонад?

 Бале. Китоби Муқаддас ба гурезагон на танҳо ба оянда умед мебахшад, балки кумак мекунад, ки онҳо душвориҳояшонро паси сар карда тавонанд.

 Маслиҳати Китоби Муқаддас. «Сода ба ҳар гап бовар мекунад, аммо ҳушёр дониста қадам мемонад» (Панднома 14:15).

 Маънидод. Пешакӣ фикр кунед, ки бо кадом вазъиятҳои хатарнок рӯ ба рӯ шуда метавонед ва чӣ тавр худро дар ин хел ҳолатҳо муҳофизат кардан мумкин аст. Дар ҷойи нав аз ҷинояткороне, ки аз вазъияти душвор ва бепушту паноҳ мондани шумо истифода бурда метавонанд, эҳтиёт шавед.

 Маслиҳати Китоби Муқаддас. «Пас, хӯроку пӯшок ки дошта бошем, биёед бо ин чизҳо қаноат кунем» (1 Тимотиюс 6:8).

 Маънидод. Диққатро ба чизҳои моддӣ равона накунед. Вақте бо чизҳои доштаатон қаноат менамоед, бештар хурсанд мешавед.

 Маслиҳати Китоби Муқаддас. «Чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр кунед» (Матто 7:12).

 Маънидод. Пурсабру меҳрубон бошед. Ин хислатҳо ба шумо ёрдам мекунанд, ки дар ҷойи нав одамон шуморо ҳурмат карда дари дилашонро ба рӯятон боз кунанд.

 Маслиҳати Китоби Муқаддас. «Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед» (Румиён 12:17).

 Маънидод. Вақте ба шумо муносибати бад мекунанд, ба ғазаб омада қасд нагиред. Ин вазъиятро аз будаш бадтар мекунаду халос.

 Маслиҳати Китоби Муқаддас. «Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд» (Филиппиён 4:13).

 Маънидод. Ҳеҷ гоҳ дасти Яҳуваро сар надиҳед ва ба ӯ доимо дуо гӯед. Худо ба шумо қуввати лозима мебахшад, то душвориҳоро паси сар намоед.

 Маслиҳати Китоби Муқаддас. «Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ нигаҳбонӣ мекунад» (Филиппиён 4:6, 7).

 Маънидод. Бо кадом вазъияте рӯ ба рӯ нашавед, аз Худо мадад пурсед, ки ба дилатон оромӣ бахшад. Ба мақолаи «Филиппиён 4:6, 7. “Ғами чизеро нахӯред”» нигаред.

a Пас аз як рӯзи сар шудани ҳуҷум Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба корҳои гурезагон гуфт, ки ин ҷиддитарин вазъияти фавқулода мебошад. Танҳо дар муддати 12 рӯз зиёда аз ду миллион гурезагон Украинаро тарк карда, ба давлатҳои ҳамсоя гурехтанд, як миллиони дигар бошанд, хонаву дари худро партофта, ба дигар минтақаҳои Украина фирор карданд.

b Яҳува ин номи Худо мебошад (Забур 83:18). Ба мақолаи «Яҳува кист?» нигаред.