Гузаштан ба маводи асосӣ

Аз заноне, ки дар бораашон Китоби Муқаддас нақл мекунад, чӣ дарс гирифтан мумкин аст?

Аз заноне, ки дар бораашон Китоби Муқаддас нақл мекунад, чӣ дарс гирифтан мумкин аст?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Дар Китоби Муқаддас дар бораи бисёр занҳое навишта шудааст, ки мо аз мисоли онҳо дарс гирифта метавонем (Румиён 15:4; 2 Тимотиюс 3:16, 17). Дар ин мақола кӯтоҳак оиди баъзе занҳое, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудаанд, навишта шудааст. Бисёри онҳо намунаи ибратанд. Баъзеашон бошанд, мисоли огоҳкунанда ҳастанд (1 Қӯринтиён 10:11; Ибриён 6:12).

  Абиҷайл

 Абиҷайл кӣ буд? Ӯ зани марди бой ва дағале буд, ки Нобол ном дошт. Баръакси шавҳараш, Абиҷайл дурандеш ва фурӯтан буд. Ӯ зебо буда хислатҳое дошт, ки писанди Яҳува ҳастанд (1 Подшоҳон 25:3).

 Саргузашти Абиҷайл. Абиҷайл аз рӯйи фаҳму хирад амал кард, то хонадонашро аз бало нигоҳ дорад. Ӯ ва Нобол дар минтақае зиндагӣ мекарданд, ки Довуд, подшоҳи ояндаи Исроил, гуреза буда дар он ҷо пинҳон мешуд. Дар ин минтақа зиндагӣ карда, Довуд ва одамонаш рамаи Ноболро аз ғоратгарон ҳимоя мекарданд. Лекин, вақте ки Довуд ба назди Нобол одам фиристода аз ӯ хоҳиш кард, ки хӯрок диҳад, Нобол хоҳиши ӯро дағалона рад кард. Довуд аз ҷавоби ӯ ба ғазаб омад ва одамонашро гирифта ба куштани Нобол ва тамоми мардони хонаводааш рафт (1 Подшоҳон 25:10–12, 22).

 Вақте Абиҷайл дар бораи кори шавҳараш хабардор шуд, зуд амал кард. Абиҷайл ба хизматгоронаш хӯрокворӣ дода, ба назди Довуд ва навкаронаш фиристод ва худаш бошад, аз қафои онҳо баромад, то Довудро таваллою зорӣ намояд, ки раҳм зоҳир кунад (1 Подшоҳон 25:14–19, 24–31). Вақте Довуд тӯҳфаҳои Абиҷайлро дид, фурӯтании ӯро пай бурд ва маслиҳати хирадмандонаи ӯро шунид, фаҳмид, ки Худо Абиҷайлро фиристодааст, то ӯро аз қасд гирифтан боздорад (1 Подшоҳон 25:32, 33). Чанде пас Нобол вафот кард ва Абиҷайл зани Довуд шуд (1 Подшоҳон 25:37–41).

 Мо аз Абиҷайл чӣ ёд мегирем? Ҳарчанд Абиҷайл хушрӯй ва бой буд, худро аз дигарон боло намегирифт. Барои нигоҳ доштани сулҳ вай тайёр буд, ки барои гуноҳи накардааш бахшиш пурсад. Ӯ душвории ҷиддиро оромона ҳал карда, эҳтиром, далерӣ ва бофаҳмӣ зоҳир кард.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Абиҷайл, ба мақолаи «Ӯ бофаҳму хирад амал кард» (рус.) нигаред.

  Далило

 Далило кӣ буд? Ӯ зане буд, ки довари Исроил, Шимшӯн, ӯро дӯст медошт (Доварон 16:4, 5).

 Саргузашти Далило. Ӯ аз сарварони фалиштӣ барои фиреб кардани Шимшӯн пул гирифт. Худо Шимшӯнро барои раҳо кардани исроилиён аз фалиштиён истифода мебурд. Фалиштиён бар ӯ ғолиб омада наметавонистанд, аз сабаби он ки Шимшӯн қуввати худодод дошт (Доварон 13:5). Аз ин рӯ роҳбарони онҳо ба воситаи Далило амал кардан хостанд.

 Фалиштиён ба Далило пора доданд, то фаҳманд, ки қуввати Шимшӯн дар чист. Далило пулро гирифт ва баъд аз кӯшишҳои зиёд сирри қуввати Шимшӯнро фаҳмид (Доварон 16:15–17). Ӯ ин сирро ба фалиштиён хабар дод ва онҳо Шимшӯнро дастгир карда, ба зиндон партофтанд (Доварон 16:18–21).

 Мо аз Далило чӣ ёд мегирем? Мисоли Далило барои мо огоҳӣ мебошад. Вай ба пул дода шуда Шимшӯнро фиреб кард ва ба ин хизматгори Худо бевафоӣ намуд.

Дебӯро

   Дебӯро кӣ буд? Ӯ зане буд, ки паёмҳои Яҳува, Худои Исроилро ба халқаш мерасонд. Яҳува ҳамчунин ба воситаи ӯ нофаҳмиҳоеро, ки байни исроилиён сар мезаданд, ҳал мекард (Доварон 4:4, 5).

