Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дарси Мактаби Ҷилъод, ки дар соли 2017 гузашта буд

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Мактаби байналхалқии Ҷилъод

Мактаби байналхалқии Ҷилъод

1 ДЕКАБРИ 2020

 Ҳар сол баъзе ходимони пурравақт аз тамоми ҷаҳон ба Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод барои таҳсил гирифтан даъват карда мешаванд. Ин мактаб дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонии Паттерсон гузаронда мешавад a. Дар мактаби Ҷилъод донишҷӯён таълим дода мешаванд, ки чӣ тавр таъйиноти доштаашонро беҳтар иҷро намоянд. Ин таълимот ба онҳо ёрдам мекунад, ки ҷамоатҳо ва филиалҳои ташкилотамонро дар тамоми ҷаҳон мустаҳкаму обод созанд.

 Мактаби Ҷилъод дар ҳақиқат мактаби байналхалқӣ мебошад. Барои мисол, дар синфи 147-ум, дар соли 2019 56 донишҷӯ аз 29 давлат таҳсил карда буданд. Донишҷӯёне, ки ба Ҷилъод таклиф шуда буданд, дар ягон намуди хизмати пурравақт иштирок мекарданд. Баъзеашон байтилчиён, нозирони ноҳиявӣ, миссионерон ё пешравони махсус буданд.

 Тайёрӣ ба ин мактаб хеле пеш аз сар шудани дарсҳои аввал оғоз меёбад. Масалан, Шуъбаи сафарҳои Идораи марказӣ барои донишҷӯён чиптаҳои ҳавопайморо мехарад. Роҳкирои ҳар як донишҷӯи хориҷии синфи 147-уми Ҷилъод ба ҳисоби миёна 1075 долларро ташкил дод. Ин маблағ барои омадан ба Паттерсон ва барои баргаштан сарф карда шуд. Ба донишҷӯёни Ҷазираҳои Сулаймон лозим омад, ки барои ба Паттерсон омадан аз чор тайёра истифода баранд ва ҳангоми баргаштан аз се тайёра. Ҳамин тавр онҳо 35 400 километр роҳро тай карданд. Чиптаҳои ҳар яки онҳо 2300 долларро ташкил дод. Барои сарфа кардани маблағ Шуъбаи сафарҳои Идораи марказӣ бо ёрии барномаи компютерӣ чиптаҳои арзонро меҷӯяд. Ҳатто баъди банд кардани чиптаҳо барномаи компютерӣ дар давоми ҳафтаҳо ва моҳҳо тафтиш мекунад, ки оё нархи чиптаҳо пасттар шуданд ё не. Ҳамчунин Шуъбаи сафарҳои Идораи марказӣ барои харидани чиптаҳо аз тахфифҳо ва милҳои хайрияшуда истифода мебарад.

 Ба бисёр донишҷӯёне, ки ба Иёлоти Муттаҳида меоянд, виза лозим аст. Шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ дар Идораи марказӣ барои гирифтани виза ба донишҷӯён кумак мекунад. Ба даст овардани виза барои ҳар як донишҷӯ тахминан 510 доллар меистад.

 Чӣ тавр таълиме, ки ин донишҷӯён мегиранд, ба мо фоида меорад? Дар ҷамоати Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки Ҳендра Гунаван ном пири ҷамоат хизмат мекунад, ҳамсароне ҳастанд, ки мактаби Ҷилъодро хатм кардаанд. Ҳендра мегӯяд: «Пештар дар ҷамоати мо ягон пешрави доимӣ набуд, лекин, вақте ки ин хатмкунандагон ба ҷамоати мо омаданд, баъзе воизон пешрави доимӣ шуданд. Ғайрату омодагии ин донишҷӯён ба онҳо таъсир кард. Пас аз чанде як хоҳарро аз ҷамоатамон ҳатто барои таҳсил ба Мактаби воизони хушхабар даъват карданд».

 Бародар Сурҷио Панҷаитан, ки ҳамроҳи хатмкунандагони Ҷилъод дар Байт-Или Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Таълиме, ки онҳо гирифтанд, на танҳо ба худашон, балки ба мо низ баракат меорад. Дар Ҷилъод онҳо чизҳои бисёрро таълим гирифтанд, лекин онҳо худашонро боло намегиранд ва чизҳои фаҳмидаашонро ба дигарон нақл мекунанд. Мо аз онҳо рӯҳбаландӣ мегирем ва дар навбати худ дигаронро рӯҳбаланд мекунем».

 Чӣ тавр хароҷоти ин мактаб рӯпӯш карда мешавад? Аз ҳисоби хайрияҳо ба кори умумиҷаҳонӣ. Бисёри ин хайрияҳо бо яке аз роҳҳое карда мешавад, ки дар сомонаи donate.pr418.com омадаанд. Ҳазор раҳмат, ки бо хайрияҳои саховатмандонаатон ин мактаби байналхалқиро дастгирӣ мекунед!

a Нақшаи дарсҳои ин мактабро Шуъбаи таълими Мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта тартиб медиҳад ва аз нав дида мебарояд. Ин шуъба зери назорати Кумитаи таълимии Ҳайати роҳбарикунанда амал мекунад. Муаллимони Мактаби Ҷилъод аз ин шуъба мебошанд. Барои дарс додан дигарон, аз ҷумла аъзои Ҳайати роҳбарикунанда, даъват карда мешаванд.