Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Кумаки умумиҷаҳонӣ дар вақти вабои оламгир

Кумаки умумиҷаҳонӣ дар вақти вабои оламгир

1 ИЮЛИ 2021

 Вақте моҳи марти соли 2020 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон намуд, ки Ковид-19 ин вабои оламгир аст, бисёриҳо тасаввур намекарданд, ки паҳншавии ин вирус ҳатто баъди як сол давом мекунад. Аз таъсири ин вабо миллионҳо одамон, аз ҷумла баъзе Шоҳидони Яҳува аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эмотсионалӣ ва иқтисодӣ азоб кашиданд. Дар ин давраи хеле душвор Шоҳидони Яҳува ба мӯҳтоҷон чӣ тавр кумак мерасонанд?

Кумак ба шахсони мӯҳтоҷ

 Аз сабаби вабои Ковид-19 зери роҳбарии Кумитаи координаторони Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 950 кумитаҳои ёрӣ дар ҳолатҳои фавқулода ташкил карда шуд. Дар баъзе ҳолат ин кумитаҳо дар ҷойи лозима худашон кумаки даркориро мерасонанд, дар ҳолатҳои дигар бошад, барои кумак ба ҳокимияти давлатӣ муроҷиат мекунанд. Ин кумитаҳо дар миқёси калонтар низ кумак пешкаш мекунанд.

 Биёед вазъиятеро аз Парагвай дида бароем. Рӯзномае хабар дод, ки аз сабаби вабо вазъи иқтисодӣ ба дараҷае бад шуд, ки шумораи бисёри аҳолӣ нони хӯрданӣ надоштанд. Лекин дар он фурсат кумитаи ёрӣ ба осебдидагон дар Парагвай аллакай ба расондани ёрӣ шурӯъ карда буд. Ин кумита халтаҳоеро тақсим мекард, ки дар дарунаш захираи дуҳафтаинаи хӯрока, воситаҳои тозакунӣ ва гигиенаи шахсӣ ҷой шуда буданд. Якто чунин халта ба оилаи иборат аз 4 нафар пешбинӣ шуда буд. Арзиши ҳар халта 30 доллари амрикоиро ташкил медод.

 Чӣ тавр ёридиҳандагон худ ва дигаронро аз Ковид-19 муҳофизат мекунанд? Онҳо ниқоб пӯшида масофаи заруриро нигоҳ медоранд. Инчунин онҳо тафтиш мекунанд, ки оё дар ширкатҳое, ки маҳсулоти хӯрока пешкаш мекунанд, биноҳо пурра дезинфексия шудаанд ва чораҳои қатъии бехатарӣ риоя карда мешаванд. Бародарон назорат мекунанд, то онҳое, ки ба тақсим кардани маҳсулот вобаста шудаанд, либоси муҳофизатӣ пӯшанд, мошинҳоро шуста дезинфексия кунанд ва маҳсулотро дар ҷойҳои бехатар нигоҳ доранд. Ва дар охир, вақте бародарон ба Шоҳидони маҳаллӣ ин халтаҳоро мерасонанд, дар ин маврид низ масофаи муайянро нигоҳ медоранд.

Хирадмандона истифода бурдани хайрияҳо

 Моҳи январи соли 2021 Кумитаи координаторон иҷозат дод, ки 25 миллион доллари амрикоӣ барои кумак ба онҳое истифода бурда шавад, ки аз сабаби Ковид-19 мӯҳтоҷӣ мекашанд. Филиалҳо ва кумитаҳо оид ба расонидани ёрӣ маблағҳои хайрияшударо эҳтиёткорона сарф мекунанд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки нархҳои беҳтаринро ёбанд. Масалан, дар Чили бародароне, ки ба расонидани ёрӣ вобастаанд, нақша кашиданд, ки 750 килограмм наск мехаранд. Лекин нархи наск дар давоми як моҳ ду баробар баланд шуд. Ду соат баъд аз он ки бародарон розӣ шуданд, ки наскро бо нархи гарон харанд, фурӯшанда ба онҳо хабар дод, ки як харидор навакак наски харидаашро баргардонд. Барои ҳамин фурӯшанда қарор кард, ки онро ба бародарон бо нархи кӯҳна медиҳад.

