Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Сохтмоне, ки пеш аз вабо бомуваффақият ба анҷом расид

Сохтмоне, ки пеш аз вабо бомуваффақият ба анҷом расид

1 НОЯБРИ 2020

 Азбаски ҳар сол садҳо ҳазор воизон таъмид мегиранд, ба мо барои ибодати Яҳува биноҳои зиёд лозим мешаванд. Барои ҳамин Шуъбаи маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон дар тамоми ҷаҳон дар давоми соли хизматии 2020 сохтан ва таъмир кардани зиёда аз 2700 ҷойҳои ибодатро ба нақша гирифт a.

 Мутаассифона, вабои КОВИД-19 ба ин нақшаҳо халал расонд. Барои ҳимояи бародарону хоҳарон ва риояи талаботи ҳукуматдорон Кумитаи нашри адабиёти Ҳайати роҳбарикунанда бисёр лоиҳаҳои сохтмониро дар тамоми ҷаҳон муваққатан боздошт. Бо вуҷуди ин пеш аз сар шудани вабо дар давоми соли хизматии 2020 зиёда аз 1700 ҷой барои ибодат сохта ва таъмир карда шуд. Ғайр аз ин, зиёда аз 100 лоиҳаи сохтмонӣ, ки бо биноҳои филиал алоқаманд ҳастанд, ба анҷом расонда шуд. Биёед дида бароем, ки ба анҷом расонидани ду лоиҳаи сохтмон ба бародаронамон чӣ манфиат овард.

 Филиали Камерун. Филиали пештара дар Дуала хеле хурд буд ва бояд онро калонтар мекардем. Кумитаи нашри адабиёт дар бораи таъмир кардани филиал фикр мекард, лекин хароҷоте, ки ба он сарф мешуд аз нархи худи бино баландтар буд. Бародарон аз ин кумита ҳамчунин фикр карданд, ки шояд ягон бинои нав созанд ё биноеро харида таъмир кунанд, лекин ҳар дуи ин нақшаҳо амалӣ нагашт.

 Дар ин миён бародарон фаҳмиданд, ки ҳукумати маҳаллӣ дар шимоли Дуала сохтани роҳеро ба нақша гирифтааст, ки он аз наздикии яке аз Толорҳои анҷуманамон мегузарад. Ба туфайли ин роҳ мо ба бинои навамон ба осонӣ об, барқ ва дигар чизҳои лозимаро гузаронда метавонистем. Маҳз ҳамин чизҳо ба филиал лозим буданд. Барои ҳамин Ҳайати роҳбарикунанда розигӣ дод, ки дар бари он Толори анҷуман филиали нав созем.

Бародарону хоҳарон дар сохтмони филиали Камерун ёрдам мекунанд

 Шоҳидон бо сохтмончиёни кирошуда якҷоя дар сохтмон иштирок карда, пул ва вақтро сарфа карданд. Дар ин лоиҳа зиёда аз 2 миллион доллар сарф шуд, ки ин аз хароҷоте, ки ба нақша гирифта буданд, камтар буд. Оилаи Байт-Ил каме пеш аз сар задани КОВИД-19 ба бинои нав кӯчид.

Лоиҳаи сохтмони филиали Камерун пеш аз вабои КОВИД-19 ба охир расид

 Акнун байтилчиён дар Камерун дар шароити нағз зиндагӣ ва кор мекунанд. Онҳо филиали навро туҳфаи Яҳува меҳисобанд. Ҳамсароне чунин мегӯянд: «Ҳоло мо мехоҳем бисёртар меҳнат карда миннатдориамонро барои ин туҳфа нишон диҳем».

Бародарону хоҳарон пеш аз вабо дар офиси навашон кор мекунанд

 Офиси дурдасти тарҷумонӣ дар Мексика (забони тохолабал). Солҳои зиёд гурӯҳи тарҷумонии тохолабал дар филиали Амрикои Марказӣ кор мекарданд, ки он дар Мехико ҷойгир буд. Лекин бо забони тохолабал асосан дар Алтамирано ва Лас-Маргаритас гап мезананд, ки он тақрибан 1000 километр аз филиал дуртар ҷойгир аст. Барои ҳамин ба тарҷумонон душвор буд, ки аз навигариҳои забон хабардор бошанд. Ғайр аз ин, ба филиал дар он ҷойҳо ёфтани бародарону хоҳароне, ки барои тарҷума ва сабти аудио ба забони тохолабал кумак карда тавонанд, душвор буд.

