Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Зиёдатии баъзеҳо камии дигаронро пур мекунад

Зиёдатии баъзеҳо камии дигаронро пур мекунад

1 ОКТЯБРИ 2020

 Шоҳидони Яҳува дар зиёда аз 200 давлату минтақа кори муҳимро мекунанд, то ба одамон ёрӣ расонанд. Тахминан дар 35-тои ин минтақаҳо Шоҳидон кори худро аз ҳисоби хайрияҳояшон рӯпӯш мекунанд. Пас, давлатҳои боқимонда аз кадом ҳисоб хароҷоти худро рӯпӯш мекунанд?

 Ҳайати роҳбарикунанда дида мебарояд, ки Шоҳидони Яҳува дар ибодати Худо ва паҳн кардани хушхабар ба чӣ ниёз доранд. Маблағҳо барои рӯпӯши ягон хароҷот ҷудо шуда, ба таври дуруст истифода мешаванд. Вақте ба ягон филиал пули зиёд хайрия карда мешавад, он талаботи маҳаллашро ба назар гирифта, пули боқимондаашро ба давлатҳое мефиристад, ки ба он ниёз доранд. Бо ин корашон онҳо ба масеҳиёни асри як пайравӣ мекунанд. Он масеҳиён ба якдигар кумак мерасонданд, то «баробарӣ ба миён ояд» (2 Қӯринтиён 8:14). Ҳамин тавр зиёдатии як масеҳиён камии дигар масеҳиёнро пур мекард.

 Бародароне, ки чунин кумакпулиро аз дигар филиалҳо мегиранд, чӣ ҳис мекунанд? Барои мисол, аз нисф зиёди аҳолии Танзания барои гузаронидани рӯзашон 2 доллар ҳам надоранд. Дар он ҷо бародарон кумакпулиро гирифта ибодатгоҳи ҷамоати Мафингаро таъмир карданд. Аҳли ҷамоат чунин навиштанд: «Баъд аз таъмир ба вохӯриҳои мо одамони бисёр меомадагӣ шуданд. Мо аз ташкилоти Яҳува ва бародарону хоҳарони тамоми ҷаҳон барои саховатмандиашон хеле миннатдор ҳастем. Бо кумаки онҳо ҳоло мо чунин ибодатгоҳи зебо дорем».

 Баъзе бародарону хоҳарон аз Шри-Ланка дар давоми вабои КОВИД-19 аз норасоии хӯрок азоб кашиданд. Имара Фернандо ва писари хурдиаш Инош аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ба воситаи хайрияҳои дигар давлатҳо ба онҳо кумак расонда шуд. Дар номаи миннатдорӣ онҳо чунин навиштанд: «Раҳмат ба бародарон, ки дар ин вақтҳои душвор ба мо муҳаббат зоҳир карданд. Мо хурсандем, ки аъзои ин оила ҳастем ва дуо мегӯем, ки Яҳува дар ин рӯзҳои охир ҳамаи бародарону хоҳаронро дастгирӣ кунад».

Имара ва Инош Фернандо

 Бародарону хоҳарон аз ҳар гӯшаи дунё бо дороиашон ба дигарон ёрдам кардан мехоҳанд. Масалан, Инош барои худаш қуттичаи хайрия сохт, то ба дигар оилаҳои муҳтоҷ кумак расонда тавонад. Хоҳар Гваделупе Алварес низ чунин саховатмандӣ нишон медиҳад. Ӯ дар он минтақаи Мексика зиндагӣ мекунад, ки одамон маоши кам мегиранд ё даромади доимӣ надоранд, бо вуҷуди ин ӯ хайрия мекунад. Гваделупе менависад: «Ман аз Яҳува барои некӣ ва муҳаббати пойдораш миннатдорам. Медонам, ки хайрияҳоям ба дигар хайрияҳо илова мешаванд ва ба бародарони муҳтоҷ кумак мерасонанд».

 Филиалҳое, ки кумакпулӣ мефиристанд, аз ин хурсандӣ мегиранд. Бародар Энтони Карвалю, ки дар Кумитаи филиали Бразилия хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Бисёр солҳо ба мо кумакпулӣ аз дигар давлатҳо лозим буд, то ки корамонро пеш барем. Бо ёрии он дар Бразилия шумораи Шоҳидони Яҳува зиёд гашт. Ҳоло бошад, вазъияти иқтисодиамон иваз шуд ва мо ба дигарон ёрдам дода метавонем. Дидани он ки чӣ тавр бародарону хоҳарон на фақат дар бораи худ, балки дар бораи ниёзҳои бародарияти умумиҷаҳониамон фикр мекунанд, хеле дилгармкунанда аст. Исо амр дода буд, ки хушхабар дар тамоми ҷаҳон паҳн карда шавад ва бародарону хоҳарон аз Бразилия бо хурсандӣ дар ин кор саҳм мегузоранд».

 Чӣ тавр ҳар як Шоҳиди Яҳува бародарону хоҳарони муҳтоҷро дастгирӣ карда метавонад? На бо фиристодани пул ба филиали хориҷа, балки бо хайрия кардан ба кори умумиҷаҳонӣ. Дар Ибодатгоҳ инро ба воситаи қуттие, ки барои кори умумиҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст, кардан мумкин аст. Барои хайрия кардан шумо ҳамчунин аз сомонаи donate.pr418.com истифода бурда метавонед. Мо аз шумо барои хайрияҳоятон хеле миннатдорем.