16 МАЙИ 2023
ТОҶИКИСТОН
Шамил Ҳакимови 72-сола аз маҳбаси Тоҷикистон озод шуд
Шонздаҳуми майи соли 2023, Шамил Ҳакимов дар Тоҷикистон аз маҳбас озод шуд. Ӯ барои имонаш зиёда аз чор сол дар маҳбас буд ва акнун хонааш баргашт.
Соли 2019, пеш аз дастгир шуданаш, бародар Шамил аз фишори баланди хун, бемории дил ва дигар душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд азоб мекашид. Ҳарчанд Шамил бемор буд, дар маҳбас ба ӯ табобати лозима расонида намешуд. Дар натиҷа саломатии ӯ бадтар шуду пой ва панҷаю кафи пояш қаросон (гангрена) шуданд.
Новобаста ба ҳаёти душвори маҳбас ва дарду азобаш Шамил дар бораи баъзе оятҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронда рӯҳияи мусбатро нигоҳ медошт.
Дар дуоҳои худ ӯ доимо суханони Забур 141:8-ро зикр мекард: «Чашмони ман сӯйи ту нигаронанд, эй Яҳува, Парвардигор. Ба ту паноҳ мебарам». Ғайр аз ин, ӯ ояти Ишаъё 49:13, 16-ро хонда тасаллӣ меёфт. Дар он ҷо гуфта шудааст, ки номи азобдидагон гӯё дар кафи дастони Яҳува нақш ёфтаанд. Ин суханон Шамилро дилпур карданд, ки ӯ дар маҳбас бошад ҳам, Яҳува ӯро фаромӯш намесозад.
Шамил аз Каломи Яҳува тасаллӣ гирифта тавонист, ки хурсандиашро нигоҳ дорад ва ҳатто дигаронро рӯҳбаланд созад. Бародаре, ки мунтазам бо Шамил ҳангоми дар маҳбас буданаш дар тамос буд, чунин мегӯяд: «Якум бор вақте ба Шамил занг задам, интизор будам, ки ҳозир овози шахси рӯҳафтодаю зиқро мешунавам. Лекин ин хел нашуд. Баръакс вай иродаи қавӣ дошт ва дар ҳама ҳолат рӯҳияи мусбатро нигоҳ медошту доим моро рӯҳбаланд мекард».
Дар китоби Нолаҳо 3:25 гуфта шудааст: «Яҳува ба касе, ки ба ӯ умед мебандад ва ӯро ҷустуҷӯ мекунад, некуст». Мо дуо мегӯем, ки Яҳува минбаъд низ ба Шамил ва дигар бародару хоҳарони Тоҷикистон, ки бо хурсандӣ истодагӣ мекунанд, неку бошад.