ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Шоҳидони Яҳува ва Ҳолокост. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Санаи 27-уми январи соли 2023 бисёр одамон рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳолокостро ҷашн мегиранд. Ин рӯйдоди даҳшатовар зиёда аз 75 сол пеш ба вуқӯъ омада буд. Шояд, шумо пурсед: «Барои чӣ Худо ба қатли омми яҳудиён роҳ дод?»
Мақолаи «Чаро Худо роҳ дод, ки яҳудиён дар Ҳолокост аз як сар кушта шаванд?»-ро хонда, фаҳмед, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд.
Дар давоми Ҳолокост яҳудиён сахт азоб кашиданд. Миллионҳо нафар аз як сар кушта шуданд. Дар он вақт аъзои дигар гурӯҳҳоро низ озор дода, ба қатл мерасонданд. Шоҳидони Яҳуваро ҳам барои эътиқоди бар Китоби Муқаддас асосёфтаашон озор медоданд.
Барои гирифтани маълумоти бештар мақолаи «Шоҳидони Яҳува дар вақти Ҳолокост бо чӣ рӯ ба рӯ шуданд?»-ро хонед.
Ояндаи умедбахш
Бисёр одамон хавотиранд, ки дар ҷаҳон чизе ба мисли Ҳолокост боз рӯй дода метавонад. Хушбахтона, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ин гуна фоҷиа дигар рӯй намедиҳад.
«Ман медонам, ки дар ҳаққи шумо чӣ нияте дорам,— мегӯяд Яҳува,— ният дорам ба шумо осоиштагӣ биёрам, на бадбахтӣ, ва ба шумо ояндаву умед бахшам» (Ирмиё 29:11) a.
Вақте Яҳува Худо аз рӯйи замин бадиро нест карда, тамоми зарари онро бартараф месозад, ин ваъдаи ӯ ҷомаи амал мепӯшад. Ба наздикӣ Худо...
бадкорону зӯроваронро несту нобуд мекунад (Панднома 2:22).
захмҳои осебдидагонро шифо мебахшад (Ошкорсозӣ 21:4).
мурдагонро аз нав дар рӯйи замин зинда мекунад (Юҳанно 5:28, 29).
Шумо ба ин умеди тасаллибахши Китоби Муқаддас бовар карда метавонед. Мо шуморо даъват мекунем, ки бо курси бепули омӯзиши Китоби Муқаддас шинос шавед.
a Яҳува ин номи Худо мебошад (Забур 83:18).