ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?
Биноҳое, ки Омӯзгори бузургро ҷалол медиҳанд
1 ИЮЛИ 2023
Яҳува таълим додани халқашро дӯст медорад. Барои ҳамин ташкилоти ӯ якчанд мактабҳоро таъсис дод. Дар он донишҷӯён таълим мегиранд, ки чӣ хел таъйиноти худро беҳтар иҷро кунанд. Яке аз чунин мактабҳо Мактаби воизони хушхабар (минбаъд МВХ) мебошад. Солҳои охир ташкилоти Яҳува на танҳо ба барномаҳои мактаб, балки ба биноҳое, ки дар он мактабҳо мегузаранд, диққати махсус медиҳад. Бародарон мехоҳанд, ки ба муаллимон таълим додан ва ба донишҷӯён таълим гирифтан осонтар шавад. Чӣ тавр хайрияи шумо барои ба ин мақсад расидан кумак мерасонад?
Шароити донишҷӯён беҳтар шуд
Тӯли солҳо мактабҳои ташкилот дар ибодатгоҳҳо ва Толорҳои анҷуман мегузаштанд. Пас, чаро мо вақтҳои охир барои мактабҳои ташкилот биноҳои нав месозем ё биноҳоеро, ки бо ин мақсад истифода мешаванд, таъмир мекунем? Биёед се сабабро дида бароем.
Талаботи бештар пайдо шуд. Ёрдамчии кумитаи хизматии Ҳайати роҳбарикунанда, Кристофер Мейвор мегӯяд: «Мувофиқи ҳисоботи баъзе филиалҳо барои расондани хушхабар ниёзи калон вуҷуд дорад. Масалан, соли 2019 филиали Бразилия ҳисоб кард, ки барои рӯпӯш кардани ниёзи минтақаҳои филиалашон тақрибан 7600 хатмкунандаи МВХ лозим аст». Мувофиқи ҳисоботи филиали Иёлоти Муттаҳида ба пешравони ботаҷрибае,ки ба дигарон дар ҷойҳои серодами шаҳрҳои калон, бандарҳо ва зиндонҳо мавъиза карданро ёд дода метавонанд, ниёзи калон вуҷуд дорад. Ҳамчунин бародароне лозиманд, ки дар Шуъбаи маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон ва Кумитаи кор бо беморхонаҳо хизмат карда метавонанд. Хатмкунандагони МВХ барои рӯпӯш кардани ин ниёзҳо кумак карда метавонанд.
Шумораи хоҳишмандон зиёд шуд. Ба бисёр филиалҳо аз хоҳишмандони зиёде дархост омад. Масалан, танҳо дар муддати як сол ба филиали Бразилия қариб 2500 дархост барои таҳсил дар МВХ омад. Лекин айни ҳол филиали Бразилия шароити таълим додани онҳоро надорад ва аз сабаби набудани синфхона, филиал дархости танҳо 950 донишҷӯйро қабул карда тавонист.
Ҷойи зисти бештар лозим шуд. Донишҷӯёне, ки дар ибодатгоҳ ва Толори анҷуман таҳсил мекарданд, одатан дар хонаи бародару хоҳарони маҳаллӣ меистоданд. Агар мактаб дар як сол як-ду бор гузарад, ин қулай аст. Лекин агар мактабҳо дар муддати як сол якчанд бор пай дар пай гузаронда шаванд, он гоҳ воизони маҳаллӣ донишҷӯёнро дар хонаи худ меҳмон карда наметавонанд. Бо ин мақсад барои зисти донишҷӯён биноҳое омода карда шуданд, ки ба синфхонаҳо наздиканд.
Вобаста ба макон ва дигар омилҳо, бино бо як синфхона, ҷойи зист (барои тақрибан 30 донишҷӯ ва омӯзгорон) ва ҷой барои хизматрасонии сокинонаш, якчанд миллион доллар арзиш дошта метавонад.
Хусусияти биноҳои Мактаб
Мактабҳо одатан берун аз шаҳр, дар минтақаи ором, вале дар наздикии марказҳои нақлиётӣ ҷойгиранд. Ҳангоми интихоби макон бештар ба минтақаҳое бартарӣ дода мешавад, ки шумораи воизонаш зиёданд, зеро онҳо метавонанд дар корҳои мактаб ва нигоҳдории бинову таҷҳизот кумак кунанд.
