Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

YURI LASHOV/AFP via Getty Images

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Масеҳиён ва ҷанг. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Масеҳиён ва ҷанг. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Чи хеле ки мебинем, дар ҷанги Украина бисёр пешвоёни дини масеҳӣ мардумро ташвиқ мекунанд, ки дар ҷанг иштирок кунанд. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр баъзе рӯҳониён дар ҷанг ин ё он тарафро дастгирӣ мекунанд:

  •   «Мо бо ҳамаи ҷанговаронамон, ки ватанашон Украинаро аз дасти душман ҳимоя мекунанд, мефахрем ва ба онҳо миннатдорем... Шумо ҳамеша дар дили моед, мо пайваста дар ҳаққатон дуо гуфта, шуморо дастгирӣ мекунем» (Епифании 1, Митрополити Киев, «The Jerusalem Post», 16 марти с. 2022)..

  •   «Дар ҳоле ки Москва бар зидди Украина аскарони худро мефиристад, пешвои калисои православии Русия рӯзи якшанбе бо аскарони мамлакаташ вохӯрии махсус гузаронда, онҳоро ташвиқ кард, ки мамлакати худро тавре ҳимоя кунанд, ки танҳо халқи рус карда метавонад» («Reuters», 3 апрели с. 2022).

 Оё масеҳиён бояд дар ҷанг иштирок кунанд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки пайравони ҳақиқии Исои Масеҳ дар ҷанг иштирок намекунанд.

  •   «Шамшератро ба ҷояш мон, чунки ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта мешаванд» (Матто 26:52).

     Оё гуфтан мумкин аст, ки касе, ки ҷангро дастгирӣ мекунад ё дар он иштирок менамояд, ба ин суханони Исо гӯш медиҳад?

  •   «Ба шумо амри наве медиҳам: якдигарро дӯст доред. Чуноне ки ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама мефаҳманд, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳанно 13:34, 35).

     Оё гуфтан мумкин аст, ки касе, ки ҷангро дастгирӣ мекунад, муҳаббатеро, ки аз рӯйи он шогирдон ё пайравони Исоро мешиносанд, зоҳир мекунад?

 Аз мақолаи «Оё масеҳият бо ҷанг алоқамандие дорад?» дар ин бора бештар маълумот гирифта метавонед.

Масеҳият ва ҷанг дар рӯзҳои мо

 Оё имрӯз масеҳиён аз иштирок дар ҷанг даст кашида метавонанд? Бале. Китоби Муқаддас дар бораи рӯзҳои мо, яъне «рӯзҳои охир», пешгӯйӣ карда мегӯяд, ки дар он вақт аз тамоми миллатҳо халқе пайдо мешавад, ки «дигар ҷангро таълим намегиранд» (Ишаъё 2:2, 4).

 Ба қарибӣ Яҳува a, «Худои сулҳу осоиштагӣ», ба воситаи ҳокимияти осмонияш одамонро «аз зулму ситам халос хоҳад кард» (Филиппиён 4:9; Забур 72:14).

a Яҳува номи Худо аст (Забур 83:18).