ОМӮЗИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС БО МУАЛЛИМ
«То абад зинда бошед!»
Дар давоми ин омӯзиш шумо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбед:
Чӣ тавр оилаи хушбахтро ба даст орам?
Оё ранҷу азоб ягон вақт ба охир мерасад?
Оё наздиконеро, ки аз даст додаам, боз мебинам?
Оё Худо дар ҳақиқат нисбати ман ғамхор аст?
Чӣ хел дуо гӯям, ки Худо маро шунавад?
Бепул
Ин курси омӯзишӣ ройгон аст. Брошураю китоби «То абад зинда бошед!» ва, агар лозим бошад, Китоби Муқаддас бепул дода мешавад.
Қулай
Шумо метавонед дар вақту ҷойи дилхоҳ рӯ ба рӯ ё онлайн вохӯрда, бо муаллим омӯзиш кунед.
Бе уҳдадорӣ
Ҳар вақте хоҳед, омӯзишро бас карда метавонед, шумо ба чизе уҳдадор нестед.
Ин курси омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ манфиат меорад?
Муаллиматон ба шумо кумак мекунад, ки мавзуъ ба мавзуъ бо таълимоти Китоби Муқаддас шинос шавед. Дар рафти омӯзиши адабиёти «То абад зинда бошед!» шумо оҳиста-оҳиста бо хабари Китоби Муқаддас шинос мешавед ва мефаҳмед, ки чӣ тавр он ба шумо ёрӣ мерасонад. Барои гирифтани маълумоти бештар ин видеонаворро тамошо кунед ё ҷавоби саволҳоеро, ки дар бораи ин курси омӯзишӣ зуд-зуд дода мешаванд, аз назар гузаронед.
Оё бо маводи омӯзишӣ пешакӣ шинос шудан мехоҳед?
Бо дарсҳои аввали ин курси омӯзишӣ шинос шавед.
Оё барои санҷидани он тайёред?
Барои ба нақша гирифтани дарси якум тугмачаро зер кунед.