Ин биноҳо китобхона, ҷой барои гузарондани тадқиқот, компютерҳо, принтерҳо ва дигар таҷҳизот доранд. Бисёр вақт дар чунин биноҳо ошхона ҳаст, ки дар он донишҷӯён ва муаллимон якҷоя хӯрок мехӯранд. Ҳамчунин барои машқ ва истироҳат ҷойи махсус тайёр карда шудааст.
Ба синфхонаҳо низ диққати махсус дода шудааст. Трой, ки дар Шуъбаи умумиҷаҳонии лоиҳакашӣ ва сохтмони Уорвики Ню-Йорк чунин мегӯяд «Мо бо Шуъбаи мактабҳои ташкилот маслиҳат карда синфхонаҳоро тавре таҳрезӣ кардем, ки таълим гирифтани донишҷӯён осонтар шавад. Бародарон ба мо гуфтанд, ки ҳаҷм, рангубори синфхона ва равшаниаш бояд чӣ хел бошад ва оид ба таҷҳизоти аудио ва видео дастур доданд». Як муаллими МВХ дар Венгрия дар бораи таҷҳизоти аудио чунин гуфт: «Пеш мо умуман микрофон надоштем. Барои ҳамин тез-тез аз донишҷӯён хоҳиш мекардем, ки баландтар гап зананд. Ҳоло бошад, дар ҳар як миз микрофон ҳаст ва мо дигар чунин мушкилӣ надорем!»
«Меҳмони махсуси Яҳува»
Беҳтар шудани шароити биноҳо, ба муаллимону донишҷӯён чӣ гуна таъсир расонд? Анҷела, ки дар МВХ, дар Палм-Кости Флорида (ИМА) таҳсил кард, мегӯяд: «Муҳити ин ҷо хеле ором аст. Ҳама чиз нағз ба роҳ монда шудааст, аз он ҷумла синфхонаю хобгоҳҳо. Аз ин рӯ, мо метавонем диққати худро бештар ба гузаронидани тадқиқот ва таълим гирифтан равона созем». Ксаба ном муаллиме аз Венгрия имконияти якҷоя бо донишҷӯён хӯрок хӯрданро қадр мекунад. Ӯ гуфт: «Бо ин роҳ ту метавонӣ бо донишҷӯён шинос шавӣ ва аз ҳолу аҳволашон бохабар бошӣ. Ин роҳи беҳтарини бо онҳо шинос шудан мебошад. Ба туфайли ин, мо метавонем барномаи таълимиро ба ниёзи онҳо мувофиқ созем, то он бештар таъсирбахш бошад».
Донишҷӯёну муаллимон биноҳои беҳтаршудаи мактабҳоро файзу баракати «Омӯзгори бузург» мешуморанд (Ишаъё 30:20, 21). Як хоҳари мо аз Филиппин, ки дар МВХ таҳсил карда буд, дар бораи биное, ки ҳоло дар он ҷо танҳо мактабҳо гузаронида мешаванд, чунин гуфт: «Ҷойи зист дар мактаб бароямон хотиррасон кард, ки мо на танҳо донишҷӯ, балки меҳмонони махсуси Яҳува ҳастем. Ӯ мехоҳад, ки мо Каломи Ӯро ҳамаҷониба омӯзем ва аз он лаззат барем».
Биноҳои мактаб ба шарофати хайрияҳои шумо сохтаву таъмир ва нигоҳубин карда мешаванд, Бисёри ин хайрияҳо тавассути сомонаи donate.pr418.com карда мешаванд. Ташаккури зиёд барои саховатмандии шумо!
Даромадгоҳи бино дар Палм-Кости Флорида (ИМА)
Намунаи маъбади давраҳои Исо, дар қабулгоҳи мактаби Палм-Кости Флорида (ИМА)
Донишҷӯён ба Мактаби воизони хушхабар омадаанд (Бразилия)
Рафти дарс (Бразилия)
Донишҷӯён ба Мактаби воизони хушхабар омадаанд (Филиппин)
Донишҷӯён ва муаллимон дар ошхонаи мактаб (Филиппин)