Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Зиёд гаштани зӯроварӣ дар тамоми ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Зиёд гаштани зӯроварӣ дар тамоми ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Моҳи июли соли 2022 дар тамоми ҷаҳон зӯровариву тирпарронӣ зиёд гашт.

  •   «Кушта шудани сиёсатмадори номдори ҷопонӣ [собиқ сарвазир Синдзо Абэ] ҳам шаҳрвандони Ҷопон ва ҳам тамоми ҷаҳонро ба даҳшат овард. Ин, дар ҳақиқат, ҳайратовар аст, зеро дар Ҷопон зӯроварӣ кам дида мешавад ва нисбати истифодабарии яроқ қонунҳои сахт пешбинӣ шудааст» (10 июли 2022, The Japan Times).

  •   «Шаҳрвандони Дания аз он ки дар маркази савдои Копенҳаген тирпарронӣ ба амал омада, дар натиҷаи он се нафар кушта шуд, ба даҳшат афтодаанд» (4 июли 2022, Reuters).

  •   «Африқои Ҷанубӣ: дар натиҷаи тирпарронӣ дар майхонаи Соуэто 15 нафар кушта шуд» (10 июли 2022, The Guardian).

  •   «Чоруми июл дар ИМА дар рӯзи истироҳат, вақти ҷашн гирифтани ид, зиёда аз 220 нафар парронда шуд» (5 июли 2022, CBS News).

 Оё ягон вақт зӯроварӣ нест мешуда бошад? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Зӯроварӣ нест мешавад

 Китоби Муқаддас замонеро, ки мо дар он зиндагӣ дорем, «рӯзҳои охир» меномад, рӯзҳое, ки одамон бераҳм, ваҳшӣ ва бемеҳр мешаванд (2 Тимотиюс 3:1, 3). Аз сабаби зиёд шудани зӯроварӣ одамон дар тарсу ваҳм зиндагӣ мекунанд (Луқо 21:11). Лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ба наздикӣ аз зӯроварӣ ному нишоне намемонад ва одамон «дар макони ором, дар манзилҳои бехатар ва ҷойҳои тинҷ» зиндагӣ мекунанд (Ишаъё 32:18). Чӣ тавр зӯроварӣ нест мешавад?

 Худо одамони бад ва тамоми яроқу аслиҳаро несту нобуд месозад.

  •   «Бадкорон аз замин несту нобуд мегарданд» (Панднома 2:22).

  •   «[Худо] ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад, камонро шикаста, найзаро пора месозад ва аробаҳои ҷангиро оташ мезанад» (Забур 46:9).

 Худо решаи зӯровариро нест мекунад ва одамонро таълим медиҳад, ки бо якдигар дар сулҳу амонӣ зиндагӣ кунанд.

  •   «Онҳо дар тамоми кӯҳи муқаддаси ман бадие намекунанд ва зараре намерасонанд, зеро замин аз дониши Яҳува пур мешавад, чуноне ки баҳр пур аз обҳост» (Ишаъё 11:9).

  •   Аллакай аз ҳозир Худо одамонро таълим медиҳад, ки ба зӯроварӣ рӯ наоранд ва аз истифодаи яроқ даст кашанд. Ӯ инчунин онҳоро даъват мекунад, ки аз «шамшерҳои худ позаҳо ва аз найзаҳои худ каҷкордҳо» созанд (Мико 4:3).

 Мақолаи «Ҷаҳони орому осуда»-ро хонда фаҳмед, ки кай одамон дар тинҷиву амонӣ зиндагӣ мекунанд.

 Мақолаи «Сулҳ пойдор мегардад!»-ро хонда фаҳмед, ки чӣ тавр зӯроварӣ аз беху бунаш нест мешавад.