Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Pawel Gluza/500Px Plus/Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ тӯли 50 сол 73 фоиз кам шуд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ тӯли 50 сол 73 фоиз кам шуд. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Нуҳуми октябри соли 2024 Фонди ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ гузориши ғамовар дод. Он ҷо қайд шуда буд, ки то чӣ андоза инсон ба олами ҳайвоноти ваҳшӣ таъсир расонидааст: «Тӯли 50 соли охир (1970–2020) шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки зери назорат буданд, ба ҳисоби миёна 73 фоиз кам шуд. Мо сахт хавотирем, ки, агар ҳамин хел рафтан гирад, баъди панҷ сол ҳолати Замин бад мешавад».

 Ҳайратовар нест, ки ин хабар бисёриҳоро хавотир кардааст. Охир, мо сайёраамонро дӯст медорем ва ҳаргиз нобуд шудани ҳайвоноти ваҳширо намехоҳем, чунки Худо мо, инсонҳоро, вазифадор кардааст, ки ба ҳайвонот ғамхорӣ кунем (1 Мӯсо 1:27, 28; Панднома 12:10).

 Шояд шумо фикр кунед: «Барои ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ чӣ кор кунем? Оё Китоби Муқаддас дар ин бора чизе мегӯяд?»

Дунё баумед аст

 Ҳар қадаре ки зӯр назанем, мо ба пуррагӣ ҳайвонҳоро муҳофизат карда наметавонем, ин чиз танҳо аз дасти Худо меояд. Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас, ки дар Ошкорсозӣ 11:18 навишта шудааст, Худо «нобудгарони замин»-ро нобуд мекунад. Мо аз ин оят ду чизро мефаҳмем:

  1.  1. Худо намегузорад, ки одамон заминро пурра несту нобуд кунанд.

  2.  2. Мо дилпурем, ки Худо ба наздикӣ барои ҳифзи сайёраи мо мехезад. Чаро? Чунки имрӯз одамон заминро аз пештара бештар нобуд карда истодаанд.

 Чӣ тавр Худо пеши роҳи ин душвориро мегирад? Ба воситаи Подшоҳияш, ки бар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад (Матто 6:10). Ин ҳукумат тобеони итоаткорашро таълим медиҳад, ки чӣ тавр сайёраи худро муҳофизат карда, ба ҳайвоноти он ғамхорӣ намоянд (Ишаъё 11:9).