Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз тарафи чап: натиҷаи тӯфони «Иэн» дар Флорида (ИМА), сентябри 2022 (Sean Rayford/Getty Images); дар марказ: модареро бо писарчааш аз Донетск (Украина) кӯчонида истодаанд, июли 2022 (Alex Chan Tsz Yuk/SOPA Images/LightRocket via Getty Images); аз тарафи рост: ташхиси COVID-19 дар Пекин (Хитой), апрели 2022 (Kevin Frayer/Getty Images)

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Соли 2022 — соли тарсу хавотирӣ. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Соли 2022 — соли тарсу хавотирӣ. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Дар давоми соли 2022 ҷанг, душвориҳои иқтисодӣ ва офатҳои экологӣ сарлавҳаи хабарҳо буданд. Танҳо Китоби Муқаддас маънои аслии ин рӯйдодҳоро мефаҳмонад.

Маънои рӯйдодҳои соли 2022

 Воқеаҳои соли 2022 аниқу равшан нишон медиҳанд, ки чи хеле ки Китоби Муқаддас мегӯяд, мо «дар рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем (2 Тимотиюс 3:1). Ин рӯзҳо соли 1914 сар шуда буданд. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр рӯйдодҳои имрӯза ба он чизе, ки Китоби Муқаддас дар бораи замонҳои мо мегӯяд, рост меоянд:

 «Ҷангҳо» (Матто 24:6).

  •   «Соли 2022  соли ҷанги даҳшатоваре буд, ки бори дигар Аврупо таъсирашро ҳис кард» a.

 Ба мақолаи «Русия ба Украина ҳамла мекунад» нигаред.

 «Гушнагӣ» (Матто 24:7).

  •   «2022: соли гуруснагии даҳшатнок» b.

 Ба мақолаи «Ҷанг дар Украина сабаби қаҳтӣ шуд» нигаред.

 «Вабоҳо» (Луқо 21:11).

  •   «Бемории фалаҷи кӯдакон (полиомелит) ва обакони маймун (обезьянья оспа) паҳн шуда истодаасту зарари КОВИД-19 зиёдтар. Ин вазъият аниқ нишон дод, ки то чӣ андоза бемориҳои гузаранда хатарноканд ва чӣ хел одамизод осебпазир мебошад» c.

 «Ҳодисаҳои пурдаҳшат» (Луқо 21:11).

  •   «Гармои шадид, хушксолӣ, сӯхтори ҷангалҳо ва обхезиҳо. Тобистони соли 2022, бешубҳа, аз сабаби ин рӯйдодҳои шадид, ки бешумор буданд, хотирмон мегардад. Дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ садҳо ҳазор нафар ҳаёташонро аз даст доданд ва миллионҳо нафар дар саросари дунё бехонаю дар шуданд» d.

 Ба мақолаи «Гармои шадид дар тамоми ҷаҳон» нигаред.

 «Бесарусомониҳо [ё «шӯришҳо», поварақ]» (Луқо 21:9).

  •   «Азбаски одамон аз душвориҳои иқтисодӣ, хусусан аз баланд шудани нарху наво, ба қаҳру ғазаб омада буданд, соли 2022 бисёр шӯришҳо зидди ҳокимиятҳо ба амал омаданд» e.

Дар соли оянда чиро интизор шавем?

 Ҳеҷ кас аниқ гуфта наметавонад, ки соли 2023 дар ҷаҳон чӣ рӯй медиҳад. Мо фақат як чизро медонем, ки ба наздикӣ Подшоҳии Худо ё ҳукумати осмонӣ дар замин дигаргуниҳои калон мекунад (Дониёл 2:44). Ин ҳукумат сабаби асосии азоби одамизодро аз байн мебарад ва хости Худоро дар тамоми замин иҷро мекунад (Матто 6:9, 10).

 Мо шуморо даъват мекунем, ки аз рӯйи маслиҳати ҳазрати Исо амал карда ҳушёру бедор бошед ва бинед, ки чӣ тавр дар рӯйдодҳои ҷаҳон пешгӯйии Китоби Муқаддас иҷро шуда истодааст (Марқус 13:37). Китоби Муқаддас аллакай аз ҳозир ҳаёти шуморо беҳтар карда ба шумову наздиконатон кумак мекунад, ки ба ояндаи нек умеди қавӣ пайдо кунед. Агар шумо дар ин бора бештар фаҳмидан хоҳед бо Шоҳидони Яҳува тамос гиред — мо бо ҷону дил ба шумо ёрдам мекунем.

a «2022 Was Year the Horror of War Returned to Europe», AP News, Ҷил Лолес, 8 декабри 2022.

b «A Global Food Crises». Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ.

c «Living in an Age of Pandemics—From COVID-19 to Monkeypox, Polio, and Disease X», JAMA Health Forum,Лоренс Гостин, 22 сентябри 2022.

d «What’s Behind the Record-Breaking Extreme Weather Events of Summer 2022?», Earth.Org, Мартина Игини, 24 октябри 2022.

e «Economic Anger Dominated Global Protests in 2022», Carnegie Endowment for International Peace, Томас Кародерз ва Бенҷамин Фелдман, 8 декабри 2022.