ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Чаро одамон сулҳро барпо карда наметавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Роҳбарони ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ сулҳро дар ҷаҳон барпо карда натавонистанд. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон то имрӯз шумораи муноқишаҳои бераҳмона ба ин дараҷа нарасида буд. Тақрибан ду миллиард одамон, яъне чоряки аҳолии дунё, дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз чунин муноқишаҳо зарар диданд.
Чаро одамон сулҳро ба даст оварда наметавонанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Се сабабе, ки чаро одамон сулҳро барпо карда наметавонанд
1. Одамон хислатҳоеро зоҳир мекунанд, ки онҳоро ҳатто аз кӯшиши ба даст овардани сулҳ боз медорад. Дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои мо «одамон худбин, пулпараст, лофзан, ҳавобаланд... бевафо... номуросо... бепарҳез, ваҳшӣ... саркаш ва мағрур мешаванд» (2 Тимотиюс 3:2–4).
2. Инсон, чӣ дар танҳоӣ, чӣ дар якҷоягӣ бо дигарон, бе ёрдами Офаридгор, Яҳува a душвориҳоро ҳал карда наметавонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад» (Ирмиё 10:23).
3. Имрӯз ҷаҳон зери таъсири ҳокими пурзӯр ва бадкор, Шайтон Иблис қарор дорад, ки «тамоми дунёро гумроҳ мекунад» (Ошкорсозӣ 12:9). То даме ки «тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст», ҷангу низоъҳо тамом намешаванд (1 Юҳанно 5:19).
Кӣ сулҳро барпо карда метавонад?
Китоби Муқаддас моро дилпур месозад, ки сулҳ ҳатман барпо мешавад ва инро на ягон инсон, балки худи Худо мекунад.
«”Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам”,— мегӯяд Яҳува,— “ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ, ва ба шумо ояндаву умед бахшам”» (Ирмиё 29:11).
Чӣ тавр Худо ин ваъдаашро иҷро мекунад? «Худои сулҳу осоиштагӣ... Шайтонро... несту нобуд мекунад» (Румиён 16:20). Ӯ ба воситаи подшоҳии осмониаш, ки дар Китоби Муқаддас «Подшоҳии Худо» номида шудааст, дар тамоми дунё сулҳро барқарор менамояд (Луқо 4:43). Зери роҳбарии Ҳазрати Исо, ки шоҳи Подшоҳии Худо мебошад, одамон чӣ тавр дар сулҳу амонӣ зиндагӣ карданро таълим мегиранд (Ишаъё 9:6, 7).
Агар дар ин бора маълумоти бештар гирифтан хоҳед, мақолаи «Подшоҳии Худо дар оянда чӣ кор мекунад?»-ро хонед.
a Яҳува ин номи Худо мебошад (Забур 83:18).