Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Photo by Zhai Yujia/China News Service/VCG via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Обхезиҳо. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Обхезиҳо. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Дар саросари дунё дар бисёр давлатҳо обхезиҳои калон рӯй дода истодаанд. Дар поён баъзе ҳисоботҳо оварда шудаанд.

  •   «Дар пойтахти Хитой боришоти сахте ба амал омад, ки тӯли 140 сол ин хел нашуда буд. Аз рӯзи шанбе то чоршанбе дар он ҷо 744,8 миллиметр борон борид» (AP News, 2 августи 2023).

  •   «Дар ҷануби Ҷопон аллакай дуюм рӯз мешавад, ки тӯфони “Ҳанун” амал мекунад. Дар натиҷаи он борон ва шамоли сахт рӯй дод. Камаш ду одам вафот кард. Эҳтимол меравад, ки дар ноҳияҳои кӯҳистони қисми марказии Тайван беш аз 600 миллиметр борон меборад» (Deutsche Welle, 3 августи 2023).

  •   «Рӯзҳои истироҳат дар он минтақаи Канада, ки дар соҳили Атлантика ҷойгир аст, тӯли 50 сол аввалин бор боришоти сахте ба амал омад, ки сабаби обхезиҳо дар деҳаҳои Шотландияи Нав гашт» (BBC News, 24 июли 2023).

 Мо зуд-зуд чунин хабарҳоро мешунавем. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас чӣ гуфта шудааст?

Аломати «рӯзҳои охир»

 Замоне, ки мо дар он зиндагӣ дорем, дар Китоби Муқаддас «рӯзҳои охир» номида шудааст (2 Тимотиюс 3:1). Ҳазрати Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир «ҳодисаҳои пурдаҳшат» ва «аломатҳои бузург» рӯй медиҳанд (Луқо 21:11). Ин рӯйдодҳои ғайритабииеро, ки имрӯз дар ҷаҳон дида мешаванд, хеле нағз нишон медиҳад. Аз сабаби дигаргунии обу ҳаво ин чизҳо бештар ғайричашмдошт, тез-тез ва бо шиддат рӯй медиҳанд.

Умед ҳаст!

 Мувофиқи Китоби Муқаддас ҳодисаҳои даҳшатоваре, ки имрӯз дар ҷаҳон мебинем, умедбахшанд. Чаро? Исо гуфта буд: «Вақте ин воқеаҳоро бубинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст» (Луқо 21:31; Матто 24:3).

 Рӯйдодҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо қувваи табиатро назорат мекунад ва дигар ягон офати табиӣ, аз ҷумла обхезиҳо, ҳаёти моро ғамовар намесозанд (Айюб 36:27, 28; Забур 107:29).

 Мақолаи «Кӣ Заминро аз нобудшавӣ нигоҳ медорад?»ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр Подшоҳии Худо душвориҳои экологиро ҳал мекунад.