 Саргузашти Дебӯро. Дебӯро далерона хизматгорони Худоро дастгирӣ мекард. Бо роҳнамоии Худо Дебӯро ба Бороқ гуфт, ки лашкари Исроилро сардорӣ карда, зидди душманонашон, яъне канъониён, барояд (Доварон 4:6, 7). Вақте Бороқ аз Дебӯро хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш равад, ӯ натарсид ва розӣ шуд (Доварон 4:8, 9).

 Бо ёрии Худо исроилиён ғалабаи бузургро ба даст оварданд. Баъд аз ин Дебӯро дар эҷод кардани суруде иштирок кард, ки ӯ ҳамроҳи Бороқ сароид. Дар ин суруд онҳо воқеаҳои рӯзро тасвир карданд, аз ҷумла дар бораи он ки Ёил ном зани далере дар мағлуб кардани канъониён нақши муҳим бозид (Доварон боби 5).

 Мо аз Дебӯро чӣ ёд мегирем? Дебӯро далеру фидокор буд. Ӯ дигаронро даъват мекард, ки корҳои дар назари Худо дурустро кунанд. Вақте одамон чунин мекарданд, ӯ онҳоро саховатмандона таъриф мекард.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Дебӯро, ба мақолаи «Ман дар Исроил ҳамчун модар бархостам» (рус.) нигаред.

  Духтари шулемӣ

 Духтари шулемӣ кӣ буд? Ӯ духтари зебои деҳотӣ ва қаҳрамони асосии китоби Суруди сурудҳо мебошад. Аммо номи ӯ дар Китоби Муқаддас навишта нашудааст.

 Саргузашти духтари шулемӣ. Духтари шулемӣ ба чӯпонбачаи дӯстдоштааш вафодор мемонд (Суруди сурудҳо 2:16). Зебогии ин духтар диққати шоҳ Сулаймонро ҷалб кард ва ӯ дилашро ба даст овардан хост (Суруди сурудҳо 7:6). Дигарон ӯро водор мекарданд, ки зани Сулаймон шавад, лекин ӯ розӣ намешуд. Ӯ чӯпони одиро дӯст медошт ва ба ӯ вафодор буд (Суруди сурудҳо 3:5; 7:10; 8:6).

 Мо аз духтари шулемӣ чӣ ёд мегирем? Нигоҳ накарда ба зебогиаш ва диққати дигарон духтари шулемӣ аз худ нарафт ва хоксор монд. Ӯ ба таъсири ҳамсолон ва ваъдаи бою соҳибмартаба шудан дода нашуд ва муҳаббаташро нигоҳ дошт. Ӯ ҳиссиёташро идора мекард ва ахлоқан пок монд.

Ёил

   Ёил кӣ буд? Ӯ зани Ҳобар буда, исроилӣ набуд. Ёил нотарсона халқи Худоро тарафдорӣ намуд.

 Саргузашти Ёил. Канъониён бо исроилиён ҷанг карда мағлуб шуданд. Сарлашкари онҳо Сисро аз майдони ҷанг гурехта, барои ёфтани паноҳгоҳ ба назди хаймаи Ёил рафт. Ёил ба Сисро гуфт, ки ба хаймаи ӯ даромада, пинҳон шавад ва дам гирад. Вақте Сисро хоб буд, Ёил ӯро мекушад (Доварон 4:17–21).

 Ҳамин тавр пешгӯйии Дебуро дар Ёил иҷро шуд, ки гуфта буд: «Худованд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд» (Доварон 4:9). Барои ин кораш Ёилро ситоиш намуда гуфтанд, ки ӯ бештар аз занони дигар баракат ёфтааст (Доварон 5:24).

 Мо аз Ёил чӣ ёд мегирем? Ӯ ташаббускор ва далер буд. Намунаи Ёил нишон медиҳад, ки Худо воқеаҳоро тавре роҳнамоӣ карда метавонад, то пешгӯйиҳояш иҷро шаванд.

  Зани Лут

 Зани Лут кӣ буд? Дар Китоби Муқаддас номи ӯ оварда нашудааст. Лекин дар он гуфта шудааст, ки ӯ ду духтар дошт ва онҳо оилавӣ ба шаҳри Садӯм кӯчиданд (Ҳастӣ 19:1, 15).

 Саргузашти зани Лут. Зани Лут ба амри Худо итоат накард. Худо қарор кард, ки Садӯм ва шаҳрҳои гирду атрофашро барои бадахлоқ шуданашон нест мекунад. Худо Лути росткор ва оилаашро, ки дар Садӯм зиндагӣ мекарданд, нағз медид. Барои ҳамин ду фариштаро фиристод, то онҳоро ба ҷойи бехатар кӯчонад (Ҳастӣ 18:20; 19:1, 12, 13).

 Фариштаҳо ба Луту оилааш гуфтанд, ки аз он минтақа гурезанд ва ба қафо нигоҳ накунанд, то ки намиранд (Ҳастӣ 19:17). Вале зани Лут ба қафо нигоҳ кард «ва сутуни намак гардид» (Ҳастӣ 19:26).

