Аз ҳаёт безор шудам. Оё Китоби Муқаддас барои аз фикри худкушӣ халос шудан кӯмак мерасонад?
Ҷавоби Китоби Муқаддас
Албатта! Китоби Муқаддас каломи Худо мебошад, ки «дилшикастагонро тасаллӣ медиҳад» (2 Қӯринтиён 7:6). Ҳарчанд ин китоб дар бораи саломатии равонӣ нест, он ба бисёриҳо кӯмак кард, ки фикри худкуширо аз сар дур намоянд. Маслиҳатҳои амалие, ки дар ин китоб оварда шудаанд, ба шумо ҳам кӯмак расонда метавонанд.
Дар Китоби Муқаддас кадом маслиҳатҳо оварда шудаанд?
● Дар бораи ҳиссиёти худ ба дигарон нақл кунед.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад» (Масалҳо 17:17).
Ин чӣ маъно дорад: Вақте аз сабаби сахтиҳои зиндагӣ фикрҳои бад пайдо мешаванд, мо ба кӯмаки дигарон мӯҳтоҷ мегардем.
Агар ғуссаи худро дар дил гирифта гардед, бори ғам шуморо зер карда метавонад. Аммо агар ҳиссиёти худро ба ягон кас нақл кунед, худро сабуктар ҳис карда, ба душвориҳои худ аз дигар тараф нигоҳ мекунед.
Маслиҳат: Худи ҳамин рӯз бо ягон кас, узви оила ё дӯсти боваринок, сӯҳбат кунед a. Шумо ҳамчунин метавонед ҳиссиёти худро навишта сабукӣ ҳис кунед.
● Ба духтур муроҷиат кунед.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «На солимон ба духтур мӯҳтоҷанд, балки беморон» (Матто 9:12).
Ин чӣ маъно дорад: Агар бемор бошем, ба мо ёрии тиббӣ лозим аст.
Фикри худкушӣ дар натиҷаи суст шудани асаб ё касалиҳои рӯҳӣ пайдо шуда метавонад. Мисли дигар касалиҳо набояд аз ин касалӣ низ шарм дорем. Бемориҳои асаб ва равониро табобат кардан мумкин аст.
Маслиҳат: Ҳар чӣ тезтар ба духтури ботаҷриба муроҷиат кунед.
● Дар ёд доред, ки Худо ғами шуморо мехӯрад.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Магар панҷ гунҷишкро ба ду тин намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин ягонтои онҳо аз назари Худо пинҳон нест... Натарсед: шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред» (Луқо 12:6, 7).
Ин чӣ маъно дорад: Худо шуморо хеле қадр мекунад.
Шояд шумо худро танҳо ҳис кунед, аммо Худо аз ҳолатон хабардор аст. Шумо аз ҳаёт сер шуда бошед ҳам, Ӯ дар ҳақатон ғамхорӣ мекунад. Дар Забур 51:17 гуфта шудааст: «Дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид». Худо шуморо дӯст медорад, барои ҳамин мехоҳад, ки зиндагӣ кунед.
Маслиҳат: Аз Китоби Муқаддас оятҳоеро ёбед, ки шуморо аз муҳаббати Худо дилпур мекунад. Масалан, ба мақолаи «Яҳува ба шумо ғамхорӣ мекунад», аз «Бурҷи дидбонӣ»-и моҳи июни соли 2016, саҳ. 3–5 ва ба боби 24-уми китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.) нигаред.
● Ба Худо дуо гӯед.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7).
Ин чӣ маъно дорад: Худо мехоҳад, ки шумо тамоми ҳиссиёту ташвишҳоятонро ба Ӯ нақл кунед.
Ӯ ба шумо дили ором ва қувват дода метавонад, то муборизаро давом диҳед (Филиппиён 4:6, 7, 13). Ҳамин тавр одамонеро, ки аз таҳти дил ба Ӯ дуо мегӯянд, дастгирӣ мекунад (Забур 55:22).
Маслиҳат: Худи ҳамин рӯз ба Худо дуо гӯед. Ба Худо бо номаш, Яҳува, муроҷиат кунед ва дилатонро холӣ намоед (Ваҳй 4:11). Аз Ӯ қувват пурсед, то ки тоб оред.
● Дар бораи умеде, ки Китоби Муқаддас медиҳад, мулоҳиза ронед.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Ин умед барои ҷонҳои мо чун лангари боваринок ва мустаҳкам» мебошад (Ибриён 6:19).
Ин чӣ маъно дорад: Вақте ҳиссиётатон тез-тез дигар мешавад, шумо худро дар киштӣ, дар давоми тӯфон, ҳис карда метавонед. Аммо умеде, ки Китоби Муқаддас медиҳад, ба шумо чун лангар кӯмак мерасонад, ки ҳиссиёти худро идора кунед.
Ин умед хаёли хушку холӣ нест, зеро он дар асоси ваъдаи Худо мебошад, ки тамоми дарду азобро нест мекунад (Ваҳй 21:4).
Маслиҳат: Аз дарси панҷуми брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» дар бораи умеде, ки Китоби Муқаддас медиҳад, маълумоти бештар гиред.
● Бо корҳое, ки ба шумо хурсандӣ мебахшанд, машғул шавед.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Дили шод саломатӣ мебахшад» (Масалҳо 17:22).
Ин чӣ маъно дорад: Вақте бо ягон кори хурсандиовар машғул мешавед, асабатон оромтар мешавад ва худро беҳтар ҳис мекунед.
Маслиҳат: Кореро кунед, ки одатан ба шумо хурсандӣ мебахшад. Масалан, мусиқиеро гӯш кунед, ки табъи шуморо хуш мекунад, чизеро хонед, ки шуморо рӯҳбаланд месозад ё бо ягон кори шавқовар машғул шавед. Ҳамчунин дар корҳои хурд ба дигарон ёрдам дода шумо хурсандии зиёд ба даст меоред (Аъмол 20:35).
