ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Чаро имрӯз бисёр ҷавонон бемории равонӣ доранд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Рӯзи душанбе, 13-уми феврали соли 2023, Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Иёлоти Муттаҳида дар бораи саломатии равонии ҷавонони мамлакаташ ҳисоботеро нашр кард. Маълум гардид, ки зиёда аз 40 фоизи талабагони синфҳои болоӣ ҳама вақт зиқию рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ ҳис мекунанд.
Равоншинос Кэтлин Этиер, ки сардори шуъбаи тандурустии мактаббачагон мебошад, чунин гуфт: «Зиёда аз 10 сол мо пай мебарем, ки саломатии равонии ҷавонону наврасон торафт бад шуда истодааст. Лекин чунин шумораи зиёди ҷавондухтаронеро, ки дар фикри худкушиянд ё ҳатто ба он даст задан мехоҳанд, аз ин пеш ягон бор надида будем».
Дар он ҳисобот чунин навишта шуда буд:
Аз байни 10 духтари наврас беш аз 1 нафараш (14 фоизи пурсидашудагон) бар зидди хоҳиши худ ба алоқаи ҷинсӣ даст задааст. Кэтлин Этиер мегӯяд: «Ин адад сахт ташвишовар аст, чунки аз байни 10 духтаре, ки шумо мешиносед, камаш 1 нафар (шояд, аз ин ҳам зиёд) таҷовуз шудааст».
Ҳар 3-юм духтари наврас (30 фоизи пурсидашудагон) фикри худкуширо дорад.
Аз байни 5 нафар духтари наврас 3 нафараш (57 фоизи пурсидашудагон) доимо рӯҳафтодагию ноумедӣ ҳис мекунад.
Ин ҳисобот дилрешкунанда аст. Охир, наврасӣ давраи ширину беғами зиндагӣ аст! Чӣ ба наврасон кумак мекунад, ки бо ин душворӣ мубориза баранд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Кумак ба наврасон
Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки мо дар рӯзҳои душвору ноором зиндагӣ дорем ва онро «замонҳои сахт» меномад (2 Тимотиюс 3:1–5). Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба миллионҳо ҷавонони саросари дунё ёрдам мекунад, ки ба ғаму ташвишҳояшон тоб оранд. Баъзе аз ин маслиҳатҳоро дар маводи зерин ёфтан мумкин аст.
Агар наврас фикри худкуширо дошта бошад
Агар наврасро фикрҳои безеб, депрессия ё ташвишу хавотирӣ азоб диҳанд
«Табдил ёфтани ғам ба шодӣ» (аниматсияи фломастерӣ)
Агар наврасро дар мактаб ё шабакаҳои иҷтимоӣ ғам диҳанд
«Бе мушту лагад адаби беодобро бидеҳ» (аниматсияи фломастерӣ)
Агар ба наврас дасти зӯрӣ кунанд
Кумак ба волидон
Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин барои волидон маслиҳатҳо оварда шудаанд. Бо ёрии онҳо волидон метавонанд ба фарзандонашон барои ба ҳар гуна душвориҳо тоб овардан кумак кунанд. Баъзе аз ин маслиҳатҳоро дар мақолаҳои зерин ёфтан мумкин аст.