 Мо аз зани Лут чӣ ёд мегирем? Чизпарастӣ метавонад моро ба беитоатӣ ба Худо тела диҳад ва оқибат моро аз ҳаёт маҳрум созад. Исо мисоли зани Лутро истифода бурда, моро огоҳ кард: «Зани Лутро ба хотир оред» (Луқо 17:32).

Изобал

 Изобал кӣ буд? Ӯ зани подшоҳи Исроил, Аҳъоб, буд. Изобал исроилӣ набуд ва Яҳуваро ибодат намекард. Ӯ худои канъониён, Баалро парастиш мекард.

   Саргузашти Изобал. Изобал ҳавобаланд, бераҳм ва золим буд. Вай парастиши Баалро паҳн мекард, ки бо бадахлоқии ҷинсӣ алоқаманд буд. Ҳамзамон Изобал кӯшиш мекард, ки ҳеҷ кас Худои ҳақиқӣ, Яҳуваро ибодат накунад (3 Подшоҳон 18:4, 13; 19:1–3).

 Барои иҷро кардани хоҳишаш ӯ дурӯғ мегуфт ва одамонро мекушт (3 Подшоҳон 21:8–16). Худо пешгӯйӣ карда буд, ки Изобал ба таври даҳшатнок мемурад ва гӯронда намешавад (3 Подшоҳон 21:23; 4 Подшоҳон 9:10, 32–37).

 Мо аз Изобал чӣ ёд мегирем? Мисоли Изобал барои мо огоҳӣ аст. Ӯ чунон бадахлоқ ва бешарму ҳаё буд, ки дар баъзе ҷойҳо номашро барои тасвир кардани занони бешарму бадахлоқ ва худписанд истифода мебаранд.

Леё

 Леё кӣ буд? Ӯ зани якуми Яъқуб-пайғамбар буд. Хоҳари Леё Роҳел ном дошт. Ӯ зани дигари Яъқуб буд (Ҳастӣ 29:20–29)

   Саргузашти Леё. Леё барои Яъқуб шаш писар таваллуд кард (Рут 4:11). Яъқуб мехост, ки Роҳелро ба занӣ гирад, на Леёро. Лекин падари онҳо Яъқубро фиреб дода ба ҷойи Роҳел Леёро дод. Вақте Яъқуб инро фаҳмид, ба назди Лобон рафта, норозигиашро баён кард. Лобон гуфт, ки дар макони онҳо духтари хурдиро аз калонӣ пештар ба шавҳар намедиҳанд. Як ҳафта пас Яъқуб Роҳелро ба занӣ гирифт (Ҳастӣ 29:26–28).

 Яъқуб Роҳелро аз Леё дида бештар дӯст медошт (Ҳастӣ 29:30). Аз ин сабаб Леё рашк карда бо хоҳараш барои муҳаббат ва диққати Яъқуб мубориза мебурд. Худо дид, ки Леё худро дӯстдошта ҳис намекунад ва ба ӯ ҳафт фарзанд, яъне шаш писару як духтар ато кард (Ҳастӣ 29:31).

 Мо аз Леё чӣ ёд мегирем? Леё ба Худо такя карда дуо мегуфт ва ба душвориҳои ҳаёташ нигоҳ накарда боварӣ дошт, ки Худо ба ӯ ёрдам карда истодааст (Ҳастӣ 29:32–35; 30:20). Ҳарчанд он вақтҳо Худо ба бисёрзанӣ роҳ медод, воқеаҳои ҳаёти Леё нишон медиҳанд, ки он хушбахтӣ намеорад. Мувофиқи нияти Худо бояд мард ё зан як ҳамсар дошта бошад (Матто 19:4–6).

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Леё, ба мақолаи «Ғаму ғуссаи хоҳароне, ки хонаи Исроилро бино карданд» (рус.) нигаред.

  •   Барои фаҳмидани он ки чаро Худо дар Исроили қадим ба бисёрзанӣ роҳ медод, ба мақолаи «Худо ба бисёрзанӣ чӣ гуна назар дорад» (рус.) нигаред.

  Марто

 Марто кӣ буд? Ӯ хоҳари Лаъзор ва Марям буд. Ҳар сеи онҳо дар деҳаи Байт-Ҳинӣ, ки дар наздикии Ерусалим ҷойгир буд, зиндагӣ мекарданд.

 Саргузашти Марто. Марто дӯсти наздики Исо буд. Исо Марто, Марям ва Лаъзорро дӯст медошт (Юҳанно 11:5). Марто зани меҳмондӯст буд. Боре вақте Исо ба хонаашон меҳмон шуд, Марям дар назди Исо нишаста суханҳои ӯро гӯш мекард, лекин Марто бо пухтупаз банд буд. Марто шикоят кард, ки Марям ба ӯ ёрдам намекунад. Исо меҳрубонона Марторо ислоҳ кард (Луқо 10:38–42).

 Вақте Лаъзор бемор шуд, Марто ва хоҳараш ба назди Исо одам фиристоданд, зеро боварӣ доштанд, ки ӯ бародарашонро сиҳат мекунад (Юҳанно 11:3, 21). Лекин то омадани Исо Лаъзор аз олам чашм пӯшид. Аз сӯҳбати Марто бо Исо фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ ба ваъдаи Китоби Муқаддас дар бораи зинда шудани мурдагон боварӣ дошт ва дилпур буд, ки Исо бародарашро зинда карда метавонад (Юҳанно 11:20–27).

