Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

sinceLF/E+ via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Кӣ шаҳрвандони одиро наҷот медиҳад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Кӣ шаҳрвандони одиро наҷот медиҳад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Созмони Миллали Муттаҳид хабар медиҳад:

  •   Аз 7 то 23 октябри соли 2023, дар натиҷаи ҷанги Ғаззаву Исроил беш аз 6400 нафар кушта шуданд ва 15 200 кас осеб диданд. Бисёри онҳо шаҳрвандони одӣ буданд. Илова бар ин, садҳо ҳазор одамон маҷбур шуданд, ки хонаву дари худро партофта гурезанд.

  •   То 24-уми сентябри соли 2023 дар натиҷаи ҷанги Украинаву Русия, 9701 нафар шаҳрвандони одии Украина кушта шуданд ва 17 748-нафарашон захмӣ гардиданд.

 Китоби Муқаддас ба касоне, ки аз ҷанг азоб мекашанд, чӣ умед мебахшад?

Умед ҳаст!

 Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки Худо «ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9). Ӯ ба ҷойи тамоми ҳукуматҳои инсонӣ Подшоҳиеро барпо менамояд, ки аз осмон ҳукмронӣ хоҳад кард (Дониёл 2:44). Ин Подшоҳӣ тамоми одамизодро аз зулму ситам ва бадӣ халос мекунад.

 Аҳамият диҳед, ки ҳазрати Исо ҳамчун шоҳи Подшоҳии Худо чӣ кор мекунад:

  •   «Ӯ бечораеро, ки нола мекунад ва бенавову бепуштупаноҳро халосӣ хоҳад дод. Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард ва ҷони мискинро наҷот хоҳад дод. Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:12–14).

 Худо ба воситаи ин Подшоҳӣ, тамоми ранҷу азоберо, ки дар натиҷаи ҷангу зӯроварӣ ба миён омаданд, пурра бартараф хоҳад кард.

  •   «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ошкорсозӣ 21:4).

 Ба наздикӣ Подшоҳии Худо дар замин дигаргуниҳои калон мекунад. Чаро ба ин бовар кардан мумкин аст? Чунки «ҷанг ва овозаи ҷангҳо»-е, ки мо имрӯз мешунавем, дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд (Матто 24:6). Ин ва дигар воқеаҳо исбот мекунанд, ки мо дар «рӯзҳои охир»-и ҳастии ҳокимиятҳои инсонӣ зиндагӣ дорем (2 Тимотиюс 3:1).