Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

hadynyah/E+ via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Норасоии хӯрок дар тамоми ҷаҳон аз сабаби ҷангу тағйирёбии иқлим. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Норасоии хӯрок дар тамоми ҷаҳон аз сабаби ҷангу тағйирёбии иқлим. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Аз сабаби ҷанг дар Украина ва тағйирёбии иқлим, дар тамоми ҷаҳон дастрас намудани хӯрокворӣ душвор шуда истодааст. Аз ин хусусан давлатҳои тараққиёфтаистода азоб мекашанд. Дар ин ҷойҳо бисёр касон барои ба даст овардани хӯрок мубориза мебаранд.

  •   «Низоъҳо, тағйирёбии иқлим, нархи шомили нерӯ ва ғайраву ҳоказо ба истеҳсолот ва дастрас намудани маҳсулот зарари калон расонда истодааст» (Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш, 17 июли 2023).

  •   «Мутахассисон мегӯянд, ки аз созишномаи содироти ғалла баромадани Русия бӯҳрони норасоии озуқавориро дар тамоми ҷаҳон шадидтар мекунад ва ба он оварда мерасонад, ки нархи хӯрокворӣ дар давлатҳои камбағал, хусусан дар Африқои Шимолӣ ва Шарқи Миёна баланд мешавад» (Atalayar.com, 23 июли 2023).

 Фаҳмед, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи ин мавзуъ чӣ гуфта шудааст ва он ба оянда чӣ гуна умед мебахшад.

Пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас ба норасоии хӯрок ишора мекунанд

  •   Ҳазрати Исо чунин пешгӯйи карда буд: «Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг мекунад ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнаг[ӣ]... мешавад» (Матто 24:7).

  •   Дар китоби Ошкорсозии Китоби Муқаддас чор савораи рамзӣ тасвир шудааст. Яке аз савораҳо рамзи ҷанг аст. Аз пайи он саворае меояд, ки рамзи гушнагӣ аст. Яъне он ба замоне ишора мекунад, ки дастрас кардани хӯрок душвору нархаш гарон мешавад. «Ман аспи сиёҳ ва савори онро дидам, ки дар даст тарозуе дошт. Сипас... чизеро ба монанди овозе шунидам, ки мегуфт: “Як андоза гандум ба як динор ва се андоза ҷав ба як динор“» (Ошкорсозӣ 6:5, 6).

 Норасоии хӯрок рӯзҳои мо исбот мекунад, ки пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи «рӯзҳои охир» иҷро шуда истодааст (2 Тимотиюс 3:1). Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи «рӯзҳои охир» ё охирзамон ва чор савора аз китоби Ошкорсозӣ видеонавори «Баъди соли 1914 дунё дигар шуд»-ро тамошо кунед ва мақолаи мақолаи «Чор савора кистанд?»-ро хонед.

Чӣ тавр Китоби Муқаддас кумак мекунад?

  •   Дар Китоби Муқаддас маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки барои тоб овардан ба вазъиятҳои душвор, аз ҷумла баланд шудани нархи хӯрокворӣ ва ҳатто гушнагӣ, ёрдам мекунанд. Мақолаи «Чӣ тавр бо пули кам зиндагӣ кунем?»-ро хонед ва бо баъзе маслиҳатҳо шинос шавед.

  •   Китоби Муқаддас ҳамчунин ба мо умед мебахшад, ки вазъият беҳтар мешавад. Дар он ваъда дода шудааст, ки дар оянда дар рӯйи замин «ғалла фаровон мешавад» ва ҳар кас ба серӣ хӯрок мехӯрад (Забур 72:16). Агар фаҳмидан хоҳед, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда боз чӣ ваъда медиҳад ва чаро ба он бовар кардан мумкин аст, мақолаи «Умеди ҳақиқӣ ба фардои беҳтар»-ро хонед.