 Мо аз Марто чӣ ёд мегирем? Ӯ хеле меҳмоннавоз буд. Марто бо омодагӣ маслиҳатро қабул кард. Ӯ дар бораи ҳиссиёт ва бовариаш ошкоро гап мезад.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Марто, ба мақолаи «Ман имон дорам» (рус.) нигаред.

Марям (апаи Мӯсо)

   Марям кӣ буд? Ӯ апаи Мӯсою Ҳорун буд. Мувофиқи Китоби Муқаддас ӯ нахустин зане буд, ки паёмҳои Худоро мерасонд.

 Саргузашти Марям. Марям паёмҳои Худоро ба халқи Исроил мерасонд. Ӯ дар байни халқ зани обрӯманд буд ва, вақте Худо лашкари мисриёнро дар баҳри Сурх нобуд кард, ӯ ҳамроҳи мардон суруди ғалабаро хонд (Хуруҷ 15:1, 20, 21).

 Баъдтар Маряму Ҳорун Мӯсоро танқид карданд. Аз афташ, ба ин кор онҳоро ҳавобаландӣ ва рашку ҳасад барангехт. «Худованд инро шунид» ва Маряму Ҳорунро сарзаниш кард (Ададҳо 12:1–9). Сипас Худо Марямро ба бемории махав гирифтор кард, чунки, эҳтимол, ӯ аввалин шуда зидди Мӯсо баромад. Мӯсо илтиҷо кард, ки Худо Марямро шифо бахшад ва Ӯ шифо дод. Бо вуҷуди ин Марям бояд ҳафт рӯзро берун аз ӯрдугоҳ мегузаронд ва ҳамин ки ин рӯзҳо тамом шуданд, ӯ баргашт (Ададҳо 12:10–15).

 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Марям ислоҳ шуд. Баъди асрҳо Худо ба мавқеи ӯ ишора карда ба исроилиён чунин гуфт: «Пешопеши ту Мусо, Ҳорун ва Марямро фиристодам» (Мико 6:4).

 Мо аз Марям чӣ ёд мегирем? Чизе ки бо Марям рӯй дод, нишон медиҳад, ки Худо ба гапҳое ки хизматгоронаш ба якдигар ва дар бораи якдигар мегӯянд, аҳамият медиҳад. Ғайр аз ин, мо мефаҳмем, ки барои хурсанд кардани дили Яҳува мо бояд аз ҳавобаландӣ ва рашку ҳасад даргурез бошем, чунки бо ин хислатҳо мо метавонем обрӯйи дигаронро резонем.

Марям (модари Исо)

   Марям кӣ буд? Ӯ яҳудидухтаре буд, ки Писари Худо дар батнаш ба таври мӯъҷиза пайдо шуд. Ҳангоми таваллуд кардани Исо Марям бокира буд.

 Саргузашти Марям. Марям бо фурӯтанӣ хости Худоро иҷро кард. Вақте Марям номзади Юсуф буд, фаришта ба назди ӯ омада гуфт, ки Масеҳро ба дунё хоҳад овард (Луқо 1:26–33). Марям бо омодагӣ ин вазифаро ба ӯҳда гирифт. Баъди таваллуди Исо Марям ва Юсуф соҳиби чор писар ва камаш ду духтар шуданд. Аз ин маълум мешавад, ки Марям то охири умраш бокира набуд (Матто 13:55, 56). Ҳарчанд Худо ба ӯ вазифаи махсус дода буд, Марям ҳеҷ гоҳ барои худ шӯҳрат намеҷуст. Ҳамчунин ҳангоми хизмати Исо ва дар ҷамъомади масеҳиёни аввалин дигарон ӯро болобардор намекарданд.

 Мо аз Марям чӣ ёд мегирем. Марям зани худотарс буд ва вазифаи ҷиддиро бо омодагӣ ба ӯҳда гирифт. Ӯ навиштаҳоро хеле хуб медонист. Мувофиқи як ҳисобот, вақте Марям суханони дар Луқо 1:46–55 навишташударо гуфт, аз Навиштаҳо тахминан 20 маротиба иқтибос овард.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Марям, ба мақолаи «Мо аз Марям чӣ дарс мегирем» (рус.) нигаред.

Марям (хоҳари Марто ва Лаъзор)

   Марям кӣ буд? Ӯ мисли бародараш, Лаъзор, ва хоҳараш, Марто, дӯсти наздики Исо буд.

 Саргузашти Марям. Марям якчанд бор нишон дод, ки Писари Худо будани Исоро қадр мекунад. Ӯ боварӣ дошт, ки Исо пеши марги Лаъзорро гирифта метавонист ва шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Исо бародарашро эҳё кард. Хоҳари Марям, Марто, ӯро танқид мекунад, ки ба ҷойи ба ӯ дар корҳои хона ёрдам кардан дар назди Исо нишаста суханонашро гӯш мекунад. Лекин Исо Марямро барои он таъриф кард, ки ӯ чизҳои рӯҳониро хеле қадр мекунад (Луқо 10:38–42).

