Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Chris McGrath/Getty Images

Ҷангҳо. Чӣ тавр Подшоҳии Худо ин душвориро ҳал мекунад?

Ҷангҳо. Чӣ тавр Подшоҳии Худо ин душвориро ҳал мекунад?

 Ҷангҳо хароб кардани дунёро давом медиҳанд ва ба одамон дарди ҷонгудоз ва азоб меоранд. Дар поён баъзе ҳисобот оварда шудааст:

  •   «Дар 28 соли охир шумораи фавтидагон аз сабаби низоъи ҳарбӣ ба дараҷаи олӣ расид. Ин асосан бо ҷанги Эфиопия ва Украина алоқаманд аст» (Институти ташхиси душвориҳои ҷаҳон, Осло, 7 июни 2023).

  •   «Ҷанг дар Украина ягона низоъе намебошад, ки соли 2022 сар зад. Соли гузашта дараҷаи зӯроварии сиёсӣ дар тамоми ҷаҳон 27 фоиз зиёд шуд ва ин ба қариб 1,7 миллиард одамон таъсир расонд» (ҷамъоварии маълумот дар бораи макон ва воқеаҳои низоъи ҳарбӣ ACLED, 8 феврали 2023).

 Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ҷанг аз байн бурда мешавад. Дар он гуфта шудааст, ки «Худои осмон подшоҳие барпо мекунад, ки ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад» (Дониёл 2:44). Бо ёрии ин Подшоҳӣ, яъне ҳокимият, Худо «ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9).