Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ahmad Gharabli/AFP via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Оё ҳокимиятдорон душвории экологиро бартараф сохта метавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Оё ҳокимиятдорон душвории экологиро бартараф сохта метавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Рӯзи якшанбе, 20-уми ноябри соли 2022, иҷлосияи 27-уми Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP27) ба охир расид. Дар ин конференсия қарори муҳим бароварда шуд: бояд ба мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ маблағ ҷудо карда шавад, то зарари офатҳои табииро, ки аз сабаби дигаршавии иқлим рӯй дода истодаанд, бартараф созанд. Бисёриҳо эътироф мекунанд, ки ба ҳар ҳол ин қарор ба решаи душворӣ теша намезанад.

  •   «Ман розиям, ки барои рӯпӯш кардани осебу зарари офатҳо фонд ташкил диҳем... Лекин аён аст, ки ин барои ҳалли масъала кофӣ нест... [...] Сайёраи мо то ҳол гӯё дар шуъбаи эҳё қарор дорад» (котиби генералии СММ Антониу Гутерриш, 19 ноябри 2022).

  •   «Иқлими ҷаҳон дар ҳолати фалокатовар қарор дорад» (Мэри Робинсон, собиқ президенти Ирландия ва комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, 20 ноябри 2022).

 Ояндаи сайёраи мо ва иқлими он хусусан ҷавононро ба ташвиш овардааст. Оё ҳама роҳбарони давлатҳои ҷаҳон барои иҷрои ин ваъдаашон қувваи худро муттаҳид сохта вазъиятро тағйир дода метавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Оё давлатҳои ҷаҳон душвориҳои экологиро бартараф сохта метавонанд?

 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки ҳокимиятдорон чӣ қадар кӯшишу заҳмат накашанд ҳам, душвории иқлимро ба куллӣ ҳал карда наметавонанд. Барои ин ду сабаб ҳаст:

  •   «Он чиро каҷ аст, рост кардан номумкин аст» (Пандгӯ 1:15).

     Маънидод. Қудрату тавоноии ҳокимиятдорон маҳдуд аст, чунки инсоният барои он офарида нашудааст, ки бар каси дигар ҳукмронӣ кунад (Ирмиё 10:23). Ҳатто агар ҳамаи давлатҳо муттаҳид шаванд ҳам, душвориҳои ҷаҳонро ҳал карда наметавонанд.

  •   «Одамон худбин, пулпараст... номуросо» мешаванд (2 Тимотиюс 3:2, 3).

     Маънидод. Дар Китоби Муқаддас аниқу равшан пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои мо бисёр одамон худбину номуросо мешаванд ва ин барои беҳтар кардани ҳаёти дигарон халал мерасонад.

Умед ҳаст!

 Лекин ояндаи сайёраи мо дар дасти роҳбарони ҷаҳон нест. Худованд барои инсоният аллакай Ҳокими мувофиқу тавоноро интихоб кардааст, ки ин Исои Масеҳ мебошад. Биёед баъзе пешгӯйиҳоро дар бораи ӯ дида бароем:

  •   «Ҳукмронӣ бар дӯши ӯ гузошта мешавад. Ӯ Маслиҳатгари доно, Худои тавоно, Падари ҷовидонӣ ва Мири осоиштагӣ номида мешавад» (Ишаъё 9:6, эзоҳ).

 Исои Масеҳ шоҳи Подшоҳии Худо мебошад, ки аз осмон ҳукмронӣ мекунад (Матто 6:10). Ӯ мехоҳад, ки дар бораи сайёраи мо ва одамизод ғамхорӣ кунад ва барои ин хираду қудрати лозима дорад (Забур 72:12, 16). Таҳти роҳбарии ӯ ҳукумати осмонӣ пеши роҳи ҳама «нобудгарони замин»-ро мегирад ва тамоми зарареро, ки одамон ба муҳити атроф расонданд, бартараф месозад (Ошкорсозӣ 11:18; Ишаъё 35:1, 7).

 Дар бораи он ки чӣ тавр душвориҳои экологӣ ба пуррагӣ ҳал карда мешаванд, аз мақолаи «Тағйир ёфтани иқлим ва ояндаи мо. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?» бештар фаҳмед.