 Боре Марям ба сар ва пойҳои Исо равғани хушбӯйи қиматбаҳоро рехта саховатмандӣ зоҳир кард (Матто 27:6, 7). Шоҳидони ин воқеа Марямро ба исрофкорӣ айбдор намуданд. Исо бошад, тарафи ӯро гирифта гуфт: «Дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар [дар бораи Подшоҳии Худо] эълон карда мешавад, кори кардаи ин зан низ барои ёдоварии вай нақл карда хоҳад шуд» (Матто 24:14; 26:8–13).

 Мо аз Марям чӣ ёд мегирем? Марям имони қавӣ дошт. Ӯ ибодати Худоро аз дигар корҳо дида болотар мемонд. Марям тайёр буд, ки пули бисёрро сарф карда ҳурмату эҳтиромашро ба Исо нишон диҳад.

Марями Маҷдалия

   Марями Маҷдалия кӣ буд? Ӯ шогирди содиқи Исо буд.

 Саргузашти Марями Маҷдалия. Марями Маҷдалия дар қатори касоне буд, ки ҳамроҳи Исо ва шогирдонаш сафар мекарданд. Ӯ саховатманд буд ва аз ҳисоби худаш барои қонеъ кардани ниёзҳои онҳо ёрдам мерасонд (Луқо 8:1–3). Марям то охири хизмати Исо ӯро ҳамроҳӣ мекард ва ҳангоми ба қатл расондани Исо дар назди ӯ буд. Ба ӯ имконияти бузург дода шуд, ки аввалин шуда Исоро баъди зинда шуданаш бинад (Юҳанно 20:11–18).

 Мо аз Марями Маҷдалия чӣ ёд мегирем? Марями Маҷдалия саховатмандона хизмати Исоро дастгирӣ мекард ва шогирди содиқи Исо мемонд.

Ривқо

   Ривқо кӣ буд? Ӯ зани Исҳоқ ва модари писарони дугоник, Яъқуб ва Эсов, буд.

 Саргузашти Ривқо. Ривқо ҳатто дар вазъиятҳои душвор хости Худоро иҷро мекард. Вақте Ривқо аз чоҳ об мегирифт, марде аз ӯ як қулт об хоҳиш кард. Ривқо ба ӯ об дод ва пешниҳод кард, ки барои шутурҳояш низ об кашад (Ҳастӣ 24:15–20). Ин мард хизматгори Иброҳим буд, ки роҳи дорозеро тай карда, барои писари хӯҷаинаш, Исҳоқ, келин мекофт (Ҳастӣ 24:2–4). Ин хизматгор аз Худо роҳнамоӣ пурсида буд. Меҳнатдӯстию меҳмоннавозии Ривқоро дида, ӯ фаҳмид, ки Худо ба дуояш ҷавоб дода Ривқоро барои Исҳоқ интихоб кардааст (Ҳастӣ 24:10–14, 21, 27).

 Вақте Ривқо фаҳмид, ки хизматгори Иброҳим бо кадом мақсад омад, ӯ розӣ шуд, ки ҳамроҳаш баргашта, зани Исҳоқ шавад (Ҳастӣ 24:57–59). Сипас Ривқо писарони дугоник таваллуд кард. Худо ба ӯ ошкор кард, ки писари калониаш, Эсов, ба писари хурдиаш, Яъқуб, хизмат мекунад (Ҳастӣ 25:23). Вақте Исҳоқ ба Эсов баракати нахустзодагиро доданӣ буд, Ривқо чора андешид, ки баракатро Яъқуб соҳиб шавад, чунки медонист, ки хости Худо ҳамин аст (Ҳастӣ 27:1–17).

 Мо аз Ривқо чӣ ёд мегирем? Ривқо хоксор, меҳнатдӯст ва меҳмоннавоз буд. Ин хислатҳо ба ӯ ёрдам доданд, ки зан, модар ва хизматгори хуби Худо бошад.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Ривқо, ба мақолаи «Ӯ гуфт меравам» (рус.) нигаред.

Роҳел

   Роҳел кӣ буд? Ӯ духтари Лобон ва зани дӯстдоштаи Яъқуб-пайғамбар буд.

 Саргузашти Роҳел. Роҳел бо Яъқуб оиладор шуда ду писар таваллуд кард. Писарони ӯ дар байни касоне буданд, ки аз онҳо дувоздаҳ қабилаи Исроил пайдо шуд. Вақте Роҳел рамаи падарашро мечаронид, бо шавҳари ояндааш шинос шуд (Ҳастӣ 29:9, 10). Роҳел назар ба апааш, Леё, «хушандом ва хушрӯй буд» (Ҳастӣ 29:17).

 Яъқуб ба Роҳел ошиқ шуд. Ӯ тайёр буд, ки барои Роҳелро ба занӣ гирифтан ҳафт сол хизмати Лобонро кунад (Ҳастӣ 29:18). Лекин Лобон Яъқубро фиреб дода, аввал ба ӯ Леёро ба занӣ дод ва баъд аз ин иҷозат дод, ки Роҳелро ҳам ба занӣ гирад (Ҳастӣ 29:25–27).