Бародарону хоҳарон дар лоиҳаи сохтмони офиси дурдасти тарҷумонӣ ёрдам мекунанд

 Аз ин сабаб Кумитаи нависандагии Ҳайати роҳбарикунанда хост, ки гурӯҳи тарҷумонии тохолабалро ба ҷое кӯчонад, ки бо ин забон гап мезананд. Барои ин филиал қарор кард, ки биноеро харида онро таъмир мекунад. Хароҷоти ин назар ба сохтан ё киро кардани офисҳо арзонтар меафтид.

 Як тарҷумон фаҳмонд, ки аз ин чӣ манфиат гирифт. Ӯ мегӯяд: «Дар даҳ соле, ки ман дар филиал тарҷумон шуда хизмат мекунам, ягон оилаеро вонахӯрдам, ки ба забони модариам гап занад. Ҳоло бошад, филиали мо дар ҷое сохта шудааст, ки одамони тохолабалзабон онро иҳота мекунанд. Ман ҳар рӯз бо одамоне, ки ба ин забон гап мезананд, рӯ ба рӯ мешавам. Дар ин ҷо захираи луғавиам бой шуд ва ин ба сифати корам таъсир кард».

Офиси тарҷумонии тохолабал пеш ва баъди нав кардани лоиҳа

Лоиҳаҳо барои соли хизматии 2021

 Соли хизматии 2021, агар вазъият имкон диҳад, мувофиқи нақша дар 75 офиси дурдасти тарҷумонӣ ва биноҳо барои мактабҳои ташкилот корҳои сохтмонӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло кор бо 8 лоиҳа давом ёфта истодааст, аз он ҷумла сохтани бинои нави идораи марказӣ дар Рамапо (Ню-Йорк) ва кӯчидани филиалҳои Аргентина ва Итолиё. Ғайр аз ин, ба мо лозим аст, ки беш аз 1000 ибодатгоҳи нав созем, зиёда аз 6000 ҷойи ибодатро иваз кунем ва боз 4000-и дигар ибодатгоҳро таъмир намоем.

 Хароҷоти ин корҳо чӣ тавр рӯпӯш мегардад? Бародар Ласаро Гонсалес, ки дар Кумитаи филиали Амрикои Марказӣ хизмат мекунад, дар бораи лоиҳаи офиси дурдасти тарҷумонии тохолабал сухан ронда ба ин савол ҷавоб дод. Ӯ гуфт: «Филиали мо имконияти зиёд надорад. Барои ҳамин бе дастгирии бародарияти умумиҷаҳонӣ мо барои бародарону хоҳарони маҳаллӣ офиси тарҷумонӣ сохта наметавонистем. Бо ёрии хайрияи ҳамимононамон аз тамоми ҷаҳон мо тавонистем тарҷумононро ба маҳалле кӯчонем, ки бо ин забон гап мезананд. Мо аз тамоми бародарону хоҳарон барои хайрияи саховатмандонаашон беҳад миннатдорем». Бале, чунин лоиҳаҳои сохтмонӣ ба туфайли хайрияҳои шумо, ки барои кори умумиҷаҳонӣ мекунед, имконпазир мегардад. Ин хайрияҳо ба воситаи сомонаи donate.pr418.com карда мешаванд.

a Шуъбаҳои маҳаллии лоиҳакашӣ ва сохтмон сохтани ибодатгоҳҳоро дар минтақаи филиалашон ба нақша мегиранд ва назорат мекунанд. Шуъбаи умумиҷаҳонии лоиҳакашӣ ва сохтмон дар идораи марказӣ бошад, қарор мекунад, ки кадом лоиҳаҳо бояд аввалин шуда сохта шаванд ва кори сохтмонро дар тамоми ҷаҳон назорат мекунад.