ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Гармои шадид дар тобистони соли 2023. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Дар саросари дунё ҳарорати баландтарини гармо ва дигаргуниҳои харобиовари обу ҳаво, ки бо он алоқаманд аст, ба назар мерасад. Ана якчанд мисол.
«Моҳи июни соли равон дар тӯли 174 сол мушоҳидаи боду ҳаво дар тамоми ҷаҳон аз ҳама моҳи гармтарин буд» (Маъмурияти миллии уқёнусҳо ва тадқиқи атмосфера, назди Вазорати тиҷоратии ИМА, 13 июли 2023).
«Итолиё, Испониё, Фаронса, Олмон ва Полша бо гармои шадид рӯ ба рӯ шуданд. Дар ҷазираҳои Ситсилия ва Сардиния ҳарорати ҳаво ба 48 дараҷа расида метавонад. Ин аз ҳама ҳарорати баландтарине мебошад, ки дар Аврупо ба қайд гирифта шудааст (Шуъбаи кайҳонии Аврупо, 13 июли 2023).
«Бо мурури он ки сайёра тасфида истодааст, мо боронгариҳои бошиддат ва мунтазамро интизорем. Дар натиҷа обхезиҳо шуданаш мумкин аст (Стефан Уленбрук, директори ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ, 17 июли 2023).
Оё шумо аз ин хабарҳо ба ваҳм афтодед? Аҳамият диҳед, ки Китоби Муқаддас дар бораи обу ҳавои ғайримуқаррарӣ чӣ мегӯяд.
Оё боду ҳавои ғайримуқаррарӣ дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд?
Ҳа. Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас гармои шадид ва боду ҳавои ғайримуқаррарӣ яке аз нишонаҳои рӯзҳои мо аст. Масалан, дар бораи рӯзҳои охир Исо гуфта буд, ки мо «ҳодисаҳои пурдаҳшат» ва «аломатҳои бузург»-ро хоҳем дид (Луқо 21:11). Бисёриҳо хавотиранд, ки аз сабаби гармои шадид дар замин зиндагӣ кардан ғайриимкон шуда метавонад.
Оё дар рӯйи замин зиндагӣ кардан ғайриимкон мешавад?
Не. Худо заминро барои он офарид, ки мо дар он абадан зиндагӣ кунем ва ӯ намегузорад, ки одамон заминро нобуд созанд (Забур 115:16; Пандгӯ 1:4). Илова бар ин, ӯ ваъда медиҳад, ки «нобудгарони замин»-ро нобуд месозад (Ошкорсозӣ 11:18).
Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Худо метавонад замини моро аз фалокати экологӣ наҷот диҳад ва ӯ ин корро ҳатман мекунад.
«[Худо] тундбодро хомӯш мекунад ва мавҷҳои баҳр ором мешаванд» (Забур 107:29). Худо қувваҳои табиатро идора карда метавонад. Ӯ қудрат дорад фалокати экологиро, ки он имрӯз сабаби боду ҳавои ғайримуқаррарӣ гаштаасту одамизод аз он азоб мекашад, бартараф созад.
«Ту ба замин ғамхорӣ мекунӣ, онро серҳосилу серғизо мегардонӣ» (Забур 65:9). Бо ёрдами Худо сайёраи мо ба биҳишт табдил меёбад.
Мақолаи «Кӣ Заминро аз вайроншавӣ нигоҳ медорад?»-ро хонда, фаҳмед, ки чӣ тавр замин ободу гул-гулшукуфон мешавад.