Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Шаш миллион одам қурбони КОВИД шуд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Шаш миллион одам қурбони КОВИД шуд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ 23-уми майи соли 2022 хабар дод, ки 6,27 миллион одам аз вабои КОВИД-19 нобуд шуд. Аммо дар хабари дигаре, ки 5-уми майи соли 2022 нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз рӯйи тахмини Созмони умумиҷаҳонии ҳифзи тандурустӣ шумораи вафоткардагон зиёдтар буда метавонад. Дар ин хабар гуфта шудааст, ки дар давоми соли 2020 ва 2021 «шумораи одамоне, ки аз вабои КОВИД ё дар натиҷаи он мурданд... тахминан 14,9 миллион буд». Оё дар Китоби Муқаддас оид ба ин гуна офати дилрешкунанда ягон чиз гуфта шудааст?

Китоби Муқаддас дар бораи вабоҳои марговар пешгӯйӣ карда буд

  •   Ҳазрати Исо пешгӯйӣ карда буд, ки «дар рӯзҳои охир» дар ҷаҳон вабоҳои оламгир сар мезананд (Луқо 21:11; 2 Тимотиюс 3:1).

 Пешгӯйии пайғамбар Исо дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодааст. Барои гирифтани маълумоти бештар мақолаи «Нишонаи “рӯзҳои охир” ё “охирзамон” чист?»-ро хонед.

Китоби Муқаддас тасаллӣ мебахшад

  •   «Худои ҳар тасалло... моро дар ҳама азобу уқубатамон тасаллӣ медиҳад» (2 Қӯринтиён 1:3, 4).

 Ҳамаи онҳое, ки наздиконашонро аз даст доданд, аз Китоби Муқаддас тасаллӣ меёбанд. Дар ин бора аз мақолаи «Марги шахси наздик. Чӣ тавр ба ин дард тоб орем?» ва «Беҳтарин кумак ба ғамзадагон» бештар фаҳмед.

Китоби Муқаддас ба ҳалли ин душворӣ равшанӣ меандозад

  •   «Подшоҳии ту биёяд. Хости ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад» (Матто 6:10).

 Ба наздикӣ «Подшоҳии Худо» тавре мекунад, ки дигар касе «ман касалам» намегӯяд (Марқус 1:14, 15; Ишаъё 33:24). Видеонавори «Подшоҳии Худо чист?»-ро тамошо кунед ва дар бораи ин ҳукумати осмонӣ ва корҳое, ки он дар оянда мекунад, маълумот гиред.

 Мо шуморо даъват мекунем, ки дар бораи гуфтаҳои Китоби Муқаддас бештар фаҳмед ва ҳамроҳи оилаатон аз маслиҳату ваъдаҳои олиҷаноби он манфиат гиред.