 Яъқуб Роҳелу ду писарашро назар ба Леё ва фарзандонаш бештар дӯст медошт (Ҳастӣ 37:3; 44:20, 27–29). Аз ин сабаб Роҳел ва Леё барои ба даст овардани муҳаббати шавҳарашон доимо мубориза мебурданд (Ҳастӣ 29:30; 30:1, 15).

 Мо аз Роҳел чӣ ёд мегирем? Роҳел ба душвориҳои ҳаёташ тоб оварда, боварӣ дошт, ки Худо дуоҳои ӯро мешунавад (Ҳастӣ 30:22–24). Ҳаёти ӯ нишон медиҳад, ки бисёрзанӣ ба оилаҳо хушбахтӣ намеорад. Аз мисоли Роҳел дидан мумкин аст, ки меъёре, ки Худо барои издивоҷ муқаррар кард, яъне мард бояд як зан дошта бошад, аз рӯйи хирад аст (Матто 19:4–6).

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Роҳел, ба мақолаи «Ғаму ғуссаи хоҳароне, ки хонаи Исроилро бино карданд» (рус.) нигаред.

  •   Барои фаҳмидани он ки чаро Худо дар Исроили қадим ба бисёрзанӣ роҳ медод, ба мақолаи «Худо ба бисёрзанӣ чӣ гуна назар дорад?» (рус.) нигаред.

Роҳоб

   Роҳоб кӣ буд? Ӯ фоҳишае буд, ки дар шаҳри Ериҳӯи Канъон зиндагӣ мекард. Баъдтар Роҳоб хизматгори Яҳува Худо шуд.

 Саргузашти Роҳоб. Роҳоб ду исроилиеро, ки барои ҷосусӣ кардани заминашон омада буданд, пинҳон кард, зеро ӯ шунида буд, ки чӣ тавр Худои Исроил, Яҳува, халқашро аз Миср озод кард ва баъдтар онҳоро аз ҳамлаи амӯриён ҳимоя намуд.

 Ӯ ба ҷосусон ёрдам дод ва аз онҳо илтиҷо кард, ки ҳангоми нест кардани шаҳри Ериҳӯ ӯ ва оилаашро наҷот диҳанд. Ҷосусон ба шарте розӣ шуданд, ки агар Роҳоб дар бораашон ба ҳеҷ кас гап назанад, дар вақти ҳамлаи исроилиён ҳамроҳи хонаводааш дар ҳамин хона монад ва барои муайян кардани хонааш аз тиреза банди сурхро кашол кунад. Роҳоб як ба як гуфтаҳояшонро ба ҷо овард ва, вақте исроилиён Ериҳӯро забт карданд, ӯ ва аҳли оилааш наҷот ёфтанд.

 Баъдтар Роҳоб бо марди исроилӣ хонадор шуд ва аз насли ӯ ҳам шоҳ Довуд ва ҳам Исои Масеҳ ба дунё омаданд (Еҳушаъ ибни Нун 2:1–24; 6:25; Матто 1:5, 6, 16).

 Мо аз Роҳоб чӣ ёд мегирем? Китоби Муқаддас ба Роҳоб чун ба намунаи шахси имондор ишора мекунад (Ибриён 11:30, 31; Яъқуб 2:25). Мисоли ӯ нишон медиҳад, ки Худо ба ҳама бо як чашм менигарад, бахшанда аст ва касонеро, ки ба ӯ такя мекунанд, новобаста ба ҳаёти пештараашон баракат медиҳад.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Роҳоб, ба мақолаи «Ӯ “дар асоси корҳояш” росткор эълон карда шуд» (рус.) нигаред.

Рут

   Рут кӣ буд? Рут зани мӯобие буд, ки ватанашро тарк кард, аз худоёнаш рӯ гардонд ва ба замини Исроил рафта, хизматгори Худои ҳақиқӣ, Яҳува, шуд.

 Саргузашти Рут. Ӯ хушдоманаш, Ноомиро беҳад дӯст медошт. Ноомӣ ҳамроҳи шавҳар ва ду писараш ба замини Мӯоб кӯчида буданд, зеро дар Исроил гушнагӣ буд. Дар он ҷо писаронаш бо занони мӯобӣ Рут ва Орфо оиладор шуданд. Бо гузашти вақт шавҳари Ноомӣ ва ду писараш вафот карданд. Дар натиҷа ҳар сеи онҳо бевазан шуданд.

 Ноомӣ қарор кард, ки ба Исроил бармегардад, зеро дар он ҷо хушксолӣ тамом шуд. Рут ва Орфо ҳамроҳаш рафтанӣ шуданд, лекин Ноомӣ ба онҳо гуфт, ки ба назди хешу таборашон баргарданд. Орфо ҳамин тавр кард (Рут 1:1–6, 15). Аммо Рут хушдоманашро танҳо намонд. Ӯ Ноомиро дӯст медошт ва мехост Худои Ноомӣ — Яҳуваро парастиш кунад (Рут 1:16, 17; 2:11).

