Гузаштан ба маводи асосӣ

Бародару хоҳарон ҳангоми бомбаборон дар паноҳгоҳ мебошанд (Харков, Украина)

3 МАРТИ 2022
УКРАИНА

Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

Муҳаббати бародарона дар вақти тангӣ. Украина

24-уми феврали соли 2022 неруҳои Русия ба Украина ҳамла кард. Дар Украина зиёда аз 129 000 Шоҳиди Яҳува ҳамроҳи фарзандонашон зиндагӣ мекунанд. Барои ба ҳамимонон кумаки саривақтӣ расонидан Кумитаи филиал 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагонро ташкил дод. Дар ин вақти тангӣ ҳам бародару хоҳарони Украина зоҳир намудани муҳаббатро давом медиҳанд. Онҳо якдигарро тасаллӣ дода дастгирӣ менамоянд ва ба ҳамсоягони худ низ дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Бисёр бародарону хоҳарон дар Украина монданд. Аммо баъзеашон қарор карданд, ки ба дигар давлат гурезанд. Барои аз сарҳад гузаштан ба гурезагон лозим меояд, ки дар навбати дурудароз (дарозиаш 30 километр) истанд ва се-чор рӯз интизор шаванд. Воизоне, ки дар наздикиҳои сарҳад зиндагӣ мекунанд, дар ин навбатҳо ҳамимонони худро мекобанд, то онҳоро бо обу хӯрок ва дигар чизҳои лозима таъмин кунанд. Дар тарафи дигари сарҳад бошад, онҳоро дигар Шоҳидони Яҳува бо навиштаҷоти jw.org пешвоз мегиранд. Онҳо тайёранд, ки бародару хоҳаронро тасаллӣ дода кумаки амалӣ расонанд.

Хоҳарони мо дар Полша (аз тарафи чап) ва Словакия (аз тарафи рост) гурезагони Украинаро пешвоз мегиранд

Маълумот дар бораи бародару хоҳарон

  • Бародари ношунаво Пётр Мозул, хизматгузори ҷамоат. Ӯ дар вақти бомбаборон шудани Харков вафот кард

    Сад афсӯс ки, 1-уми марти соли 2022 ҳангоми бомбаборон шудани Харков, як бародари мо, ки ношунаво буд, вафот кард ва занаш осеби ҷиддӣ дид.

  • 3 хоҳари дигар низ осеб диданд.

  • Зиёда аз 5000 воиз хонаву дари худро тарк карданд.

  • 2 хона вайрон карда шуд.

  • 3 хона зарари калон дид.

  • 35 хона каме зарар дид.

  • 2 ибодатгоҳ вайрон карда шуд.

  • Бисёр воизон аз сабаби вақт аз вақт набудани барқ, гармӣ ва об азоб мекашанд. Баъзан алоқаи телефонӣ кор намекунад.

Кумак ба осебдидагон

  • Дар Украина 27 кумитаи ёрӣ ба осебдидагон ташкил дода шуд.

  • Ин Кумитаҳо 867 воизро дар минтақаҳои бехатар ҷойгир намуданд.

  • Кумитаҳои ёрӣ ба осебдидагон бародару хоҳаронро бо чизҳои зарурӣ, аз ҷумла хӯрок ва оби нӯшокӣ таъмин менамоянд.

Маълумоти дар боло овардашуда ҳисоботи аввал мебошад.

Мо дуо мегӯем, ки дар ин вақтҳои ноором Яҳува ба бародару хоҳарони азизамон фаҳму хирад диҳад. Донистани он ки онҳо зоҳир намудани муҳаббати бародаронаро давом медиҳанд, моро хурсанд мекунад (Панднома 9:10; 1 Таслӯникиён 4:9).