● Дар бораи саломатиатон ғамхорӣ кунед.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Машқи ҷисмонӣ... фоида дорад» (1 Тимотиюс 4:8).
Ин чӣ маъно дорад: Агар мо бо варзиш машғул шавем, нағз хоб равем ва чизҳои фоиданок хӯрем, саломатиамон беҳтар мешавад.
Маслиҳат: Ҳаракат кунед, ки ақаллан 15 дақиқа тез-тез роҳ гардед.
● Фаромӯш накунед, ки ҳиссиёту вазъияти ҳаётатон дигар мешавад.
Дар Китоби Муқаддас чӣ навишта шудааст: «Намедонед, ки фардо бо шумо чӣ мешавад» (Яъқуб 4:14).
Ин чӣ маъно дорад: Душворие, ки ҳаётатонро талх месозад, ҳатто он ҳалнашаванда тобад ҳам, муваққатӣ буда метавонад.
Шояд имрӯз вазъияти шумо бедаво тобад, лекин пагоҳ ҳама чиз дигар шуданаш мумкин аст. Пас, рӯҳафтода нашавед, муборизаро давом диҳед (2 Қӯринтиён 4:8). Эҳтимоли зиёд аст, ки мушкилии шумо бо гузашти вақт ҳал мешавад, аммо агар ба худкушӣ даст занед, вақтро ба қафо гардонда намешавад.
Маслиҳат: Аз Китоби Муқаддас дар бораи одамоне хонед, ки аз сабаби душвориҳояшон ҳамин қадар рӯҳафтода шуданд, ки мурдан мехостанд ва аҳамият диҳед, ки ҳаёташон чунон дигар шуд, ки он ҳатто дар гӯшаи хаёлашон набуд. Биёед баъзе мисолҳоро дида бароем.
Оё дар Китоби Муқаддас дар бораи одамоне, ки аз ҳаёт сер шудаанд, чизе гуфта шудааст?
Бале, дар Каломи Худо мисоли касоне, ки мурдан мехостанд, оварда шудааст. Худо онҳоро сарзаниш накард, балки ба онҳо кӯмак расонд ва Ӯ ба шумо ҳам ёрдам медиҳад.
Илёс
● Илёс кӣ буд? Ӯ пайғамбари далер буд, аммо ӯ аз рӯҳафтодагӣ эмин набуд. Дар Яъқуб 5:17 навишта шудааст, ки «Илёс низ мисли мо инсони одӣ буд».
● Чаро ӯ мурдан мехост? Боре Илёс худро танҳо ҳис намуд, ба тарс дода шуд ва фикр кард, ки аз ӯ ягон фоида нест. Барои ҳамин ӯ аз Яҳува илтиҷо кард: «Ҷони маро бигир» (3 Подшоҳон 19:4).
● Ба ӯ чӣ ёрдам дод? Илёс дилашро ба Худо холӣ кард. Чӣ тавр Худо ӯро рӯҳбаланд сохт? Худо ба ӯ ғамхорӣ кард ва қудраташро нишон дод. Ҳамчунин Яҳува Илёсро дилпур кард, ки ҳоло ҳам хизмати ӯро қадр мекунад ва ба ӯ ёрдамчии меҳрубону қобил дод.
▸ Дар бораи Илёс бештар фаҳмед: (3 Подшоҳон 19:2–18).
Айюб
● Айюб кӣ буд? Ӯ марди бой буда оилаи калон дошт ва Худоро содиқона ибодат мекард.
● Чаро ӯ мурдан мехост? Яку якбора ба сари Айюб балоҳои зиёд омад. Ӯ тамоми молу мулкашро аз даст дод, ҳама фарзандонаш ҳалок шуданд, худаш бошад, гирифтори бемории пуразоб гардид. Илова бар ҳамаи ин, ӯро бераҳмона айбдор карданд, ки ба ҳамаи ин балоҳо худаш сабабгор аст. Дар натиҷа Айюб гуфт: «Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард» (Айюб 7:16).
● Ба ӯ чӣ ёрдам дод? Айюб ба Худо дуо гуфт ва ба дигарон дарди дил мекард (Айюб 10:1–3). Дӯсти дилсӯзаш, Элиҳӯ, ӯро рӯҳбаланд кард ва ёрдам дод, ки ба вазъият аз дигар тараф нигоҳ кунад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Айюб маслиҳату кӯмаки Худоро қабул кард.
▸ Дар бораи Айюб бештар фаҳмед: (Айюб 1:1–3, 13–22; 2:7; 3:1–13; 36:1–7; 38:1–3; 42:1, 2, 10–13).
Мӯсо
● Мӯсо кӣ буд? Мӯсо пешвои халқи Исроил ва пайғамбари содиқ буд.
● Чаро ӯ мурдан мехост? Мӯсо кори бисёре дошт, дигарон ӯро танқид мекарданд ва ӯ аз ҳол рафта, ба Худо зора зад: «Беҳтар аст, ки маро бикушӣ» (Ададҳо 11:11, 15).
● Ба ӯ чӣ ёрдам дод? Мӯсо ҳиссиёташро ба Худо як ба як нақл кард. Худо ба ӯ ёрдам дод, то корашро сабуктар карда, ташвишҳояшро камтар гардонад.
▸ Дар бораи Мӯсо бештар фаҳмед: (Ададҳо 11:4–6, 10–17).
a Агар пай баред, ки аз фикри худкушӣ халос шуда наметавонед ва касе нест, ки ба ӯ дарди дил кунед, шумо метавонед ба телефони боварӣ занг занед.