 Бо вафодориву меҳнатдӯстиаш Рут дар зодгоҳи Ноомӣ, Байт-Лаҳм, номи нек пайдо кард. Бӯаз ном марди бое, ки соҳиби замин буд, аз рафтори Рут қоил шуд ва саховатмандона ба ӯ ва Ноомӣ хӯрокворӣ дод (Рут 2:5–7, 20). Каме баъдтар Рут зани Бӯаз шуд ва аз насли ӯ ҳам шоҳ Довуд ва ҳам Исои Масеҳ ба дунё омаданд (Матто 1:5, 6, 16).

 Мо аз Рут чӣ ёд мегирем? Азбаски Рут Ноомӣ ва Яҳуваро дӯст медошт, ӯ бо омодагӣ ҳаёташро пурра дигар кард. Нигоҳ накарда ба вазъиятҳои душвор ӯ меҳнатдӯст ва содиқу вафодор буд.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Рут, ба мақолаи «Ҳар ҷое, ки ту биравӣ хоҳам рафт» (рус.) ва «Зани бо ору номус» (рус.) нигаред.

  Соро

 Соро кӣ буд? Ӯ зани Иброҳим ва модари Исҳоқ буд.

 Саргузашти Соро. Соро аз шаҳри тараққикардаи Ур, ки дар он ҷо онҳо ҳаёти бароҳат доштанд, баромад. Ҳамин тавр ӯ ба ваъдаҳое, ки Худо ба шавҳараш, Иброҳим, дода буд, имони қавӣ нишон дод. Худо ба Иброҳим дастур дод, ки аз шаҳри Ур баромада, ба замини Канъон равад ва ваъда дод, ки аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меорад (Ҳастӣ 12:1–5). Дар он замон Соро, эҳтимол, аз шастсола боло буд. Ва аз он вақт сар карда, Соро ва шавҳараш кӯчманчӣ шуда, дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд.

 Ҳарчанд ҳаёти кӯчманчиён хатарнок буд, ӯ шавҳарашро, ки ба роҳнамоии Худо итоат мекард, дастгирӣ менамуд (Ҳастӣ 12:10, 15). Солҳои зиёд Соро фарзанд таваллуд карда наметавонист ва аз ин хеле зиқ мешуд. Бо вуҷуди ин Худо ваъда дод, ки насли Иброҳимро баракат медиҳад (Ҳастӣ 12:7; 13:15; 15:18; 16:1, 2, 15). Бо гузашти вақт Худо ошкор кард, ки Соро ба Иброҳим фарзанд таваллуд мекунад. Синну соли Соро аз синни таваллудкунӣ гузашта бошад ҳам, ӯ писардор шуд. Дар он вақт Соро 90-сола ва шавҳараш 100-сола буд (Ҳастӣ 17:17; 21:2–5). Онҳо номи писарашонро Исҳоқ монданд.

 Мо аз Соро чӣ ёд мегирем? Аз мисоли Соро мо фаҳмидем, ки Худо ҳамаи ваъдаҳояшро, ҳатто ба назар ғайриимкон тобанд ҳам, иҷро мекунад (Ибриён 11:11). Намунаи ӯ нишон медиҳад, ки дар издивоҷ ҳурмату эҳтиром хеле муҳим аст (1 Петрус 3:5, 6).

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Соро, ба мақолаи «Ту зани хушрӯй ҳастӣ» (рус.) ва «Худо ӯро шоҳзода номид» (рус.) нигаред.

Ҳавво

   Ҳавво кӣ буд? Ӯ аввалин зан буд. Ҳавво ҳамчунин аввалин занест, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудааст.

 Саргузашти Ҳавво. Ҳавво ба амри Худо гӯш надод. Ӯ мисли шавҳараш, Одам, инсони комил офарида шуда, иродаи озод дошт ва метавонист хислатҳои илоҳиро ба мисли муҳаббат ва хирад зоҳир намояд (Ҳастӣ 1:27). Ҳавво суханони ба Одам гуфтаи Худоро медонист, ки агар аз меваи дарахти муайян хӯранд, онҳо мемуранд. Лекин Шайтон ӯро фиреб дода гуфт, ки онҳо намемиранд. Ҳавво фиреб хӯрда фикр кард, ки агар ба Худо итоат накунанд, ҳаёташон беҳтар мешавад. Барои ҳамин ӯ меваро хӯрд ва шавҳарашро низ барангехт, ки онро бихӯрад (Ҳастӣ 3:1–6; 1 Тимотиюс 2:14).

 Мо аз Ҳавво чӣ ёд мегирем? Мисоли Ҳавво барои мо огоҳӣ мебошад ва нишон медиҳад, ки дар бораи хоҳишҳои нодуруст фикр кардан то чӣ андоза хатарнок аст. Ҳавво ба амри Худо зид баромада чизеро ба даст овардан хост, ки ба ӯ тааллуқ надошт (Ҳастӣ 3:6; 1 Юҳанно 2:16).

Ҳанно

 Ҳанно кӣ буд? Ӯ зани Элқоно ва модари Самуил буд, ки дар Исроили қадим пайғамбари бузург гашт (1 Подшоҳон 1:1, 2, 4–7).

