Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Тарҷумаи барномаи анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!»

Тарҷумаи барномаи анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!»

10 ИЮЛИ 2020

 Моҳҳои июл ва августи соли 2020 аввалин бор дар таърих бародарону хоҳарон аз тамоми дунё барномаи анҷумани минтақавиро дар як вақт тамошо мекунанд. Барои ин барномаи анҷуманро ба зиёда аз 500 забон тарҷума кардан лозим буд. Одатан барои тайёр кардани чунин лоиҳа камаш 1 сол даркор аст. Аммо аз сабаби дигар шудани вазъият тарҷумонон чор моҳ ҳам надоштанд, ки тамоми барномаи анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!»-ро, тарҷума кунанд.

 Ба гурӯҳи таъмини умумиҷаҳонӣ лозим буд, ки дар моҳи май ва апрели соли 2020 микрофонҳоро харида, ба ҷойи даркорӣ расонанд. Айнан дар ин вақт бисёр соҳибкорон аз сабаби вабо мисли пештара кор карда наметавонистанд. Аммо ба ин нигоҳ накарда дар охири моҳи май ба шумораи зиёди офисҳои дурдасти тарҷумонӣ, филиалҳо ва дигар ҷойҳое, ки бо тарҷума машғуланд, таҷҳизоти лозима дастрас гардид.

Ҷей Суини, ки гурӯҳи таъмини умумиҷаҳониро назорат мекунад, чунин гуфт: «Дар давоми ин лоиҳа байни шуъбаҳои Байт-Ил ва соҳибкорони гуногун ҳамкории хуб дида мешуд. Танҳо бо ёрдами рӯҳи муқаддаси Яҳува мо дар муддати кӯтоҳ аз уҳдаи ин кор баромада ҳама чизи даркориро бо нархи хеле арзон харида тавонистем».

 Николас Аладис, ки аз шуъбаи дастгирии гурӯҳҳои тарҷумонӣ мебошад, чунин гуфт: «Ҳамаи тарҷумонон, ки дар карантин буданд, аз гирифтани микрофон хеле хурсанд шуданд. Ҳарчанд аъзои як гурӯҳи тарҷумонӣ аз ҷойҳои гуногун кор мекунанд, ин ба ҳамкории хуби онҳо халал нарасонд. Дар натиҷа, онҳо нутқҳо, драмаҳо ва сурудҳоро ба зиёда аз 500 забон тарҷума ва сабт карданд».

 Ин лоиҳа танҳо яке аз корҳое мебошад, ки барои омода гаштани анҷумани минтақавии соли 2020, «Ҳамеша шодӣ кунед!», карда шуд, то ки бародарону хоҳарони тамоми рӯйи дунё аз тамошои он баҳра бурда тавонанд. Хайрияи саховатмандонаи шумо, ки ба воситаи сомонаи donate.pr418.com ё дигар тарзҳо кардед, ба мо имкон дод, ки ин чизҳои лозимаро харем.