Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Comstock Images/Stockbyte via Getty Images

Коррупсия дар сиёсат. Чӣ тавр Подшоҳии Худо ин душвориро ҳал мекунад?

Коррупсия дар сиёсат. Чӣ тавр Подшоҳии Худо ин душвориро ҳал мекунад?

 Одамон аз ришвахӯрӣ (коррупсия) монда шуданд. Ҳама мехоҳанд, ки кормандони давлат одамони боваринок бошанд. Тадқиқоте, ки дар давлатҳои гуногун гузаронида шуду соли 2023 нашр гардид, нишон медиҳад, ки одамон ба кормандони давлат ва сиёсатмадорон бовар надоранд a.

 Дар Китоби Муқаддас дар бораи ҳокимияте гуфта шудааст, ки ба сардори он сад фоиз бовар кардан мумкин аст, зеро ӯ боинсоф асту ришвахӯриро чашми дидан надорад. Ин ҳокимият Подшоҳии Худо ном дорад ва сардори он Исои Масеҳ мебошад (Ишаъё 9:7).

 Ҳаёти Исо исбот мекунад, ки ӯ дар бораи одамон самимона ғамхорӣ мекунад (Матто 9:35, 36). Ба наздикӣ ҳамаи касоне, ки ҳокимияти Ҳазрати Исоро эътироф мекунанд, шоҳиди он мегарданд, ки чӣ тавр ӯ дар замин сулҳу адолатро барпо менамояд (Забур 72:12–14).

a «2023 Edelman Trust Barometer Global Report.»