 Саргузашти Ҳанно. Вақте Ҳанно бефарзанд буд, ба Худо муроҷиат карда, тасаллӣ пурсид. Шавҳари Ҳанно ду зан дошт. Зани дуюми ӯ, ки Фанинно ном дошт, фарзанддор буд, лекин Ҳанно бошад, баъди солҳои дарози оиладорӣ бефарзанд буд. Фанинно бераҳмона ба ҳоли ӯ механдид, лекин Ҳанно ба Худо дуо гуфта, дарди дил мекард. Ӯ ба Худо ваъда дод, ки агар писардор шавад, ӯро ба хизмати хаймаи муқаддас медиҳад. Хаймаи муқаддас ин хаймае буд, ки дар Исроил барои ибодати Худо истифода мебурданд (1 Подшоҳон 1:11).

   Худо дуои Ҳанноро шунид ва ӯ писардор шуда номашро Самуил монд. Ҳанно ба ваъдааш вафо кард ва Самуили хурдакакро ба хизмати хаймаи муқаддас дод (1 Подшоҳон 1:27, 28). Сол аз сол Ҳанно ба писараш ҷомаи беостин дӯхта мебурд. Бо гузашти вақт Худо Ҳанноро баракат дод ва ӯ соҳиби панҷ фарзанд шуд, се писару ду духтар (1 Подшоҳон 2:18–21).

 Мо аз Ҳанно чӣ ёд мегирем? Дуоҳои самимии Ҳанно ба ӯ ёрдам доданд, ки душвориҳои ҳаёташро паси сар кунад. Дуои миннатдории ӯ, ки дар 1 Подшоҳон 2:1–10 навишта шудааст, нишон медиҳад, ки Ҳанно ба Худо имони қавӣ дошт.

  •   Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Ҳанно, ба мақолаи «Ӯ дилашро дар дуо холӣ кард» (рус.) нигаред.

  •   Барои фаҳмидани он ки чаро Худо дар Исроили қадим ба бисёрзанӣ роҳ медод, ба мақолаи «Худо ба бисёрзанӣ чӣ гуна назар дорад» (рус.) нигаред.

  Эстер

 Эстер кӣ буд? Ӯ яҳудизане буд, ки шоҳи Форс, Артаҳшасто, малика интихоб кард.

 Саргузашти Эстер. Малика Эстер аз қудрати худ истифода бурд ва пеши роҳи нестшавии халқашро гирифт. Ӯ дар бораи он хабардор шуд, ки бо фармони шоҳ дар як рӯзи аниқ тамоми яҳудиёне, ки дар империяи Форс зиндагӣ мекунанд, бояд кушта шаванд. Ин нақшаи бади Ҳомони сарвазир буд (Эстер 3:13–15; 4:1, 5). Бо дастгирии амакбачааш, Мордахай, Эстер ҳаёташро зери хатар монда, дар бораи ин нақшаи бади Ҳомон ба шавҳараш, шоҳ Артаҳшасто, хабар дод (Эстер 4:10–16; 7:1–10). Шоҳ Артаҳшасто инро фаҳмида ба Эстер ва Мордахай иҷозат дод, ки фармони нав бароранд. Ин фармон ба яҳудиён имконият медод, ки худро ҳимоя кунанд. Ҳамин тавр яҳудиён бар тамоми душманонашон дастболо шуданд (Эстер 8:5–11; 9:16, 17).

 Мо аз Эстер чӣ ёд мегирем? Малика Эстер далерӣ, хоксорӣ ва фурӯтанӣ нишон дода ба мо намунаи ибрат гузошт (Забур 31:24; Филиппиён 2:3). Ба зебогӣ ва мавқеи баландаш нигоҳ накарда, Эстер аз дигарон маслиҳат ва кӯмак мепурсид. Ӯ бо шавҳараш далерона ва боэҳтиромона гап зад. Ғайр аз ин, вақте ки хатари бузург ба яҳудиён таҳдид мекард, ӯ далерона гуфт, ки яҳудизан аст.

  •   Барои гирифтан маълумоти бештар дар бораи Эстер, ба мақолаи «Ӯ халқи Худоро ҳимоя кард» ва «Ӯ бохирадона, далерона ва фидокорона амал кард» (рус.) нигаред.

 Давраи зисти заноне, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд

  1.  Ҳавво

  2. Тӯфон (2370 ТО МИЛОД)

  3.  Соро

  4.  Зани Лут

  5.  Ривқо

  6.  Леё

  7.  Роҳел

  8. Баромадан аз Миср (1513 ТО МИЛОД)

  9.  Марям (апаи Мӯсо)

  10.  Роҳоб

  11.  Рут

  12.  Дебӯро

  13.  Ёил

  14.  Далило

  15.  Ҳанно

  16. Аввалин подшоҳи Исроил (1117 ТО МИЛОД)

  17.  Абиҷайл

  18.  Духтари шулемӣ

  19.  Изобал

  20.  Эстер

  21.  Марям (модари Исо)

  22. Таъмиди Исо (29 МИЛОДӢ)

  23.  Марто

  24.  Марям (хоҳари Марто ва Лаъзор)

  25.  Марями Маҷдалия

  26. Марги Исо (33 МИЛОДӢ)