 Вале вақте бародарон барои гирифтани наск омаданд, фурӯшанда хост аз гапаш гардад. Ӯ бародаронро айбдор намуд, ки гӯё онҳо мисли дигар ташкилотҳо аз ин хариди кардаашон ба худ фоида гирифтанианд. Як бародар кӯтоҳ дар дилаш дуо гуфт ва ба фурӯшанда фаҳмонд, ки дар ҳар як ҷамоат пурсиш гузаронида шуд, то мӯҳтоҷон аниқ карда шаванд. Бародарон боз фаҳмонданд, ки дар вақти тайёр кардани халтаҳои дорои маводи хӯрока ва чизҳои лозима хусусияти мадании оилаҳо ба назар гирифта мешавад, то ҳеҷ чиз беҳуда ҳайф нашавад. Дар охир, бародарон фурӯшандаро боварӣ бахшиданд, ки Шоҳидони Яҳува ихтиёран хайрия мекунанд ва бепул меҳнат мекунанд. Фурӯшанда дар ҳайрат буд. Ӯ розӣ шуд, ки наскро бо нархи арзон диҳад. Дафъаи дигар вақте бародарон боз наск хариданӣ шуданд, ӯ худаш 400 кг наск хайрия кард.

Исботи муҳаббати ҳақиқӣ

 Хоҳарамон Лусу, ки бевазан асту аз Либерия мебошад ҳамроҳи панҷ хешовандаш зиндагӣ мекунад. Баъд аз наҳорӣ ва муҳокимаи ояти ҳаррӯза набераи ҳафтсолаи ӯ пай бурд, ки дар хона дигар хӯрок намондааст. Ӯ гуфт: «Акнун мо чӣ мехӯрем?» Лусу гуфт, ки аллакай дар дуо ба Яҳува инро гуфтааст ва Ӯ албатта ягон кор мекунад. Худи ҳамон рӯз пирони ҷамоат ба ӯ занг заданд ва гуфтанд, ки омада хӯрокаро бурда метавонад. Хоҳарамон мегӯяд: «Акнун набераам медонад, ки Яҳува шунавандаи дуоҳо аст ва ба онҳо ҷавоб медиҳад».

Кӯдакон аз Ҷумҳурии Демократии Конго ин расмҳоро кашиданд, то ба бародарон барои расондани ёрдам раҳмат гӯянд

 Як зан аз Ҷумҳурии Демократии Конго дар ҳамсоягӣ бо оилаи Шоҳидон зиндагӣ мекунад. Вақте ӯ дид, ки ба ин оила бародарони ҳамимонаш хӯрока оварданд, ӯ гуфт: «Баъди пандемия, албатта, Шоҳиди Яҳува мешавем, чунки онҳо дар ин вақтҳои душвор ба якдигарашон ғамхорӣ мекунанд». Шавҳари ӯ гуфт: «Ту оё барои як халта биринҷ Шоҳиди Яҳува шуданӣ?» Он зан гуфт: «Албатта не, лекин ин халтаи биринҷ нишонаи он аст, ки онҳо ба ҳам муҳаббати ҳақиқӣ доранд».

 Шоҳидони Яҳува дар давоми вабои оламгир метавонанд дарҳол ба кумаки бародару хоҳарони худ шитобанд. Ва ҳамаи ин ба туфайли хайрияҳои саховатмандонаи шумо имконпазир аст. Ҳазор раҳмат барои хайрияҳои шумо, ки бо тарзҳои дар сомонаи donate.pr418.com фаҳмондашуда ирсол мекунед.