ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Оё бозиҳои олимпӣ дар ҳақиқат одамонро муттаҳид сохта метавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Тахмин меравад, ки бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024-ро қариб 5 миллиард одамон тамошо мекунанд. Дар ин бозиҳо варзишгарони 206 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Томас Бах чунин гуфт: «Мо дар чорабиние иштирок дорем, ки ба сулҳу ваҳдати ҷаҳон мусоидат мекунад. Новобаста ба миллату нажод, одамон дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ карда метавонанд. Ин аст ҳадафи асосии бозиҳои олимпӣ. Биёед ин ҳадафро тарафдорӣ намуда онро қадр кунем».
Оё дар ҳақиқат бозиҳои олимпӣ одамонро муттаҳид сохта метавонанд? Оё барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати ҳақиқӣ умеде ҳаст?
Бозиҳои олимпӣ муттаҳид месозанд ё ин ки баръакс?
Бозиҳои олимпии имсола диққатро на фақат ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карданд, балки нишон доданд, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ одамонро аз ҳам ҷудо мекунанд. Ин масъалаҳо ҳуқуқи инсон, миллатпарастӣ, нобаробарӣ ва таҳқири ҳиссиёти имондоронро дар бар мегиранд.
Рост аст, ки тамошои чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ ба мисли бозиҳои олимпӣ мардумро шод мегардонанд. Аммо ҳамзамон ин гуна бозиҳо зиддиятҳоеро, ки оламро ба ташвиш овардааст, равшантар сохта, ба ҷойи муттаҳид намудани одамон, онхоро боз ҳам бештар аз ҳам ҷудо месозанд.
Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар замонҳои мо одамон хислатҳоеро зоҳир мекунанд, ки аз боиси он ба даст овардани ягонагӣ душвор мегардад (2 Тимотиюс 3:1–5). Агар дар ин бора бештар фаҳмидан хоҳед, мақолаи «Оё дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шудааст, ки ахлоқи одамон дар рӯзҳои мо чӣ гуна мешавад?»-ро хонед.
Умеди ҳақиқӣ ба сулҳу ваҳдати умумиҷаҳонӣ
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки чӣ тавр дар рӯйи замин сулҳу осоиштагӣ пойдор мегардад. Он ваъда медиҳад, ки тамоми инсоният зери ҳукмронии ҳукумати осмоние, ки «Подшоҳии Худо» ном дорад, муттаҳид хоҳад шуд (Луқо 4:43; Матто 6:10).
Шоҳи Подшоҳии Худо, Ҳазрати Исо, ба наздикӣ сулҳу осоиштагиро дар ҷаҳон пойдор месозад. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад:
«Росткор нашъунамо меёбад ва... осоиштагӣ фаровон мешавад» (Забур 72:7).
«Ӯ бечораеро, ки нола мекунад... халосӣ хоҳад дод... Онҳоро аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Забур 72:12, 14).
Таълимоти Ҳазрати Исо имрӯз ҳам миллионҳо одамонеро, ки дар 239 кишвар зиндагӣ мекунанд, муттаҳид месозад. Ин гурӯҳи одамон Шоҳидони Яҳува ном доранд, ки дар саросари ҷаҳон сулҳпарвар буданро ёд гирифтаанд. Чӣ тавр онҳо сулҳҷӯ шуданд? Барои маълумоти бештар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро, ки «Занҷири нафратро барканед!» ном дорад, хонед.